Муаррифӣ: “Тоҷикистон ва Ўзбекистон – марҳилаи нави густариши ҳамкориҳо”
Нашр шуд 2020-12-31 15:21
Муаллифи ин китоб номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи «Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ»-и Донишгоҳи давлатии Данғара Шарифхӯҷа Ҳасанов буда, бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ нашр шудааст. Сухани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сароғози ин китоб аст: «Тоҷикон ва Ўзбекистон ҳамеша ба таҳқими риштаҳои дўстию бародарӣ кўшиш мекарданд ва садоқати худро ба ин арзишҳо собит намуданд. Намунаи возеҳи ин гуфтаҳо муносибатҳои дўстона ва бародаронаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ мебошад. Мо бояд барои халқҳоямон фазои дўстию самимият ва ҳамдигарфаҳмию ҳамкориро, тавре дар замони Мавлоно Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ буд, фароҳам орем”.
Раиси ноҳияи Деваштич дар сарсухани муфассал ҳадафи нашри ин ки тобро шарҳ додааст. Ӯ навиштааст: Мардуми тоҷик мақоли хубе дорад : «Ҳамсояи наздик беҳ аз хеши дур». Ҳақиқати ин гуфта дар тўли таърих дар мисоли муносибатҳои Тоҷикистону Ўзбекистон исбот шудааст. Халқҳои тоҷику ўзбекро аз давраҳои қадим то ба имрўз умумияти таърихӣ, динӣ, фарҳанги ягона ба ҳам мепайвандад. Ин умумиятҳо то андозае қавиянд, ки баъзан дар ҷамъомадҳо, маъракаҳо муайян кардани тоҷик ва ё ўзбек номумкин аст.
Баъди ба даст омадани соҳибистиқлолӣ як муддат муносибатҳо миёни ду кишвари дўсту ҳамсояи наздик бинобар сабабҳои объективӣ сард шуда буданд.
Аммо, тавре мегўянд «Об агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност». Инак, Худованд боз халқҳомонро ба ҳам овард, монеаҳо бартараф шуданд, дўстии дерина барқарор гардид, муносибатҳои мутақобилаи судманд дар ҳама соҳаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон тавсеаю таҳким ёфта истодаанд.
Чунин тағйироти чашмрас ва эҳёи дўстиву ҳамкории таърихӣ бо саъю талоши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва баъди ба сари ҳокимият омадани сиёсатмадори тавано ва абармарди дурандеш Шавкат Мирзиёев имконпазир шуд. Аз рўзҳои аввали интихоб шуданаш ба ҳайси Президенти Ўзбекистон ормонҳои деринтизори ду халқи бародари тоҷику ўзбек амалӣ гардид. Вохўрии нахустини сарварони ҳар ду кишвар – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва ҳусни тафоҳуми байниҳамдигарӣ калиди муаммоҳои чандинсоларо кушод ва ду сиёсатмадори хирадманд ният карданд,ки дар роҳи эҳёи анъанаҳои дўстию хешутаборӣ саъю талош мекунад ва чунин корро дар як муддати кўтоҳ анҷом доданд. Имрўз решаи дарахти дўстиву бародари тоҷикону ўзбекон мустаҳкам, самари он ширину гуворотар гардидааст. Шарҳи инкомёбиҳо дар китоби мазкур ҷой дода шудааст.
Боиси тазаккур аст, ки оғозу эҳёи муносибати неки ҳамсоягиро халқҳои ҳар ду кишвар бо шодӣ ва рўҳбаландӣ қабул карданд, зеро тоҷику ўзбек дар танҳоӣ, бе рафту омад ва муомиллаю муносибати якдигарӣ зиста наметавонанд. Ин воқеаи муҳими таърихӣ сиёсатмадорон, олимону адибон, журналистонро низ ба ваҷд овард ва манбаи илҳоми саршори онон гардид. Онҳо дар васфи дўстиву хешу табории ўзбеку тоҷик рисолаю асарҳо,шеъру тарона, очерку мақолаҳо эҷод мекунанд.
Ин раванд ва рўҳияи бародарӣ донишманди пурмаҳсули тоҷик Шарифхўҷа Ҳасанов, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи «Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ»-и Донишгоҳи давлатии Данғараро низ бетараф нагузошт. Эшон баъди заҳмати зиёд ва ҷустуҷўю пажуҳишҳои илмӣ рисолаеро бо номи «Тоҷикистон ва Ўзбекистон – марҳилаи нави густариши ҳамкориҳо» таҳия кардааст, ки имрўз дастрасти хонандагон мегардад. Ин рисолаи илмию пажўҳишӣ мебошад ва муаллиф ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои ҳасанаи ду кишвари ҳамҷавору дўст– Тоҷикистону Ўзбекистонро ба риштаи таҳлил кашидааст.
Дар бобу қисматҳои алоҳидаи китоб масъалаҳои таърихи рушди муносибатҳои дўстонаи байни ду миллат, саҳми тоҷикону ўзбекон дар ҳаракатҳои озодихоҳӣ ва маорифпарварӣ, ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии миллатҳои ўзбеку тоҷик дар замони Иттиҳоди Шуравӣ, густариши муносибатҳои тоҷикону ўзбекон дар даврони соҳибистиқлолӣ, захираю имконоти зиёди тақвияти дўстиву ҳамкориҳои ду миллати ҳамҷавор ба таври ҳамаҷониба, олимона баррасӣ ва таҳлил шудааст.
Овардани мисолҳои мушаххас аз ҳамкориҳо ва дўстии ибратомўзи ду мутафаккири барҷаста Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ хеле ҷолибу хонданист ва бешубҳа, баҳои ин рисолаи илмиро бештару баландтар кардааст.
Дарёфт, таҳлил ва пешниҳоди хонанда гардонидани маълумотҳои фаровон ва далелҳои мушаххас аз ҷониби муаллиф сутуданист. Аз рафти ҷараёни афкору андешаҳои муаллиф бармеояд, ки вай дар ин рисола таърихи ташаккули халқҳои тоҷику ўзбек, ҳаёти дирўзу имрўзи ин ду миллати воҳидро самимона ва олимона ба қалам додааст, ки боиси таҳсину қадрдонист. Зеро, мутолиаи ин асар меҳру муносибати дўстдонаи тоҷикону ўзбеконро ба бародарӣ боз ҳам қавӣ мегардонад ва хоҳишмандони омўзиши таърихи ин ду миллати дўсту бародар метавонанд аз китоб маълумоти фаровон ба даст оранд.
Бинобар гуфтаҳои боло,дар ин кори хайру пурзаҳмати муаллиф, яъне таълифу нашри чунин як асари пурарзиш, саҳм гузоштанро шараф медонем ва то қадри имкон ин корро анҷом додем.
Зиёзода Сулаймон Ризоӣ,
Раиси ноҳияи Деваштич
Таҳияи Меҳрангез Муҳаббатова