Китоб - интихоб ва хониш
Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигохдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрўза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд. Ва беҳуда нест, ки китобхонаҳои бузург ва номдори олам боиси ифтихори тамоми инсоният ба шумор мераванд.
Эмомалӣ Раҳмон
Чун маълум аст, ки дар хусуси китоб, нақши он, хизматҳои таърихии ин каломи навиштор ва нигоҳдорандаи фарҳанги бою ғанӣ ҷилд-ҷилд китоб иншо намоему аз дарёи бепоёни он соатҳову солҳо ҳарф бизанем, ин хеле кам хоҳад буд. Аз ин хотир, мехоҳам таваҷҷуҳи хонандаи закӣ ва донишҷўёну илмомўзон, дар умум дўстдорони илмро ба мавзўи хеле муҳим, яъне истифодаи китоб, интихоби китоб ва мутолиаи китобҳои мутолиашавандаву интихобшаванда ҷалб намоям.
Аз ин рў, бо истифода аз манбаҳои дар ихтиёрдоштаи худ ва бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти интихоби китоб барои пешрафти таҳсилии мактаббачагон, донишҷўён ва умуман онҳое, ки ба мутолиа рўй овардаанд ва ё дар ҷараёни рўйоварӣ қарор доранд, кўшидем то фарогиронро бо наҳв ва шеваҳои содаву усули завқӣ ошно сохта, то кўмаке бошад бар пешрафти онон дар роҳи тақвияти маърифату хирад ва донишу фаҳмиш фароҳам гардад.
Акнун мехоҳам дар бахши мутолиаи китоб, китобҳои мутолиашванда ва интихоби китобу тарзи дурусти китобхонӣ чанд сухане гуфта бошам. Дар бисёр ҳолатҳо хислат ва маърифати хеле коста моро домангир аст. Яъне, аксар вақт бо ақидаи он ки ҳоло вақт аст, ҳоло хондан фароҳам меояд, ҳоло ҷавонам ва нав ба 15 даромадам ё 20, дар ин ҷабҳа донишҷўён ва умуман афроде ба ин ақида хеле иштибоҳ мекунанд. Ба ақидаи баъзеҳо гўиё ҳоло зуд аст. Не зуд нест! Маҳз ҳоло сабури кардан ва ё ба тақдир мувофиқ будан хато хоҳад буд. Дар шароити хеле хуб ва шароите, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои ҷавонон ва умуман илмомўзон фароҳам омадааст, хуб бояд истифода бурд. Дар ин замина шоҳид ҳастем, ки тули солҳои охир ба вуҷуд омадани мактабҳои олӣ ва ҳатто Китобхонаи миллии боҳашамат ва дорандаи фонди бою ғанӣ, ки назираш дар Осиё нест барои мо сохта шудааст. Танҳо аз мо хондану ҷўстуҷў ва маърифатшавии ҷиддӣ тақозо мешаваду бас. Имрўз мо бояд ғубори бол барафшонем, чаро ки вақти парвоз фароҳам омадааст.
Албатта, масъалаи хонишро нодида гирифтан ин кори имрўзаро ба фардо гузоштан, аҳамияти маърифатии китобро ночиз донистан аст. Ин ба дарки ҳар фарду ҳар шахси дорои маърифатдошта ва ё маърифатнодошта вобастааст, инро вақт нишон хоҳад дод, аммо алъон кадом китобҳоро бихонем? Китобҳои содаву саргармкунанда ва ё китобҳое, ки моро рўхан беҳ гардонида, барои фарох намудани илми мо кўмак мекунад.
Чун маълум аст, ки китобҳои саргармкунанда барои инсон чун обу ҳавоянд. Онҳо барои ҳамагон, алалхусус барои ҷавонон фораму судбахшанд. Талабу хоҳиш ҳаст ва ҳамин завқи талаб ҳамеша ҷустуҷўро фароҳам меорад. Хониши ин гуна китобҳо хонандаро ба зинаи дигар, ба хондани китобҳои ҷиддитар омода мекунад.
Муқобили ин гуна китобҳо ҳастанд китобҳое, ки кас намехоҳад онҳоро китоб биномад. Хондани онҳо ба ҷуз пушаймонӣ ва сарфи вақт чизи дигаре намеорад. Миёни онҳо ҳастанд китобҳое, ки нафратро меоранд. Воқеан китобҳое, ки гуфтаниҳои зиёд надоранду ба хонанда иттилои тоза намедиҳанд, китоби хуб нестанд. Мунаққиди англис Ҷон Рескин гуфта буд: «Китоберо, ки нахонанд, дўст надоранд ва рўйи сафҳаҳояш ишораҳо нагузоранд, наметавонад судманд бошад».
