«Маликаи ҷиноят» ё шаҳбонуи қаламрави адаби ҷаҳон (Беш аз чаҳор милёрд ҷилд китоб аз ӯ нашр шуда)

 Ин бону аз маъруфтарин муаллифони насри ҷиноию моҷароӣ (дедективӣ) дар тамоми давронҳо эътироф шудааст ва аз нависандагонест, ки бо теъдоди нашри пуршумори осораш то ин дам дар ҷаҳон назир надорад. Ӯро беш аз шаст румони ҷиноӣ, шаш румони психологӣ (бо тахаллуси Мэри Вистмакотт) ва нуздаҳ маҷмуаи ҳикояҳо ба чоп расидааст. Ин низ аз нодиррухдодҳост, ки шонздаҳ пиесаи ӯ дар Ландан ба саҳна гузошта шудааст. Осорашро бо садҳо забони дунёву бо милёрдҳо нусха баргадон ва ба зевари чоп кашидаанд.

 Ӯ КРИ́СТИ (Christie) ОГОТО аст, нависандаи инглис, 15 сентябри 1890 ба дунё омада ва 12 январи 1976 аз дунё рафта.

 Бону Кристи Огото мактабу донишгоҳ надидааст, ҳар чӣ омӯхта, дар хона омӯхта. Дар Ҷанги ҷаҳонии аввал дар як бемористони низомӣ пизишкёр буд. Ҳамчун дорусоз низ дар як дорухона кор кард, ки баъдан ин шуғл дар эҷодиёташ ҳам соя афканд. Ҳаштоду се ҷиноят дар асарҳояш аз тариқи заҳролудшавӣ рух додаанд.

 Кристи ОГОТО сипас дар чандин маъмурияти бостоншиносии Шарқи Наздик ширкат кард.

 Хонум Огото он гуна истеъдоди фавқу-л-ъодае дошт, ки аз нахустин таълиф, романи«Моҷарои асроромез дар Стайлз» («The mysterious affair at Styles», 1920) ба комёбӣ даст ёфт. Пас аз ин муваффақият, ки тимсоле ҳамчун корогоҳ Ҳэркиул Пуароро барҷаста намуда буд, ин образро дар як силсила романҳо истифода кард, аз ҷумла маъруфтарини инҳо: «Куштор дар қатори сареъу-с-сайри шарқ» («Murder on the Orient Express», 1934; филм, 1974), «Марг дар миёни абрҳо» («Death in the clouds», 1935), «Қатлҳои Ай. Би. Си» («The A. B. C. murders», 1936), «Милоди Масеҳи Пуаро» («Hercule Poirot's Christmas», 1939), «Шайтони зери Офтоб» («Evil under the Sun», 1941), «Сиониди дурахшон» («Sparkling cyanide», 1944), «Парда» («Curtain», 1975).

Аз романи «Қатл дар хонаи кашиш» («The murder at the Vicarage», 1931) сар карда, дар насри Кристи Огото, чеҳраи хонум Марпл – зане солхӯрдаю зирак, ҳамчун қаҳрамони аслии тасвирҳояш зуҳур мекунад, ки парда аз ҷиноятҳои саргуму печидае мебардошт (дар романҳои «Эъломи як қатл» («Murder is announced», 1950), «Ҷайби пур аз ҷавдор» («A pocket full of rye», 1953), «Соати 4.50 аз Паддингтон» («4.50 from Paddington», 1957), «Меҳмонсарои Бертрам» («At Bertram's hotel», 1965) ва ғ.)

Кристи баробари рушди суннатҳои адабии номдороне ба монанд Ортур Дойл ва Эдгар По, тимсоли нави корогоҳеро офарид, ки дар он таҳқиқот на танҳо бар асоси шоҳидиҳои дақиқу шаффофи бадастомада, балки бо истифода аз як таҳлили равоншинохтии зариф сурат гирифтаанд. Тарҳи сужаи достон маъмулан як куштор (ё чандин куштор) аст, ки дар як фазои мубҳаму маҳдуд (ҳуҷраи дараш қулф, дохили вагон, ҷазираҳои дурдаст ва ғ.) рух додааст, ки гумонбаршудаҳои ин ҷиноят шуморе аз маҳдудкасонанд; ин муборизаҳои тезутунд ба ифшои расмии ҷинояткор ва ҳамдастони ӯ ҳаллу фасл мешаванд.

Кристи ОГАТО дар баробари романҳои сершумораш (чанде аз он бо тахаллуси Мэри Вестмакотт мебошанд), як силсила ҳикояҳо, намоишномаҳо, ҳамчунин зиндагиномае нигоштааст. Тахайюлоти рангину танзи зариф ва баёни содаву аммо пуробуранг насри ин бонуи адабро ба яке аз қобили таваҷҷуҳтарин падидаҳои адабиёти оммавии асри 20 табдил кардааст. Манозиру ҳаводиси офаридаи Кристи асоси сенаряҳои бешуморе барои филмҳо, саҳнаҳои театр, радиёдраммаҳо ва ғ.-ро ташкил додааст.

Кристи Огато агарчи достонҳо ё худ ҳикоёти ошиқонаю румонтикӣ низ навиштааст, вале, он гуна ки гуфта омад, шуҳрати аслияш ба хотири шасту шаш румони ҷиноии ӯст. Достонҳои Кристи ба хусус он даста, ки дар бораи моҷароҳои корогоҳ Ҳэркул Пуоро ё хонум Мопл ҳастанд, на танҳо лақаби «маликаи ҷиноят» барои ӯ ба армағон оварданд, балки вайро ба унвони яке аз муҳиммтарин ва мубтакиртарин нависандагоне, ки дар роҳи тавсиъаву такомули қиссаҳои ҷиноӣ кӯшидаанд, муъаррифӣ ва матраҳ карданд.

Хонум Огото Кристи дар китоби рекордҳои Гиннес мақоми аввалро дар миёни пурфурӯштарин нависандагони китоб дар тамоми давру замонҳо ва мақоми дувум (пас аз Вилём Шекспир) дар миёни пурфурӯштарин нависандагон дар ҳар заминаеро ба даст овардааст. Тахмин зада шудааст, ки беш аз як милёрд нусха аз китобҳои ӯ ба забони модарияш (инглисӣ) ва ҳудудан се милёрд нусхаи дигар дар тарҷумаҳои гуногун ба 103 забони дунё ба фурӯш расидааст. Маҳбубияти ҷаҳонии Огото Кристи ба он дараҷа аст, ки ба таври мисол дар кишваре чун Фаронса теъдоди китобҳое, ки аз ӯ ба фурӯш расидаанд, болиғ бар 40 милён ҷилд будааст.

Месазад гуфт, хуш ба ҳоли ин адиби муаваффақ, ки таълифоташ муштоқона даст ба дасти милёрдҳо оламиён мегардад. Ва ҳаққо, хуш ба ҳоли миллате, ки ҳамчун ОГОТО КРИСТӢ адиби оламгир дорад...

Обид ШАКУРЗОДА

  Дар Китобхонаи миллӣ аз Огато Кристи ин китобҳо қобили дарёфтанд:

Похищение премьера. – Москва: Новости,1990. – 222 с.

Смерть в «Странном доме». – Москва: Подиум, 1990. – 149 с.

Последний ход короля: Новелы. – Москва: ВААП – ИНФОРМ, 1990. –    96 с.

Шестое  чуство. – Москва: ВААП – ИНФОРМ, 1990. – 80 с.

Убийство о  Роджера Экройда. – Москва: Прейкурантиздат,1990. –136 с.

Печальный кипарис нелепый домишко. – Москва: ДЭМ,1990. – 368 с.

Окровавеленные ступени. – Москва: Профиздат,1990. – 80 с.

Таинственное происвешествие в стайла. – Краснодар,1990. – 459 с.

Произведения разных лет. – Москва: Политиздат, 1990. – 320 с.

Рассказы. – Москва,1990. – 62 с.

Свидитель обвинения: Рассказы. – Ленинград: Худож. лит,1990. – 32 с.

Вилла «Булый конь». – Ставрополь: Кн. изд,1990. – 80 с.

Загадка Эндхауза. Восточный экспресс. – Москва: Правда,1991. – 704 с.

Мышеловка. – Москва: Кн. Палата,1991. – 415 с.

Убийство в Месопотамии (1935). Вязовая роща (1946): Романы. – Харьков: Интербург, 1991. – 399.

Тайна египедской гробницы: Сборник зарубежной приключенческой прозы. – Ташкент: Камалак,1991. – 416 с.

Сочинения. – Москва, 1991. – 346 с.

Тањияи Дилороҳ Сайдамирова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.