Ершов Николай Николаевич. Олиме, ки бо Икромиву Юсуфиву Деҳотӣ ҳамкорӣ дошт.
Нашр шуд 2020-10-08 13:20
Ершов Николай Николаевич 30 декабри соли 1904 шаҳри Уралск ба дунё омадааст. Мардумшинос, забоншинос ва тарҷумон; номзади илмҳои таърих (1958). Корманди хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (1965). Хатмкардаи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Осиёи Марказӣ (Тошканд, 1929). Корманди илмӣ, котиби илмии бахши тоҷикистонии Институти таърих, забон ва адабиёти АИ ИҶШС (1938 – 51), котиби Институти таърихи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951 – 65), мудири шуъбаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1965 – 72).
Ершов ҳамчун мардумшинос соли 1929 бо роҳбарии Л. В. Ошанин ба таври инфиродӣ дар корҳои майдонӣ (экспедитсия)- ҳои инсоншиносӣ (антрпологӣ)- и Институти тиббии таҷрибавии Ўзбекистон ширкат карда, ба Туркманистон (1935) ва аз он ҷо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон- Помири Ғарбӣ (солҳои 1936, 1962), ноҳияҳои Лақай (ҳоло Рўдакӣ), Яғноб ва водии Ғарм (ҳоло Рашт) омада, дар бораи фарҳанг, расму оин, суннатҳои мардумӣ, тибби халқии ин сарзаминҳо мавод ҷамъ овардааст.
Ершов дар коргоҳи майдонии гурўҳи тоҷикистонии экспедитсияи Помир- Фарғона ширкат карда, намунаҳои осори фарҳанги мардумиро омўхт. Ў солҳои 1958, 1961 ва 1962 ба таври инфиродӣ ба минтақаи Қаратоғ рафта, афзори касбу кор ва ҳунарҳои мардумии он ҷоро низ таҳқиқ намуд. Ҳамчун раҳбари гурўҳи кори экспидитсионӣ барои гирдоварии намунаҳои либосҳои тоҷикӣ, маводи мардумшиносӣ ба Ўротеппа (1959), ноҳияҳои вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд, «Хоҷагии қишлоқи тоҷикони ноҳияи Ленинободи Тоҷикистони Шўравӣ пеш аз Инқилоби Октябр»; рисолаи илмӣ, солҳои 1960, 1971- 75) сафар кардааст.
Ершов солҳои 1965, 1967, 1968 ба таври инфиродӣ дубора хонавода ва фарҳанги маишии деҳаи Қаратоғи ноҳияи Ҳисорро омўхтааст. Диққати Ершов-ро ғорҳои Тоҷикистон низ ҷалб намуд («Натиҷаҳои экспедитсияи таҳқиқи ғорҳои минтақаҳои Кўлоб»; Сталинобод, 1951). Ершов аз соли 1951 то 1979 ашё ва намунаҳои гуногуни ҳунарҳои марумиро аз мавзеъҳои гуногуни Тоҷикистон барои Музейи этнографии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ овардааст.
Ершов дар конференсия, семинар ва ҳамоишҳои зиёди илмӣ, аз ҷумла, барои омода намудани «Атласи таърихӣ - этнографии Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон» ширкат намуда, дар мавзўи «Намунаҳои олоти кори хоҷагии қишлоқи тоҷикон» (Ашқобод, 1967), «Алочаи абрешимии Ҳисор» (Самарқанд, 1973), «Оид ба масъалаи пайдоиши мардуми Қаротоғ: дар асоси маводи фарҳанги суннатӣ» (Маскав, 1974) суханронӣ намудааст. Ў дар ҳамоишҳои шаҳрҳои Қўқанд (1974), Ленинград (1975), Маскав (1976), Душанбе (1976) дар хусуси аҳамияти ҳунарҳои мардумӣ, кишоварзӣ, тибби халқӣ, истилоҳоти шифоҳии мардум ва дигар масъалаҳои мардумшиносии тоҷикон сухан гуфта, фарҳанги мардуми тоҷикро муаррифӣ намудааст.
Ершов ҳамчун забоншинос дар таҳия ва вироиши луғатҳои дузабонаи русию тоҷикӣ саҳм дорад. Дар ҳамкорӣ бо Ҷ. Икромӣ, З. Розенфелд, Ҳ. Юсуфӣ қомуси «Военный русско- таджикский словарь»- ро такмил намуд, ки он соли 1942 чоп шуд. Ҳамчунин бо А. Деҳотӣ ва Х. Н. Неъматуллоев китоби «Русско- таджикский словарь»- ро (иборат аз 45 ҳазор калима, Масква, 1949) тасниф намуд. Дар таснифу таҳрири луғати «Таджикско- русский словарь» (Москва, 1954) низ яке аз муаллифони асосӣ буд. «Русско- таджикский разговорник» аз қомусҳои дигари таҳия намудаи Ершов аст, ки ду бор нашр шудааст (1963; 1968).
Ершов аз нахустин афродест, ки осори К. Маркс ва В. И. Ленинро аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Бо ду ордени «Нишони Фахрӣ», ду медал ва грамотаи Фахрии Президиуми Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Ў 26 августи соли 1980 дар шаҳри Душанбе аз дунё даргузашт.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик». – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. – С. 377.
Муаллиф: Р. Раҳмонӣ
Таҳияи Фируза Восиева
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.