Яке аз масъалаҳои бо китоб кор намудан ва пайваста бо мутолиа дил бастан ин кори мустақилона бо китоб мебошад. Дар интихоб ва чигуна мутолиаи китоб мустақилона сари ин масъала кор кардан мебояд. Яке аз шартҳои ниҳоят муҳимми амиқ аз худ кардани донишҳо он аст, ки кори мустақилона бо китоб дуруст ташкил карда шавад. Мустақилона бо китоб кор кардан барои азхудкунии донишҳои нав аҳамияти бағоят калон дорад. Барои он ки шахс донишҳои навро хуб азхуд намояд ва донишҳои ҳосил кардааш ба ақида табдил ёбад, дар ӯ ҷаҳонбинии мустаҳкам пайдо гардад, кори мустақилонаи баландбардории дараҷаи маълумоти худро дуруст ташкил карданаш зарур аст. Дар ин масъала, тарзи хониши Абуалӣ ибни Сино барои мо намунаи ибрат буда метавонад. Сино қариб тамоми илмҳои азхуднамудаи хешро мустақилона аз худ намудааст ва таъкиди бисёре аз мунақидон дар хусуси китобхонӣ ё мутолиа ҳамеша ба ў рабт мегирад. Аз ин хотир мо низ кушидем аз ин қолаб бурун наравем. Абуалӣ ибни Сино умре ба худомӯзӣ машғул буд. Ба воситаи мутолиаи китобҳо илми тибро мустақилона азбар намуда, яке аз барҷастатарин донишмандони ин соҳа гардид. Чунон ки баъдҳо бо ифтихор ёдоварӣ кардааст, ӯ ягон лаҳзаи навҷавониашро бе китоб нагузаронидааст. Оромӣ барои ӯ хос набуд. Хотираи бемислу монанди ӯ миқдори бешумори маълумотҳоро абадӣ дар худ нигоҳ медошт. Ҳангоме ки сину соли Сино ба ҷое расида буд, дар андак вақт онҳоро ба ёд меовард. Дар ин бора ӯ навиштааст: «Дар мантиқ, табииёт ва риёзиёт он чӣ буд, омӯхтам ва ин илмҳоро чандон фаро гирифтам, ки то имрӯз чизе бар он фарогирифтаҳо афзун нашудааст»
Шахсе ки бо китоб кор мекунад, бояд аввал маводи китобро зуд аз назар гузаронад. Пеш аз ҳама, ӯро зарур аст, ки ба навиштаҷоти муқова, мундариҷа ва сарсухан шинос шуда, баъд саҳифаҳои китобро аз назар гузаронад. Дар ин бобат низ тарзи кори Абуалӣ Сино барои мо намунаи ибрат мебошад. Ӯ мазмуни китоб, ҷиҳатҳои муҳим ва ҳатто камбудиҳои онро хеле зуд дармеёфт. Тарзи тезхониро ёд гирифтан зарур аст, ин малака дар ҷараёни таҷриба ботадриҷ инкишоф меёбад. Ҳангоми кор бо маводи мушкил, беҳтар аст, ки аввал доир ба он тасаввуроти умумӣ пайдо карда бошед.
