«Таърихи Бухоро ва ё Мовароуннаҳр”: ҷилди дуввум

Китоби Герман Вамбери  «Таърихи Бухоро ва ё Мовароуннаҳр” ҷилди дуюм, як асари илмӣ – таҳқиқӣ доир ба таърихи Бухоро, дар соҳаи илмҳои таърих ва сарчашманигорӣ ба шумор рафта, қимати баланди илмиро соҳиб аст. Китоби мазкурро Аркадий Павловский ба забони русӣ тарҷума намуда, соли 1873 дар Санкт-Петербург чопхонаи «Скарятина» ба нашр расонидааст.
Ҳамчуноне асари зикршуда аз ду ҷилд иборат аст ва дар бораи муҳтавои ҷилди аввал дар мақолаи «Нусхаи ягонаи китоби Герман Вамбери аз таърихи Бухоро» (http://www.kmt.tj/nushai-yagonai-kitobi-german-vamberi-az-tarihi-buhoro) маълумот дода будем. Ҳоло бошад, тасмим гирифтем хонандаро бо ҷилди дуюми ин китоб ошно кунем.   Дар ҷилди дуюм маълумотҳо доир ба таърихи Бухоро ба таври хронологӣ (сол) аз соли 1500 то соли 1870 оварда шудаанд.
Г.Вамбери маълумотҳои дар ин асар овардаашро дар такия ба асарҳои дастнависшудаи шарқ, асоснок намуда, муаллиф баъзе аз ин асарҳои дастнависро дар муқаддимаи ҷилди аввали ин китоб ба монанди китобҳои дастнависи “Таърихи Табарӣ (Наршахӣ), “Таърихи Байҳақӣ”, “Зафарнома” (Шарофиддин Алӣ), “Таърихи Нодиршоҳ  (Мирзо Муҳаммади Меҳдихон), “Шайбонинома” (нашри Березин) ва ғайраро муаррифӣ  намудааст.
Хонандаи азиз, дар бораи сарчашмаҳои дастнавис, ки муаллиф ҳангоми таҳияи ин асар истифода намудааст, метавонед аз муқаддимаи ҷилди аввали ин китоб маълумоти бештар пайдо намоед.
Китоби «Таърихи Бухоро ва ё Мовароуннаҳр” бо хати крилии пеш аз инқилобӣ  навишта шуда, мазмунан ба забони русӣ  мебошад. Асари мазкур дорои дастгоҳи маълумотдиҳии нашр муқаддима, мундариҷаи фишурдаи ҷилди дуюм ва нишондиҳандаҳои алифбои калимаҳо буда, аз бобҳои:
- Узбекҳо ва Муҳаммад Шайбонихон (1500 - 1510); 
- Шайбониён (1510 – 1597);  
- Аштархониёни якум (1597 - 1680); 
- Субҳонқулихон ва интиҳои давлатдории Аштархониён (1680 - 1737); 
- Хонадони Манғит ва Амир Маъсум (1784 - 1826); 
- Амир Насруллоҳ (1826 - 1860);    
- Амир Музаффариддин ва сулолаи Романовҳо (1860 - 1870)  иборат аст.
Дар муқаддимаи китоб сухани тарҷумон дар бораи муаллиф, кори тарҷумонӣ ва таърихи Бухоро оварда шудааст.
Қисмати «Мундариҷаи фишурдаи ҷилди дуюм» муҳтавои ҳар як боби ин ҷилдро шарҳ медиҳад. Бахши «Нишондиҳандаҳои алифбоии калимаҳо» бошад, шарҳи баъзе аз калимаҳои душворфаҳмро кушода, онҳоро бо тартиби алифбоӣ маънидод
мекунад. 
Ба иттилои хонандагон, аз ҷумла татқиқотчиён, унвонҷўён ва донишҷўён соҳаи таърих ва сарчашманигорӣ, умуман доираи васеъи хонандагон расонида мешавад, ки барои ошноии бештар бо ин асар, мутолиа ва ё истифодаи он дар корҳои илмиашон метавонанд ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Аз ин китоб айни замон танҳо як нусха дар фонди Шуъбаи нигоҳдории депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон зери рақами 48253 (рақами инвентарии китоб) нигоҳдорӣ  мешавад.

Сайзароб Надиров, корманди
Китобхонаи миллии Тоҷикистон