Дар сўгвории ҳамкор, бародар ва дӯсти азизам, шоири тавоно Алишери Муҳаммадӣ
Нашр шуд 2020-11-18 13:17
Алишери Навоӣ гар набудӣ,
Алишеъри сухан будӣ бароям.
Ту рафтӣ бармаҳал аз сактаи дил,
Бароят мотами дил месароям.
Бароят мотами дилро чу ашке,
Ба рӯи хоки қабрат мегузорам.
Даруни дафтари дил ман бароят,
Ҳазорон шеъру достон месароям.
Ту будӣ шоиру ҳам додари ман,
Ба шеъри кӯчакам додӣ ту тақриз.
Касам бар шоирону шеъри олӣ,
Фаромушам намесозам ҳаргиз
Фаромушат намесозам ҳаргиз,
Туро бар мотаму ин ашки сўзон.
Ба мисли оташи сӯзандаи шеър,
Туро дар сина месозам фурӯзон.
Барои мо фурӯзони чу хуршед,
Тулўъ дорӣ ғуруби ту куҷо аст.
Зи дида рафтаӣ боке надорад,
Ки номат дар даруни сина ҷо аст
Даруни сина аз санги забарҷад,
Ба рӯи марқадат санге гузоштам.
Дар он санги муқаддас ман ба ихлос.
Туро бо шеъри олият нигоштам.
Ҳамин санги ту мемонад бар ман.
Ба вазну тамкини рўҳат баробар.
Қасам то ҷону дил дорам дар тан,
Фаромўшад намесозам бародар.
Ҷалолиддин Нурзода