Раванди ҷаҳонишавӣ аз нигоҳи профессор Сайфиддин Назарзода

Профессор Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон  бо ибрози назар дар бораи раванди ҷаҳонишавӣ гуфт, ки “фарҳангҳои пурқудрат ҳама вақт дар тамоми таърихи инсоният сари фарҳангҳои хурду кўчак бартарӣ доранду оҳиста –оҳиста онҳоро фурў мебаранд. Чаро? Зеро ин ҳодисаи табиии таърихӣ аст. Пайванди фарҳангҳо пеш аз ҳама дар натиҷаи алоқаи байни онҳо пайдо мешавад.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки ахиран дар шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоыикистон суҳбат мекард, иброз дошт: “ Вақте мешавад, ки кишвар пурқувват шуда, дигар кишварҳоро зери тасарруфи худ медарорад. Ба ин васила ҳам раванди ҷаҳонишавиро тавсия медиҳанд, аз тарафи дигар фарҳангҳои хурде, ки вуҷуд доранд, дар байни халқу қавмиятҳои хурд оҳиста –оҳиста ба фарҳангҳои бузург дохил мешаванд».