79 сол пеш аз ин. Нахустнамоиши операи “Коваи оҳангар” дар Москав

 Операи «Коваи оҳангар» – дуюмин асари калонҳаҷми мусиқӣ дар таърихи театри мусиқии тоҷик як қадами нав буд ва бо ҷустуҷўю бозёфтҳои эҷодиаш давраи нави театри мусиқии тоҷик ба шумор меравад. Ногуфта намонад, ки операро композитор Сергей Баласанян бо ҳамкориву ҳамдастӣ ва ҳамфикрии композитори ҷавони тоҷик  Шариф Бобокалонов эҷод кард. Ин асари барҷастаи театр соли 1941 дар Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик ба тамошоби нони Москва пешкаш намуда, муваффақияти калонеро соҳиб шуд.

 Ин опера дар асоси сужети  устураи қадимаи халқии қаҳрамониву эпикӣ, ки дар замонаш, беш аз ҳазор сол пеш дар “Шоҳнома”-и безаволи  Фирдавсӣ ҷой гирифта буд, офарида шудааст. Либреттои операи «Коваи оҳангар»-ро шоири зиндаёд Абулқосим Лоҳутӣ навиштааст.

 Асоси бадеӣ ва қудрати ин достони қадимӣ дар муқобилгузории тезутунд ва ошкорои бедодии бераҳмонаву ғайриинсонӣ ва диловарии баландҳимматонаи халқӣ-озодихоҳист.

Шоҳ Заҳҳок ҳар рўз фарзандони халқи зердасташро қурбон мекунад, то ки морони гушнаи аз китфонаш рўидаро бо мағзи сари одамӣ қонеъ бисозад.

 Коваи оҳангар – устоди касби хеш ва фарзанди содиқи халқ, ки дар лаҳзаи тақдирсоз ба пешвои он мубаддал мешавад. Оҳангарон барои муҳофизати халқ аз таҳдиди ҳуҷуми душман силоҳ месозанд. Баҳроми захмин – писари бузурги Коваи оҳангар, ки аз корзор бо хабари нохуши хиёнати сарлашкарон ва қариб омадани душмани ғаддор баргаштааст, хабар медиҳад. Даҳ писари Кова аллакай бо азоб ҳалок шудаву танҳо ду нафараш – Баҳрому Фаррух мондаанд. Хушомадгўёни  Заҳҳок ҳама аҳли хонаводаи Коваро нест карданианд, чунки дар симои ў душмани устувортарину хатарноки бедодиро мебинанд ва ба мақсади хеш мерасанд:  ин дафъа марг насиби писари Кова, аллакай ёздаҳуминаш   гардид.

Нўшофарин маҳбубаи писари  хурдии Кова Фаррух ба падараш Қубод кўшиши бо ҳилла наҷот додани ҷавонони ба марг маҳкумро пешниҳод мекунад. Заҳҳок ошпаз мекобад. Қубод бошад ошпази хубест. Ў ба воситаҳои як ба худаш маълум ғизое тайёр карда метавонад, ки морон ба ҷои мағзи сари инсон мепазиранд. Қубод ҳатто ба андешаи ба хидмати бедодгар даромадан нафрат дорад, вале вақте ки хабари ба номи Фаррух афтодани қуръаро мешунавад, ба таббохии қаср розӣ мешавад. Бедодгар аз ошпази наваш қонеъ аст, ба ин муносибат  базм барпо менамояд. Дар авҷи базм Кова зада медарояд ва нутқи пурҳарорати зидди шоҳ эрод менамояд. Заҳҳок аз норозигии рўзафзуни мардум хавф дошт, ба Кова ваъда медиҳад, ки агар дар назди халқ васфи шоҳ намояд, писарашро бармегардонад.  Кова ин пешниҳоди нангинро рад мекунад. Халқи башўромада ҳамроҳи ўст. Оҳангар пешбанди чарминашро мекушояд ва ба чўбе баста, ба парчами шўриш табдил медиҳад. Халқи мусаллаҳ қасрро гирифта, шоҳи золими даҳшатофаринро  сарнагун месозад. Иштирокчиёни намоиши «Коваи оҳангар» ҳунармандон Ҳ.Тоҳиров (Кова), Ҳ.Ахмадов (Фаррух)  У.Ҳусейнов (Баҳром) Р.Ғолибова (Нўшофарин) ва дигарҳо бо овозҳои зебо ва раққсҳои ҷаззоб  дили тамошобинонро тасхир карда буданд.

 Дар рўзҳои Даҳаи санъати тоҷик дар Москва соли 1941 дар қатори дигар намоишномаҳо операи «Коваи оҳангар»  низ нишон дода шуда буд. Он дар баробари  таҷассуми дастовардҳои театри операи  Тоҷикистони шўравӣ бинандагонро бо яке аз лаҳзаҳои қаҳрамононаи гузаштаи халқи тоҷик ошно намуд ва ҳама муҳаббаташро ба онҳое, ки ҳаёташонро фидои хушбахтии халқи хеш ва ояндаи неки он намудаанд, ифода сохт.

 Операи номдор дар шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар  мавҷуд аст. Хонандагон метавонанд  аз он истифода баранд.

Таҳияи Нигина Маҳмудова,

мутахассиси шуъбаи

адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.

Барчаспҳо: