Маҳфили “Ҳамешабаҳор” дар шаҳри Кӯлоб. Шоҳҷоиза насиби хонандаи синфи 9 шуд
Нашр шуд 2020-08-04 11:07
Дар боғи Мирсаид Сайид Ҳамадонии шаҳри Кўлоб маҳфили «Ҳамешабаҳор» –и Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо сарпарастии шоир Ниҳонӣ баргузор гашт. Маҳфил дар боғи чароғоншудаи дилрабо бо иштироки зиёди алоқамандони шеър доир шуд. Роҳбарии маҳфилро шоир Хайрандеш ва Умарҷони Эмомалӣ ба ўҳда доштанд.
Маҳфил чун ҳамеша хотирмону ҷолиб гузашт ва хонандагони зиёде дар он ширкат ва дар бахшҳои мухталиф баҳсҳо кард, ба суолҳо посух доданд ва соҳиби ҷоизаҳо шуданд.
Шоҳҷоизаи маҳфил дар ҳаҷми як ҳазор сомонӣ насиби Бегимоҳ Сафарова хонандаи синфи 9 – и мактаби № -52 –и шаҳри Кўлоб шуд.
Фирӯза Раҳимова,
мутахассиси шўъбаи кўдакон ва наврасон.