Ёде аз мардони майдони сиёсат: Ҷаббор Расулов

Тоҷикистон абармардони бузурги сиёсат ва арбобони шоистаи давлат дорад, ки бо гузашти даҳсолаҳо аз даргузашташон ҳам аз онҳо ба некӣ ёд мешавад. Ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон ва бахусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба омӯзиши таърихи миллату давлат таъкид мекунад. Ва гиромидошти шахсиятҳои таърихӣ посдории таърих аст.

Яке аз ин мардони сиёсат ва арбоби шоиста дар давлатдории тоҷикон Ҷаббор Расулов буд, ки муддати зиёда аз 30 сол зина ба зина Тоҷикистонро сарварӣ кард ва бо ободкориҳову хизматҳои шоиста аз худ номи нек ба ёдгор гузошт.

Расулов  Ҷаббор 10 - уми июли  соли 1913 дар шаҳри  Хуҷанд  дар оилаи коргар ба  дунё  омадааст.  Соли 1934  Донишкадаи пахтакории Осиёи Миёнаро хатм намудааст. Фаъолияти кориашро ҳамчун агрономи стансияи хоҷагии қишлоқ (1934—1938) сар карда, сипас ба ҳайси сардори идора, ҷонишини комиссари халқии зироати ҶШС Тоҷикистон (1938—1941), намояндаи Комиссариати халқии маҳсулоттайёркунии ИҶШС дар Тоҷикистон (1941—1945), комиссари халқии зироати ҶШС Тоҷикистон (1945—1946) кор кардааст.

Ҷаббор Расулов ба таърихи Тоҷҷикистон ҳамчун арбоби бузурги давлатӣ ва ҳизбӣ ворид гардидааст.  Ӯ беш аз 30 сол чун роҳбари ҷумҳурӣ фаъолият намудааст. Даҳ сол Раиси Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон ва 21 сол Котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд. 

Ҷаббор Расулов 4-уми апрели соли 1982 дар синни 69-солагӣ бар асари бемории сактаи қалбӣ аз олам даргузашт.

Вакили Шӯрои олии СССР (даъватҳои 2-10), вакили Шӯрои олии Тоҷикистон буд.

Бо орденҳои Ленин,  Револютсияи  Октябр,  Байрақи Сурхи Меҳнат ва чандин медалҳо мукофотонида шудааст.

Аз Ҷаббор Расулов ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавонед бихонед:

Расулов,Ҷ. Дар кишвари тиллои сафед.– Сталинобод: Нашриёти давлатии  тоҷик, 1959. – 82 с.

Расулов,Ҷ.Маърӯзаи ҳисоботии КМПК Тоҷикистон ва съезди XV  партияи  коммунистии Тоҷикистон. – Душанбе: Ирфон,1964. – 99 с.     

Расулов,Ҷ.Ба оммаи меҳнаткашон  сардорӣ намуда, ба сўи тантанаи  коммунизм: Роли ташкилотчиги ПК Тоҷикистон барои тараққиёти  тамоми соҳаҳои  хоҷагии халқ ва маданияти республика // Расулов, Ҷ.

40 солагии партияи  коммунистии Тоҷикистон. – Душанбе, 1964. –  С. 58-103.

Расулов,Ҷ. 40 солагии  партияи  Коммунистии Тоҷикистон. – Душанбе: Ирфон, 1964. – 102 с.  

Расулов,Ҷ. Муборизаи  Партияи Коммунистии Тоҷикистон барои барқарор ва мустаҳкам кардани Ҳокимияти Советӣ // Расулов,Ҷ. 40 солагии  Партияи Коммунисмтии Тоҷикистон. – Душанбе, 1964. – С.8-32.   

Расулов,Ҷ. Саҳифаи нави дурахшон: Нутқи Ҷ. Расулов дар маросими кушоди  Рўзҳои  адабиёт ва  санъати  тоҷик дар Ўзбекистон // Дўстии мо, бародари мо. – Тошкент,1981. – С. 11-16

Дар бораи  Ҷаббор Расулов

Абдулов, К. Марде,ки  фаромўш шуданӣ нест: Ёднома аз фарзанди содиқи  миллат, арбоби давлатию  ҷамъиятӣ  Ҷаббор  Расулов  // Адабиёт ва санъат. – 1993. –  8 июл.

Рустамов, М. Покизаву ботамкин: 80 солагии Ҷаббор Расулов - ходими давлатӣ // Ҳақиқати Ленинобод. – 1993. – 10- 11июл.

Бекматов,М. Ёде аз абармарди майдони сиёсат Ҷаббор Расулов // Нидои ранҷбар. – 1994. – 25 феврал.

Насриддинов,З. Кори неку номи нек ба ёдгор: Ёде аз Ҷаббор Расулов // Адабиёт ва санъат. – 2003. – №3. – С.32.

Абдулло, К. Роҳбаре  хоксору  дар мақоми бузург: Ба пешвози 90 –солагии  Ҷаббор Расулов  //  Садои мардум. – 2003. –  6 март.

Набиев,В. Ҳамрози  истеъдодҳои  ҷавон: Ба истиқболи 90- солагии     Ҷаббор Расулов // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2003. – 25 апрел.

Бекматов, М. Мардуми одиро қадрдонӣ мекард: Ба истиқболи 90 солагии  Ҷаббор  Расулов  // Садои мардум. – 2003. – 29 апрел.

Сатторов, Х. Сабақае дар пояи давлатдорӣ:  Ба ифтихори 90 солагии  Ҷаббор Расулов // Ҷумҳурият. – 2003. – 8 июл.

Гулов, Ё . Аз орзу то қақиқат:  Ба ифтихори 90 -  солагии  зодрўзи Ҷаббор Расулов // Ҷумҳурият.  – 2003. – 5 июл.

Зоҳиров,М. Бузургонро  бузургон зинда медоранд: Ба ифтихори 100- солагии  Арбоби давлатӣ  Ҷаббор Расулов // Ҷумҳурият. – 2013. – 18 июл.

 

Таҳияи  Парвина  Қаюмова
корманди  шуъбаи   библиографияи миллӣ