Сад баҳори умр бину ҷун баҳорон зинда бош..

Инсон касби худро дўст дораду шефтаи касби худ бошад, ҳеҷ душвориро эҳсос  намекунад. Зеро муҳаббати касб аз ҳама болотар аст. Ин суханонро дар бораи устоди ботаҷриба, муаллимаи ҳалиму меҳрубон Раъно Камолова низ метавон гуфт.

Раъно   Иззатуллоевна  Камолова соли 1976 Донишкадаи давлатии педагогиии ш. Душанберо бо ихтисоси омўзгор бомуваффақият хатм намуд. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1977 дар яке аз марказҳои бонуфузи илму фарҳанги кишвар, яъне Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи А.Фирдавсӣ оғоз намуд.  Зиёда аз 40 соли ҳаёти худро ба китобу китобдорӣ  бахшидааст.

Ў дар яке аз шуъбаҳои асосии Китобхона - шуъбаи коркарди адабиёт ва феҳристнигорӣ ҳамчун китобдор, муҳаррири калон, саркитобдор  фаъолият намудааст. Кордонӣ ва меҳнатдўстиашро ба инобат гирифта ўро ба вазифаи мудири шуъбаи номбурда таъин намуданд. Илова бар ин, ӯ вазифаи Раиси иттифоқи касабаи Китобхонаро ба дўш дошту баҳри рушди кори соҳа, истироҳату фароғати кормандон тадбирҳо меандешид. Мавсуф, ки аллакай  то ин айём ба ҳайси мудир фаъолият дошт  хуб медонист, ки чи гуна корро ҷонок  ба роҳ монад. 

Маъмурияти Китобхона пешниҳод намуд, ки муаллима  Камолова Раъно оиди курсҳои Таснифоти Даҳгонаи Универсалӣ ва феҳристнигорӣ ба кормандони Китобхона дарс гузарад. Бо баробари пайдо шудани ҳавасмандони кораш ба устодони соҳаи китобдорӣ  такя намуда, пайи омода намудани тарҳи фармоиш қоғазу қалам ба даст мегирифту соатҳо тахаюлашро рўи варақ мерехт.

Донишу таҷрибаро ба дигарон омўхтан сифати фитрии ин бонуст. Дар индексгузории китобҳо маҳорат ва дониши баланд  нишон дода, барои тарбияи мутахассисони ҷавон хизмат кардааст. Аз дидани шогирдонаш сараш ба осмон мерасад чаро, ки онҳо ниҳоли дастпарвардаи боғанд. Бонуи шоиста ва коромўз зани хубсурату ҷиддӣ, хоксор, хушмуомила бо ақлу соҳибидрок, доимо суханони панду насиҳатомез дода,  маслиҳатро дареғ намедорад нисбати кадри ҷавон дилсўз ва меҳрубон аст.

 Зиндагиро аз китоби рўзгор омўхтам,

 Ишқи меҳнат дар сари майдони кор омўхтам.

 Дар ҷаҳони хоксорӣ ёфтам қадри баланд,

Сархамиро аз дарахти мевадор омўхтам.

Бо туфайли  Истиқлолияти давлатӣ ва бо шарофати сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шогирдони тарбия намудаи муаллима  дар фазои тинҷу осудагӣ  бо заҳмати садоқатмандона машғул шуда, дар ободу зебо гардонидани  Ватани азиз ва ба рушди соҳаи китобдорӣ  саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд.   

Меҳнатҳои шоёни ин зани заҳматписанд борҳо бо ифтихорномаю дипломҳо ва  бо нишони «Аълочии фарҳанг»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

  Ў шавҳари меҳрубону се фарзанди нозанин  дорад, ки дар лаҳзаҳои мушкил  ҳамрозу ҳамнафасу такягоҳи боэътимодаш дар зиндагианд, аз  ҳаёти хушбахтонаи оилавӣ  ва хушию саодати зиндагӣ баҳравар аст. Муаллима, ки китобдоранд, ба фарзандонашон  аз хурдӣ  омўхта буданд, ки вақтро сарфакорона истифода баранд.  Муаллима фарзандонро дар руҳияи  худшиносиву ватандўсти парваридаанд. 

Мо ҳамеша аз ёриву дастгирии ин бонуи ҳимматбаланди покдил баҳравар мегардем. 

 Дар миёни дўстон чун гул ба бўстон зинда бош,

 Сабз ҳамчун арчаи сабзи куҳистон зинда бош.

 Сад баҳори умр бину ҷун баҳорон зинда бош,

 Баҳри беҳбудии халқи Тоҷикистон зинда бош.

 

Умарова Барно, Ибрагимова Сабоҳат,

муовинони  сардори шуъбаи коркарди адабиёт       

Барчаспҳо: