“Равшандилон”-и наврӯзӣ бо ширкати густардаи эҷодкорони Шӯъбаи хизматрасонии махсус
Нашр шуд 2018-03-30 17:16
Маҳфили навбатии “Равшандилон” бо ширкати ҷамъе аз эҷодгарони Шӯъбаи хизматрасонии махсус доир гардид. Шоири шинохта Хайрандеш ин бор ҳам чун маҳфилҳои пешин гардонандаи маҳфил буд. Вай дар оғоз ҳамаи ширкаткунандагонро ба фарорасии Наврӯзи оламафрӯз муборакбод кард. Дар сухани муқаддамотии худ ҳозиронро як бори дигар бо таърихи мухтасари Наврӯз ошно намуд ва фалсафаи ҷашнвораро шарҳ дод.
Узви фаъоли маҳфил Абдулазизи Ашӯр шеъри нави худро бо оҳанг замзама кард.
Дар равзанаи Афрӯза Ҳусейни Нурмуҳаммад аз китобҳои хондаи худ нақлҳои ҷолиб кард. Вай гуфт, ки ахиран “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Чеҳраи мондагор”-и Эмомалӣ Раҳмонро хондааст. Дар атрофи ин ду китоб миёни ширкаткунандагон баҳс шуд.
Хушбахти Одина бошад шеъри нави худро хонд ва Хайрандеш онро таҳлил ва дар бораи камбудиву муваффақиятҳои он фикри худро баён намуд.
Дар бахши Афроза, ки шоҳбайтхонист, Ҳусейн Бахтиёрзода, Абдулазизи Ашӯр ширкат карданд. Ду шоҳбайти аз эҷодиёти классикон хондаи онҳо шарҳу тафсир шуд.
Дар бахшҳои дигар маҳфил зарбулмасалу мақол, панду ҳикмати ниёгон, латифаҳои хубу ҷолиб хондаву атрофашон баҳс карданд.
Дар поёни маҳфил Абдулазиз таронаеро аз Аҳмад Зоҳири зиндаёд суруд.
Азиза Назарова,
сармутахассиси
Шӯъбаи хизматрасонии махсус.