Китоб аз назари ман
Китоб сарчашмаи илму маърифат ва нерўи таъсиргузори ҷомеа баҳри пешрафти ҳаёти осоиштаи инсонҳо мебошад. Ҳангоми рўй овардан ба ин ганҷинаи бебаҳо мо метавонем ба чизҳое рӯ ба рӯ шавем, ки қаблан намедонистем. Ҳамин аст, ки бузургони илму адаб ҳангоми эҷод намудани асарҳои бадеию илмӣ бештар матлабу маводҳоеро ҷой медиҳанд, ки хонандаро барои расидан ба умқи он водор месозад. Дар мутолиаи китоб агар одам аз рўйи завқ ва бардошт ба он назар наафканад, ҳеҷ гоҳ аз ин махзан ба худ чизе гирифта наметавонад. Дар замони муосир агарчанде тараққиёти илму техника зиёд шуда бошад ҳам, аммо мавқеъ ва ҷойи китоб дигар аст.
Дар асри 21 агарчанде мо ба чандин дастовардҳои наву замонавӣ ноил гашта бошем ҳам, имрўзҳо аз ҷониби ҷавонон мутолиа китобҳои электронӣ зиёд ба назар мерасад. Дар ин давра, хушбахтона, барои нафарони китобхон тамоми шароитҳои зарурӣ муҳаё карда шудааст, ки ин ба нафъи ҷомеа мебошад. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ имрўз чандин китобхонаҳо кору фаъолият доранд, ки хонандагон ҳар вақт метавонанд аз ин махзанҳои илму маърифат истифода намуда, баҳри мукаммал намудани ҷаҳонбиниашон дар раванди ҷаҳонишавӣ баҳраманд гарданд.
Дар баробари китобхонаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, тамоми ташкилоту идораҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва олии касбӣ бо китобхонаҳои наву замонавӣ таъмин карда шудаанд, ки кормандон метавонанд дар вақтҳои бекорӣ ба мутолиаи дилхоҳ асарҳои бадеию илмӣ ва соҳавӣ машғул шаванд.
Ҷаҳони маънавӣ ва рафтори намунавиро инсоният аз рўзи азал бо мутолиаи китоб ба даст овардааст. Зимни мутолиа намудани китоб хонанда метавонад ба таърихи гузаштаи хеш аз ҳаёт ва фаъолияти мардони накуном, ки имрўз барои башарият намунаи ибрат мебошанд, воқиф гардад. Дар гузашта аҳли адаб китобро як василаи муҳими аз бар намудани илму дониш, ҷаҳонбинӣ ва равшангари замони хеш медонистанд, ки ин анъана то ба замони мо омада расидааст. Китоб пайвандгари илму маърифат ва чароғи умри инсон буда, дар ҳама давру замонҳо барои ташаккули ҷаҳонбинии шахс нақши муҳим дорад. Мутолиаи бештари китоб дар вуҷуди инсоният таҳаммулгароиро ҷой дода, онро баҳри боз ҳам хубтару беҳтар намудани зиндагии шоиста талқин менамояд. Ба ин ганҷинаи бебаҳо танҳо нафароне рўй меоранд, ки худ дорои дарку фаҳми инсонӣ мебошанд, ки дар андак мудат барои худ беҳтарин нуктаҳоро дарёфт намуда, онро дар пешрафти фаъолияташон сарф менамоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд: «Китобхонаҳо бояд ба маркази илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ўро ба роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад».
Ҳамчунин, ба хотири бештар воқиф гардидани аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи пурғановати хеш Пешвои миллат иброз намудаанд, ки: «Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон”-ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд», ки ин боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як шахси ватандўсту ватанхоҳ мебошад.
Хулоса, китоб нерўи ақлонӣ, сатҳи ҷаҳонбинӣ ва ахлоқи намунавиро ба хонандаи закии хеш арзонӣ медорад, ки аз ин ганҷинаи бебаҳо аксарият нафарон ғофиланд. Агар нафаре, ки бунёди ҷомеаи солим ва ояндаи дурахшонро хоҳон бошад, бештар ба мутолиаи китобҳо машғул мегарданд.
Наврўзшоҳи ХОЛНАЗАР,
корманди шуъбаи
хизматрасонии библиографии
Китобхонаи миллии Тоҷикистон