Боздиди рузноманигорони Ӯзбекистон аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Дар идомаи диду боздидҳои худ аз Тоҷикистон субҳи имрӯз, панҷшанбе гурӯҳе аз рӯзноманигорони нашрияҳои мухталифи Ӯзбекистон ба Китобхонаи миллӣ омаданд ва бо ин боргоҳи маърифату хазинаи бузурги китоб аз наздик ошно шуданд.

Кормандони Китобхонаи миллӣ меҳмононро дар даромадгоҳ истиқбол гирифтанд. Сипас, онҳо ба дохили бино даъват шуданд ва бо толорҳои хониш, осорхонаи китоб, ки дастхатҳо ва китобҳои чопи сангӣ нигаҳдорӣ мешаванд, аз наздик шинос шуданд. Таваҷҷӯҳи меҳмононро бештар осорхонаи китоб ба худ ҷалб намуд. Дар ин осорхона зиёда аз 100 нусха дастхатҳои нодир, ки аз ҳама қадимтарини онҳо дар асрҳои 13 -14 китобат шудаанд, нигаҳдорӣ мешавад.

Аз ҷумлаи дастхатҳои нодир “Таърихи Табарӣ”-и Абуҷафъар Муҳаммад ат –Табарӣ, “Дувалронӣ ва Хизрхон”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ, “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, “Девон”-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, “Гулистон”-у “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ ва ғайра мебошанд.

Баъдан, меҳмонон аз толори китобҳои тозанашри даврони истиқлолият, ки зиёда аз 800 нусха адабиёти нав ба намоиш гузошта шудааст, дидан карданд. Ин толор аз се бахш иборат аст. Дар бахши аввал адабиёт дар бораи муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон, фаъолияти пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин адабиёт доир ба соҳаҳои ҳуқуқ, сохтмон, энергетика ба намоиш гузошта шудаанд.

Дар бахши дуюм китобҳо оид ба илму маориф ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ гузошта шудаанд.

Бахши сеюми ин намоишгоҳ доираи васеъи мавзуъҳоро дар бар мегирад ва китобҳо оид ба таърихи давлатдории тоҷикон, забону адабиёт, осори баргузидаи шоирони классику муосир, корнамоиҳои қаҳрамони халқи тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, санъату фарҳанг, фалсафа ва дин гузошта шудаанд. 

Маврид ба ёдоварист, ки гурӯҳи 13 нафараи рӯзноманигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон шоми дирӯз ба  шаҳри Душанбе  ташриф оварданд. Бино ба гузориши  АМИТ «Ховар»  рӯзноманигорони ӯзбек дар доираи сафари худ ба  шаҳри Душанбе аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Мамнӯъгоҳи таърихӣ-кишваршиносии «Қаълаи Ҳисор», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ноқил Талко», Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»,  Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Муассисаи давлатии  «Боғи фароғатии  «Хайём» боздид ба амал меоранд.

Аз ҷумла  имрӯз, 9 август дар толори Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» мулоқоти намояндагони  воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон бо  рӯзноманигорони ӯзбек  баргузор мегардад. Директори Муассисаи давлатии Академияи ВАО-и Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфтааст, ки «нахуст ҳампешагони мо бо фаъолияти ТВ «Варзиш» ошно гардида, сипас  оид ба таассуроти сафари худ бо ҳамқаламони тоҷикистонӣ табодули назар мекунанд».

Ҳадафи сафар омодасозии мавод ва наворҳо барои воситаҳои ахбори оммаи /ВАО/  Ӯзбекистон  дар арафаи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ки ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ, тарғиботи анъанаҳои дӯстии миёни халқҳои тоҷик ва ӯзбек, шиносоӣ бо шароити зисти мардуми ӯзбектабор дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Фарзонаи МИРЗО