Бобати хомўшона ё баланд хондани китоб як гурӯҳ тадқиқотчиён ба ин ақидаанд, ки бо усули хомӯшона хондан худро одат кунондан лозим аст. Онҳо чунин мешуморанд, ки дар вақти хомӯшона хондан, маводро зудтар фаҳмидан ва чуқуртар фикр карда баромадан мумкин аст. Ва ақидае ҳам ҳаст, ки барои хондан на танҳо ба мулоҳиза кашидан лозим меояд, балки онро дар хотир ё ҳофиза нигоҳ доштан зарур меояд. Аз ин рӯ, лозим аст, ки хусусиятҳои ҳофиза (хотира) низ дар ин ҳолат ба назар гирифта мешавад. Барои фаҳмиши амиқ ва дарки матлаб пешниҳод мегардад, ки дар вақти хондан дуруст муҳокима ва фикр кардан пеш меояд, пеш аз ҳама калима, истилох ва ибораҳои мушкилро фаҳмида гирифтан зарур аст. Барои ин зарур аст, ки сари ҳар калима, истилоҳ ва ибораи мушкил чуқур фикр карда, барои дуруст фаҳмидани онҳо аз луғат, маълумотнома ва энсиклопедияҳо истифода бурда, дар бораи ҷойҳои номавфҳум ба одамони дигар муроҷиат карда, маънои он ҷойҳоро пурра фаҳмида гирифтан мебояд. Мазмуни мантиқии матнро фаҳмидан, нуқтаҳои дар мавод баёншударо ба ақидаи худ табдил додан, иштибоҳи пайдошавандаро зоҳир намудан низ аҳамияти ҳалкунанда дорад. Бо ин мақсад зарур аст, ки мавод амиқ ва мантиқӣ фикр карда баромада шавад. Дар баробари ин, лозим аст, ки илмомўз пас аз кор карда баромадани мавод аз он хулосаҳои илмӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ғайра барорад. Дар рафти фикр карда баромадани ана ҳамин гуна масъалаҳо мустақилона кор кардани ў муайян мегардад, дар вай ақидаҳои даркорӣ ҳосил гардида, минбаъд ба мавод ба назари ҷиддӣ нигоҳ хоҳад кард.
Вобаста ба омӯхтани сарчашмаҳои илмию методӣ ба хонанда маслиҳат дода мешавад, ки беҳтар аст ҷавоби ягон савол, таърифу тавсифи мафҳумҳои нав ва ғайра навишта гирифта шаванд. Хуллас, он чиро, ки аҳамияти калон ва маънои амиқ дорад, навишта гирифтан беҳтар аст. Хеле хуб мебуд, агар ҷойҳои аз мавод гирифта дар карточкаҳои алоҳида бо тамоми санадҳояш - муаллиф, номи китоб, саҳифа, номи нашриёт ва соли нашр навишта шавад. Марҳилаи охирини кор бо китоб, тамоми маводи хондашударо хомӯшона такрор карда, аз он натиҷа ва хулосаҳо баровардан аст. Бисёр донишҷӯён ба ин ҷиҳати кор чандон аҳамият намедиҳанд. Вале боварӣ хосил кардан мушкил нест, ки ин кор барои чуқур аз худ кардани мавод ва барои мустаҳкам дар хотир нигоҳ доштани он ниҳоят зарур мебошад. Хулоса, усулҳои кор бо китоб басо гуногунанд. Зарур аст, ки усулҳои қулайтари ин корро ҷустуҷӯ намоем, онҳоро дар кори ҳаррӯзаю харсоатаи худ бисанҷем ва моҳирона ба амал барорем.
Ҳамин тариқ, гуфта метавонем, ки хонандаи ҳақиқӣ дўстдори китоб аст. Майли хондан ҳамеша ўро ба сўйи дукони китобфурўшӣ ва ё китобхона мекашад. Ин ишқ хеле ҷозиб буда, дар ин дўстдорӣ бевафоӣ ҷой надорад. Ашхосе ҳастанд, ки баъди хондани чанд китоб ва ё ҳатто баъди хондани як асари хуб ба хондан меҳр мебанданд. Барои дигарон ин ишқ ба оҳистагӣ меояд. Барои хонандаи ҳақиқӣ гаштани онҳо ягон воқеаи муҳим: бевафоии ёр, ғам, ҳаводиси дигари ҷиддӣ боис мешавад. Ва ин тоифа одамон ба китоб рў меоранд. Китобҳо ҳам ба мисли ёри бовафо ва ҳамсўҳбати беранҷ ба ёрии онҳо мешитобанд. Рафта-рафта лаззати китоб барои онҳо ба мисли худи ҳаёт ширин шуда, онҳоро шадидан ба оғўш мегирад. Он вақт…
Он вақт кас ҳамроҳ бо китоб саёҳат мекунад. Ин сайёҳат бо тамоми кайфияташ моро ба айёмҳо мебарад ва мо муддатзамоне ҳаёти хешро ба фаромўшӣ дода, бо симоҳои нексиришти мардумони ҷаҳон шинос мешавем. Гоҳ дар шимол, гоҳ дар ҷануб ва гоҳе орому гоҳе ба ҳаяҷон ҳамсўҳбати онҳо мешавем. Мо бо ҳусният ва бо табассум дўстдори онҳое хоҳем шуд, ки аз паси кори нек, барои ишқи пок, барои ҷавонмардӣ сўйи орзўҳои хеш меравем.
Зафари Гулмурод, муовини сардори шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