Сулҳофаре аз табори каён
Нашр шуд 2019-11-14 13:42
Тоҷикон миёни дигар миллатҳои Осиёи Миёна ягона миллати дорои таърихи бою куҳан буда, ориёинажоданд. Фарҳанг ва тамаддуни ин миллат бою рангин буда, реша дар умқи таърих дорад. Ҳарчанд тоҷикон дар тўли таърих борҳо зери шиканҷа ва истисмори аҷнабиён қарор гирифта бошанд ҳам, ҳифзи фарҳангу маданият ва забони худро афзалтар аз ҷони худ донистаанд.
Халқи дар тўли ҳазор сол аз ҳаққи давлатдорӣ бенасиб монда зери роҳбари фарзанди сарсупурда, ҳомии халқу миллат, ҷонфидои насли дирўзу имрўзи Ватан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора соҳиби давлати мустақил худ шуд.
Баргардонидани гурезаҳои тоҷик, барқарор намудани иқтисоди фалаҷгашта ва рукнҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот дар кишвари маҳбубамон яке аз ҳадафҳои асосии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои нахустини ба сари кор омаданашон маҳсуб меёфт. Дар рўзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ба гурезаҳои тоҷик муроҷиат намуда гуфта буданд:
«Тоҷикони ғарибафтода, ҳамаи ҳамватаноне, ки дар айёми ноосудагии кишвар хоки Тоҷикистонро тарк намудаед, ман ба шумо муроҷиат мекунам.
Магар нолаи чуғзе нашунидед, ки манзилатон ба ёд намеояд?
Ба Ватани худ баргардед. Хонаи шумо танҳо ба шумо насиб мекунад.
Ман намедонам дар ғурбат чӣ шуморо нигоҳ медорад.
…Ба Ватан баргардед. Аммо мо ба шумо кўҳи тилло ваъда намекунем. Ҳамин қадар мегўем, ки як бурида ноне, ки дорем, якҷоя мехўрем, як қатра обе, ки дорем, якҷоя менўшем. Паҳлуи ҳамдигар истода, Ватани вайронашудаамонро обод мекунем, иқтисоди харобгаштаамонро барқарор менамоем.
Тоҷикистони мо ҳама чизро ва ҳамаи имкониятро дорад, ки ободу серу пур бошад. Биёед, ҳамаи инро истифода мебарем, то ки ободу озод бошем.
Ватан бе шумо холист, аммо донед, ки шумо ҳам бе Ватан пурра нестед. Сарзамини меҳмоннавози афғон барои шумо нишемангоҳ аст, аммо замини хуни нофрехтаи шумо инҷост. Ёд доред, ки мегўянд: «хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар».
Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ дар таърихи 16 ноябри соли 1992 ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 1994 бо ҳарфҳои заррин дар таърихи давлатдории навини тоҷикон сабт шудаанд. Бояд қайд намуд, ки санаи 16 санаи муайянкунандаи тақдири минбаъдаи халқи тоҷик буд.
Аз ин рў, 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» баррасӣ ва қабул намуданд, ки дар асоси он ҳамасола санаи 16 ноябр ҳамчун Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад.
Хизматҳои ин абармарди сиёсат дар таърихи халқи тоҷик абадӣ бо ҳарфҳои зарин сабт хоҳад шуд. Зеро ин мустақилияте, ки ҳоло ба даст овардаем, мустақилияте мебошад, ки барои он тўли ҳазор сол аҷдодонамон мубориза бурдаанд, ҷонбозиҳо кардаанд, шикастҳо хўрдаанд. Пас месазад, ки ба қадри ин муборизаҳо, ҷонбозиҳо ва шикастану дубора сарболо шуданҳои аҷдодони худ бирасем ва сарҷамъона чун ангуштони як даст ҳамдарду ҳамроҳу ҳамҷонбоз бошем.
Мефишорам сахт дасту панҷаҳои маҳкаматро
Мефишорам сахт дасту панҷаҳои маҳкаматро
Ҳамчу дасту панҷаи фарзанди деҳқон,
Ҳамчу дасту панҷаи шахшўли
деҳқонбаччаи қишлоқ
Аз каланду досу мисрон.
Бо садои гармат одат кардаем
Ҳамчу бо зангӯлаи давлат,
Ҳамчу бо зангӯлаи ваҳдат,
Ҳамчу бо зангӯлаи мактаб.
Чунки дар рӯи ту мебинем
Рўйи миллатро,
Нури миллатро,
Чунки аз пешонии бози ту мехонем
Мо хати тақдири миллатро.
Чун кафи дасти ту шаҳроҳат
Аз Душанбе то Бадахшон,
Аз канори Суғд то Хатлон;
Дар кафи дасти ту меронанд,
Дар кафи дасти ту метозанд,
Дар кафи дасти ту ҷорист
Сели мошин,
Фавҷи дарёҳои мошин.
Пойгоҳи давлататро карда кафшер
Бастакори нақби Анзоб,
Бастакори нақби Шаршар,
Бастакори Чормағзак,
Бастакори ГЭС-и Роғон
Ҳамчу оҳан,
Ҳамчу чўян,
Ҳамчу пўлод
Пойдор.
Бозор Собир
Шобегим Маликшоева,
корманди Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон