Мо чанд «Чилдухтарон» дорем?
Нашр шуд 2019-01-30 14:58
Дар бораи Чилдухтарон ривояти дигаре ҳам ҳаст, ки гӯё душманони деҳаи воқеъ, дар домани куҳ ғорат карда, ҳамаро мекуштанд. Дар шаби торик чил духтар дар дастҳо машъал барои наҷот аз ғоратгарон даст ба дасти якдигар дода ба болои куҳ мебароянд. Душман ба онҳо наздик мешавад, вале духтарон ҳанўз душман нарасида аз Худо илтиҷо мекунанд, ки онҳоро ба санг табдил диҳад. Худо дуои онҳоро қабул мекунаду онҳоро ба санг месозад. Аз ин рў он маконро то ба имрўз Чилдухтарон мегўянд.
Чилдухтарон, маконҳое дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя, ки дорои ривоёти махсус мебошанд. Мардум ривоят мекунанд, ки гўё дар маконе духтарони зеборухе машғул ба кору бори худ будаанд. Ногаҳон аз дур садои одамони номаҳрам шунида мешавад, ки онҳо аспсавор ба сӯи духтарон ҳуҷумкунон ҳаракат мекарданд. Духтарон, ки пок буданд, аз Худо илтиҷо менамоянд: «То ба дасти номаҳрамон расидан беҳтар аст, ки мо дар ҷои худ санг шавем». Ин илтиҷои онҳоро Худо қабул менамояду онҳоро дар ҷояшон ба санг табдил медиҳад.
Яке аз ин ҷойҳо ба номи Чилдухтарон дар ноҳия Муъминобод куҳест, ки аз дур мисли манораҳои ҳайкалї менамояд. Ин мавзеъ аз дур чунин ба назар мерасад, ки гӯё онро инсон сохта бошад. Ин гуна куҳҳо дар Тавилдара ва деҳаҳои Каранаку Равиови Дарвоз низ ҳастанд, ки ҳар кадоме ривояте доранд.
Ривоят мекунанд, ки дар ин макон ҷанги мудҳише рух медиҳад. Хангоми ҷанг мардони деҳа ба душман муқобилати сахт нишон дода ҳама кушта мешаванд. Ин ҳолатро дида занҳо ба ғазаб меоянду ба муқобили душман меҷанганд ва теъдоде аз душманро торумор менамоянд, вале тири камони онҳо тамом мешавад. Мебинанд, ки душман онҳоро асир мегираду хар тавре, ки хоҳад азият медиҳанд, чил нафар даст ба осмон карда, аз Худо илтиҷо менамоянд, ки онҳоро ба санг табдил диҳад. Барои Худованд, ки ҷасорату тинати поки онҳо маълум буд, онҳоро ба санг табдил медиҳад. Ҳоло ин макон зиёратгоҳи мардум аст. Бо мурури замон ҳар кадоме аз ин қуллаҳои куҳи Чилдухтаронро мардум ба таври худ номгузорї кардаанд. Мардуми ихлосманд дар пояи куҳи Чилдухтарон гоҳе назру ниёз ҳам мекунанд.
Дар бораи Чилдухтарон ривояти дигаре ҳам ҳаст, ки гӯё душманони деҳаи воқеъ, дар домани куҳ ғорат карда, ҳамаро мекуштанд. Дар шаби торик чил духтар дар дастҳо машъал барои наҷот аз ғоратгарон даст ба дасти якдигар дода ба болои куҳ мебароянд. Душман ба онҳо наздик мешавад, вале духтарон ҳанўз душман нарасида аз Худо илтиҷо мекунанд, ки онҳоро ба санг табдил диҳад. Худо дуои онҳоро қабул мекунаду онҳоро ба санг месозад. Аз ин рў он маконро то ба имрўз Чилдухтарон мегўянд.
Бо такя ба маводҳои энсиклопедӣ
таҳияи Шаҳло Раҳимова