Кўдак то давраи мактабхон шуданаш ба воситаи донишномаҳо бо донишҳои аввалияи инсонӣ мусаллах мегардад, ки дар натиҷа кори таълиму тарбияи ў дар мактаб ба маротиб осон мешавад. Барои кўдакони мактабхон низ маълумоти энсиклопедӣ дар баробари китобҳои дарсӣ хеле зарур аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар маҷмўаи мазкур фишурдаи гузоришу андешарониҳои иштирокдорони ҳафтумин конфронси умумиҷумҳуриявии «Масъалаҳои таҷдиди хадамоти библиографӣ дар фаъолияти кори китобхонаҳои Тоҷикистон», ки рўзҳои 2 -3 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Китобхонаи давлатии патентию техники Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, шомил шудаанд.