Кӯдакон ва наврасон ҳам бояд Донишнома бихонанд
Нашр шуд 2019-11-13 14:14
Кўдак то давраи мактабхон шуданаш ба воситаи донишномаҳо бо донишҳои аввалияи инсонӣ мусаллах мегардад, ки дар натиҷа кори таълиму тарбияи ў дар мактаб ба маротиб осон мешавад. Барои кўдакони мактабхон низ маълумоти энсиклопедӣ дар баробари китобҳои дарсӣ хеле зарур аст.
Эмомалӣ Раҳмон
“Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон”, чуноне аз номаш пайдост, маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, падид омадани тамаддун, муъҷизаҳои таърихии олам, шинохти ниёгони тоҷикон, давлатҳо ва сулолаҳои ҳукмронии эронитаборон аз қадим то давраи навин таърихӣ, маълумот дар бораи кайҳон ва ҷирмҳои осмонӣ, техника, олами ҳайвоноту наботот ва одам, маълумоти мухталифи ҷуғрофиёӣ, санъат ва ғайраҳоро дар бар мегирад. Бештари маводи ин китоб вобаста ба таърихи миллати тоҷик ва ғановати табиии Тоҷикистон аст.
Ояндаи ҳар як миллат баста бар он аст, ки аз имрўз кўдакони он чӣ гуна тарбия мешаванд. Ба ин хотир аст, ки кули ҳукуматҳо дар мамолики мутамаддин аз тамоми воситаҳои имконпазир истифода мекунанд, то маърифатнокии кўдакони кишвари худро таъмин карда бошанд. Дар ин миён беҳтарин воситаи ба донишҳо фаро гирифтани кўдак, чунонки ба исбот расидааст, таълифу нашр ва дасраси кўдакон кардани донишномаҳои гуногуни илмӣ – оммавии бачагона аст. Таваҷҷуҳи донишмандони олам ва мақомоти давлатии кишварҳо дар панҷоҳ соли охир ба ривоҷи ин риштаи бузурги маърифат чунон афзудааст, ки дар баъзе аз мамолик садҳо намуд донишномаҳо ба нашр мерасанд.
Донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, падид омадани тамаддун, муъҷизаҳои таърихии олам, дар шинохти ниёгони тоҷикон, давлатҳо ва сулолаҳои ҳукмрони эронитаборон аз қадим то давраи нави таърихӣ, маълумот дар бораи ҷирмҳои осмонӣ, техника, олами ҳайвоноту наботот ва одам, маълумоти мухталифи ҷуғрофиёӣ, санъат ва ғайраҳоро дар бар мегирад. Бештаре аз маводи ин китоб вобаста ба таърихи миллати тоҷик ва ғановати табиии Тоҷикистон аст.
Донишнома барои кўдакони аз 8 – сола боло ва доираи васеи хонандагон пешкаш шудааст. Хонандагон метавонанд ин китобро аз Китобхонаи Миллии Тоҷикистон ва шуъбаи хизматрасонии библиографӣ дасрас намоянд.
Боз дар ин бора: “Донишномаи мухтасари кўдакон ва наврасон”
Шариф Наботов
мутахассиси Шуъбаи
хизматрасонии библиографӣ.