Ӯ Пешвои беназир аз баҳри мо омодааст...

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Аз ҳайкали Сомонӣ  ў, ин  пардаро бикшодааст.

Бар Айнии аллома ў,  унвони олӣ додааст.

Бо ҷумлаи халқи ҷаҳон, бо душманонаш ҳамчунон,

Ин Раҳбари олии мо оғӯши худ бикшодааст.

То миллати фархундааш бар ваҳдати комил расад,

Ў аз аввал то айни ҳол, чун раҳбалад истодааст.

То ин Ватан розӣ шавад, шодиву арзонӣ шавад,

Бо нохунаш ў канда куҳ, Фарҳоди модарзодаааст.

То хонадони тоҷикон, нуронӣ аз Роғун шавад,

Ҳар кўвваи ноқил ба тан, омода дар ин ҷодааст.

Эмомалӣ Раҳмони мо, ин Рустами дастони мо,

То миллаташ ёбад наҷот, ҷон рӯи каф бинҳодааст.

То нақти ҷон аст дар бадан, ҳифзаш намоем марду зан, 

Ин тӯҳфаи арши барин дар байни мо афтодааст.

Кафро ба каф кӯбида мо дар паҳлуяш саф мекашем,,

Ӯ пешвои беназир, аз баҳри мо омодааст.

Ҷалолиддин Нур

Муовини директори Китобхонаи Миллии Тоҷикистон.

Барчаспҳо: