Мирзо Асадуллои Ғолибро мешиносед?
Нашр шуд 2017-12-21 13:12
Аз ҷумлаи мутафаккирони маъруфи форсзабони Ҳинд аст, ки бо форсӣ ва урду эҷод кардааст. Дар Тоҷикистон пажуҳишҳое дар мавриди ин мутафаккир сурат гирифтаву қисмате аз осораш чоп шудаанд.
Ғолиб Мирзо Асадулло нависандаи ҳинду 21 декабри соли 1797 дар Акбаробод ба дунё омадааст. Ғолиб асарҳояшро ба забонҳои форсию урду эҷод кардааст. Гузаштагони Ғолиб аз Самарқанд будаанд. Ғолиб дар назди модараш савод омўхта, баъд ба таҳсили мадраса шурўъ кард.
Сарфу наҳви арабӣ, мантиқ, фалсафа, адабиёт, таърих, тиб, ҳайат, арўз ва мусиқиро худомўзӣ кардааст. Аз соли 1825 ба навиштани асарҳои манзуму мансури форсӣ машғул шудааст.
Мероси адабии Ғолиб аз асарҳои зерин иборат аст:
«Куллиёти назми форсӣ» (дорои қасида, ғазал, қитъа, мухаммас, маснавӣ, таркиббанду тарҷеъбанд ва рўбоӣ; 10522 байт);
«Сабадчин»- ашъори форсие, ки баъд аз нашри «Куллиёт»-аш эҷод шудааст, 825 байт);
«Мутафарриқоти Ғолиб» (аз ду қисм иборат буда, қисми аввал мактубҳои ба дўстон навиштааш, қисми дуюм ду шеъри урду ва ду қитъаю ду маснавии форсиро дар бар гирифтааст);
«Сабади боғи ду дар» (асарҳои манзуму мансури охири ҳаёташ);
«Дуои сабоҳ» (манзумаест ба сюжети яке аз қиссаҳои арабӣ);
«Панҷ оҳанг» (аз панҷ боб иборат буда, мавзўъҳои мухталифро дар бар гирифтааст.
Дар асарҳои Ғолиб мавзўъҳои мухталифи рўзгори шоир, аз ҷумла танқиди зулму золимон, шикоят аз замона, мазаммати макри арбобони дин, бовар ба ояндаи нек, инчунин тасвири рўзгори пурдарду аламаш, тасвири манзараҳои зебои табиат, ишқу муҳаббати поки инсонӣ, панду ахлоқӣ, фалсафӣ, ватанпарварию инсондўстӣ мавқеи асосиро ишғол мекунанд. Ў 15 феврали соли 1869 дар Деҳлӣ аз олам гузаштааст.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи советии тоҷик». – 1988. – Ҷ. 8. – С. 257.
Муаллиф: А. Ғаффоров.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Мирзо Асдуллои Ғолиб метавонед ин асарҳоро хонед:
Мунтахаби осори форсии Мирзо Асадулло Ғолиб. – Душанбе: Ирфон, 1967. – 196 с.
Ғаффоров, А. Мирзо Асадулло Ғолиб. – Душанбе, 1965. – 152 с.
Ғаффоров, А. Мирзо Асадулло Ғолиб. – Душанбе: Дониш, 1966.
Тақриз: Қаноатов, М. Мувафаққияти муҳаққиқ // Садои Шарқ. – 1966. – №9. – С. 143-145.
Ғаффоров, А. Доир ба назми Мирзо Асадулло Ғолиб: Классики адабиёти ҳинду // Ҳақиқати Ленинобод. – 1971. – 20 октябр.
Таҳияи Насиба Дониёрова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