Китоб сарчашмаи илму маърифат ва нерўи таъсиргузори ҷомеа баҳри пешрафти ҳаёти осоиштаи инсонҳо мебошад. Ҳангоми рўй овардан ба ин ганҷинаи бебаҳо мо метавонем ба чизҳое рӯ ба рӯ шавем, ки қаблан намедонистем. Ҳамин аст, ки бузургони илму адаб ҳангоми эҷод намудани асарҳои бадеию илмӣ бештар матлабу маводҳоеро ҷой медиҳанд, ки хонандаро барои расидан ба умқи он водор месозад. Дар мутолиаи китоб агар одам аз рўйи завқ ва бардошт ба он назар наафканад, ҳеҷ гоҳ