Дидорҳое, ки дар назаранд
Нашр шуд 2015-12-24 19:37
Сар аз соли нави 2016 бахши кўдакону наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст моҳе як маротиба барномаи телевизионии “Вохўрӣ бо адибону нависандагони наврас” баргузор кунад ва он аз тариқи шабакаи кўдакон ва наврасони ТВ “Баҳористон” пахш мегардад.
Дар барнома шоирону нависандагоне даъват мешаванд, ки дар бораи кӯдакон менависанд. Дар ҳар барнома тибқи як нақшаи аз қабл тарҳрезишуда аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳияҳои шаҳр ва гирду атрофи он хонандагон даъват мешаванд.
Барнома рангину диданӣ бояд тарҳрезӣ ва баргузор шавад. Аз ҷумла ширкаткунандагон аз эҷодиёти адиб шеърҳо ва пораҳо аз достонҳои ӯ қироат мекунанд, атрофи ин ё мавзуъ ва ё мисраҳои шеърӣ, таърихи эҷоди ин ё он асари адиб ва ангезаҳои эҷоди он, таълиму тадрис, шеваҳои дарки шеър, ҷустуҷӯи маънои калимаву ибораву ҷумлаҳо ва тасвирҳо баҳс мекунанд.
Чун ин барнома омӯзишиву таълимист, салоҳ аст, ки адиб дар бораи овони тифливу мактабии худ нақл кунад, дар бораи китоб ва китобхонӣ, ҷустуҷӯи китоби хуб ва мутолиаи он, шавқ ба касбу кор, эҳтироми муаллим, эҳтироми волидон, дӯстӣ дар мактаб, муносибат бо ҳамсинфону устодон ва атрофиён, кӯмак ба афтодагону дармондагон ва ё нотавонон, муҳаббат ба Ватан, эҳтироми ҳама қонунҳое, ки дар кишвар амал мекунанд ва ғайраву ҳоказо бо лаҳне, ки барои ширкаткунандагон фаҳмо бошад, ҳикоят кунад.
Миёни хонандагон ва адиб суолу ҷавоб сурат мегирад ва дар анҷом адиб ба ширкаткунандагон китобҳои худро тақдим мекунад.
Қарор аст аввал мулоқоти адиб бо хонандагони хурдсоли Китобхонаи миллӣ моҳи январ баргузор шавад.