Абонементи байни китобхонаҳо дар шашмоҳаи аввали соли 2015
Дар шаш моҳи сипаришуда ба шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо 2738 нафар муроҷиат намуданд, ки 75 нафари онҳо афроде буданд, ки ба тозагӣ аъзои Китобхона шудаанд. Барои истифодаи муваққатӣ дар хона ба онҳо 6377 нусха адабиёт дода шуд.
Бо воситаи абонементи байни китобхонаҳо 35 нусха адабиёт ба вилояти Суғд, 29 нусха ба вилояти Хатлон, 15 нусха ба ВАБК ва 105 нусха ба ноҳияҳои тобеъӣ ҷумҳурӣ ирсол карда шуд.
Бо Китобхонаҳои миллии Ҷумҳрии Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Озарбойҷон, Арманистон, Молдова, Русия ва Ўзбекистон хизматрасонӣ тавассути абонемети байни китобхонаҳо дар соли 2015 барқарор карда шуд.
Шуъба ҳамчунин бахшида ба мавзўъҳои «Китобҳои нав», «Артиши миллӣ», «Наврўз - 2015», «Модарнома», «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ ҷиз фаромӯш намешавад» ва «Об - зиндагӣ» намоиши китобҳои тозанашр баргузор кардааст.
Моҳи майи соли ҷорӣ аз ҷониби шуъбаи абонемети байни китобхонаҳо Конфронси илмӣ-таълимӣ таҳти унвони «Чароғи маърифат» баргузор гардид, дар он зиёда аз 80 нафар иштирок карданд. Ҳамчунин мизи мудаввар бо иштироки унвонҷўён ва олимони ҷавон дар мавзўи « Мақоми АБК дар хадамоти китобдории Тоҷикистон: дирўз ва имрўз» гузаронида шуд.