Коркарди 10 ҳазору 624 нусха китоби нав зарфи панҷ моҳи охир

Кормандони шуъбаи коркарди адабиёт шурўъ аз моҳи январи соли равон  10 ҳазору 624 нусха китобҳо қабул ва ба танзим даровардаанд.
Аз ин миқдор 6 ҳазору 989 нусха ба шуъбаи нигоҳдории китоб  ва 2 ҳазору 369 нусха ба фонди ёрирасон ирсол шудааст.
Инчунин, ба шуъбаи Абонементи байни китобхонаҳо, шуъбаи махсус, матбуоти даврӣ, рисолаҳои илмӣ ва ғайра низ китобҳо ва рӯзномаву маҷаллаҳои нав ирсол шуданд.
Мутобиқи супориши Директори Китобхона шуъба вазифадор аст, ки ба интиқоли китобҳо ба шуъбаҳои дахлдор мусоидат кунад, то онҳо ба зудӣ ба дасти хонанда расанд.
Дар айни замон шуъба ба муддати 10 рӯз китобҳоро танзим, мавзуъбандӣ  ва ба шуъбаҳо тақсим мекунад.

Барчаспҳо: