2. ЗАМИНАҲОИ ТАШАККУЛЁБИИ ҲИЗБ

2. ЗАМИНАҲОИ ТАШАККУЛЁБИИ ҲИЗБ

Асосҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизб, ҳадафҳо ва вазифаҳои он ҳанӯз дар ибтидои соли 1993 муайян гардида буданд. Як гурӯҳ шахсони ҳамақида, одамони касбу кори гуногун - аз кормандони Дастгоҳи Роҳбари давлат то олимону муаллимон, адибону рӯзноманигорон,деҳқонону коргарон бо мақсади ба вуҷуд овардани пояҳои идеологии ҳизби нав ва барои тарғибу ташвиқи ғояҳои он дар байни мардум фаъолият мебурданд. Агар аз дидгоҳи имрӯз ба равандҳои он замон нигарем, равшан мебинем, ки дар он рӯзҳои вазнин тарғиб намудани ғояҳои ҳизби нави сиёсӣ кори осон набуд. Мардум баъди ҳодисаҳои фоҷиабори ибтидои солҳои 90-ум, вақте ки баъзе ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои мардумӣ зери ниқоби муборизаи сиёсӣ даст ба экстремизм заданд ва қариб буд, ки миллатро ба вартаи ҳалокат ва мамлакатро ба порашавӣ оварда расонанд, дигар ба ҳизбҳои тозабунёд бовар надоштанд.

Мо дар чунин шароити таърихӣ по ба арсаи ҳастӣ гузоштем. Вазифаи мо хеле душвор буд - мехостем бовариро ба неруҳои сиёсӣ бозгардонем, мехостем халқ эътимод кунад, ки на ҳамаи онҳое, ки ҳизб месозанд, ба сиёсатбозӣ машгуланд. Ҳақиқат дар чӣ буд?

Аввал, охири солҳои 80-ум ва ибтидои 90-ум ҳизбҳое арзи ҳастӣ намуданд, ки соҳиби ҳокимият шудан мехостанд. Аммо ҳизби моро ашхосе таъсис доданд, ки аллакай ҳокимият доштанд. Онҳо мехостанд ба давлатдорӣ, ба ҳамкории сиёсӣ ҳазорҳо нафар одамони ҳаммаслакашонро ҷалб кунанд, ки дар сояи мансабталошиҳо аз назар дур монда буданд. Ҳизби мо чун роҳнамои демократия ба вуҷуд омад.

Дуюм, мо ҳамчун ҳомии манфиати мардуми Тоҷикистон арзи ҳастӣ кардем. На манфиати қишри алоҳидаи ҷомеа, гурӯҳи ҷудогонаи одамон, балки тамоми халқро таҳти ҳимояи худ эълон кардем. Ва ин орзуи тамоми мардум буд. Номи ҳизби мо ҳам аз ҳамин усули фаъолият бармеояд. Сеюм, мо ба муқобили дини мубини ислом ҷанг накардем, балки эҳтироми имон ва озодии виҷдонро эътироф намудем. Гузашта аз ин, мо бо ҳизбҳои дигар, намояндагони муассисаҳои динӣ дар як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла дар покии ахлоқи ҷомеа ва дар мубориза алайҳи мафкураи ба халқи мо бегонаи ахлоқию этникӣ ҳамкорӣ мекунем. Маҳз ин ва дигар ғояҳои воқеан миллии халқи мо дар барномаи амали ҳизбамон инъикос ёфт ва ба шарофати онҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар умқи ҷомеа реша давонд.

Аз ин сабаб, бо мушкилиҳои зиёд бошад ҳам, ба мо муяссар гардид, ки мақсад ва ҳадафҳои худро ба мардум фаҳмонем ва бо мурури замон боварии халқро ба даст биёрем. Ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар як муддати нисбатан кӯтоҳ муяссар гардид, ки дар назди тақдири давлати соҳибихтиёри тоҷикон масъулияти комилро ба уҳда шрифта, дар ҳамин мақом аз тарафи аҳли ҷомеа шинохта ва пазируфта шавад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи сарнавиштсоз ба фаъолият шуруъ намуда, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои устувориву пойдории сулҳ ва ободии Ватан кӯшиш ба харҷ дода, ҳадафи асосиаш низ ваҳдату ягонагӣ, таъмини ояндаи неки кишвар аст. Имрӯз аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ғояи умумӣ ва вазифаҳои бузурге, ки ҳалли онҳо танҳо ба манфиати ҷомеа аст, муттаҳид менамоянд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷавонтарин ҳизбҳои сиёсии кишварамон буда, метавон онро зодаи даврони истиқлол номид. Ҳадафи ташкили ин ҳизб, ки дар он неруҳои ақлонии кишвар ба ҳам омаданд, бо роҳи мусолиҳа ва гуфтушунид ҳал кардани масоили сиёсӣ буд. Маҳз ин таҷрибаи аъзои ҳизби мо метавонад худ як омили сулху субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар бошад. Дар ҳамон давра зиёиёни кишварамон дарк намуданд, ки Тоҷикистон дигар бо сохти тоталитарӣ ва маҳдуд намудани озодиҳои инсон, матбуот ва баёни сухан наметавонад дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи сазовор ёбад. Дар Оиннома, Барнома ва доктринаи ҳизб фикрҳои наву сара зиёд буданд. Дар пушти аввалин баргаи (билети) аъзогии ҳизб, ки дар як коғази сафед танзим шуда буд, аз Оинномаи ҳизб чунин порае сабт гардида буд: «Ҳизби мо ҳизби сиёсии навъи парлумонӣ буда, барои пиёда кардани ислоҳоти амиқи қонунӣ-демократӣ, бо мақсади ба вуҷуд овардани шароит барои сулҳи устувор дар ҷомеа ва иқтисоди муназзам ва самти иҷтимоидошта мубориза мебарад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фаъолияти худ ба одамони касбӣ, босалоҳият ва кордон такя мекунад, ки василаи муҳими ба даст овардани ин мақсад мебошад». Баъди анҷуманҳои I ва II ҳизб вақти қобили мулоҳизае гузашта бошад ҳам, кори ҳизбӣ ҷон намегирифт. Интихобот наздик меомад ва мувофиқи қонуни нави Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсй» номзадҳоро бояд ҳизбҳо ва баъзе аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ пешниҳод ва дастгирӣ мекарданд. Дар ин давра ҳанӯз наметавонистем ҳизбро пурқувват гӯем, зеро заминаӣ иҷтимоии он ҳанӯз қавӣ набуд. Ин ҳолат то соли 1997 давом кард. Ман ба хулосае омадам, ки аз чунин ҳизби камтаъсир барои сиёсати давлат он қадар фоидае нест, бинобар ин, дар вазифаҳои пурмасъулият бояд кадрҳои соҳибобрӯ ва бомаҳоратро пешбарӣ мекардем. Бо ҳамин мақсад масъулини ҳизбии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказй, комиҷроияҳои вилоятҳо ва шаҳри Душанберо аз ҳисоби кадрҳои варзида тақвият бахшидем. Дар дохили ҳизби мо на танҳо ихтилоф набуд, балки мухолифини пешин дар сафҳои мо ба ҳам дӯсту бародар шуданд. Рақибони сиёсӣ ба ҳам муттаҳид гашта, чун ҳамақидаҳо фаъолият мебаранд. Онҳо ҳизбро мустаҳкам ва бо неруи қавии он сулҳу суботу оромии кишварро ҳифз мекунанд. Агар дар тамоми кишвар чунин як модели ҳамдигарфаҳмӣ ва рафтори ҳамида ҷорӣ шавад, ин муҳимтарин дастоварди фарҳангии мо дар асри XXI хоҳад буд. Ин мушкилоти бисёре аз кишварҳо мебошад, ки чун мо ба ин гуна мухолифатҳо мувоҷеҳанд.

Дар Анҷумани IV ҲХДТ, ки 18 апрели соли 1998 барпо гардид, дар ҳайати роҳбарикунандаи ҳизб тағйирот ворид карда шуд. Дар ин маврид баъдтар фикрамро баён медорам. Ҳамчун Раиси ҳизб ман дар сухани барномавӣ ироа доштам, ки он барои инъикоси хусусиятҳои сиёсат дар ҳамон марҳилаи ҳизбсозӣ ва давлатсозии мо кори хеле зарурӣ маҳсуб меёфт. Кормандони ҳизбӣ дар асоси он даҳҳо шиорҳо манзур намуда, аввалин бор баъди истиқлолият ташаббуси ташаккул додани афкори умумро ба дасти худ гирифтанд. Муҳтавои аксари онҳо ба қарори зайл буданд:

«Ҳадафҳои Ҳукумат ва ҲҲДТ асосан ба ҳам мувофиқанд»;

«Агар мо ба ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории самараноки байни ҳизбҳо ва созмонҳо муваффақ шавем, дар як муддати кӯтоҳ ба рушди муътадили ҷомеа ноил мегардем»;

«Дар сафҳои ҳизбу созмонҳои гуногун неруҳои зеҳнии ба таври кофӣ истифоданашуда мавҷуданд. Онҳо ба сарвати миллӣ дохил мешаванд ва ман тайёрам, ки бо онҳо ҳамкорӣ намоям»;

«Ҳар як ҷавон бояд хуб дарк намояд, ки ӯ фарзанди Тоҷикистонаст ва ягон гӯшаи Тоҷикистон барояш мулки бегона нест»;

«Гуногунандешӣ набояд намояндаи ин ё он ҳизбро ба он водор созад, ки аз манфиатҳои миллат, халҳу Ватан даст кашад, зеро манфиатҳои идеологи, ҳизбӣ, мазҳабӣ ва гурӯҳӣ борҳо ҷойи якдигарро иваз кардаанд, вале манфиатҳои миллат ва халқу Ватан ҷовидонаанд».

 

Дар им давра, ки то охири соли 2001 давом кард, корҳои ташкилии ҳизб хеле ҷоннок ва обрӯи он дар чомеа афзун шуд. Тарафдорони мо ба 90 ҳазор нафар расиданд. Ташаббусҳои ҳизб чолиб ва созанда буданд. ҲХДТ омили сулҳу субот дар кишвар шуд ва дар низоми сиёсии он мавқеи сазоворро ишғол кард. ҲХДТ аввалин бор соли 1999 6а мансаби Президент намояндаи худро пешниҳод карда, ғалаба ба даст овард Аввалин бор дар таърихи сиёсии кишвар дар интихобот бо руйхати ҳизбӣ  баромад карда, бо касби 64,9 дарсади овозҳо 15 намояндаи худро дар парламони кишвар ҷой дод. Ба воситаи ҳавзаҳои якмандата бошад, дар Парламент аксарияти ҷойҳоро соҳиб шуд.

Аз китоби “Бист қадами созанда”. Навиштаи Эмомалӣ Раҳмон. Соли 2014 дар нашриёти “Эр-граф” чоп шудааст.

Таҳияи Муродова Моҳира