Олимони Академияи илмҳои Тоҷикистон китобҳои тозанашри худро муаррифӣ карданд
Нашр шуд 2018-12-12 12:18
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии китобҳои тозанашри олимони Академияи илмҳои Тоҷикистон доир гардид. Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдусалом Мирализода чорабинии мазкурро ифтитоҳ намуда, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба муҳимтарин тадқиқотҳои олимони Академияи улуми Тоҷикистон ҷалб намуд.
Ҳамзамон, Президенти Академияи улуми Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ, ки дар чорабинӣ ширкат дод, зикр намуд, ки “имрӯзҳо олимони Академияи илмҳои Тоҷикистон бевосита бо кӯмак ва дастгирӣ ва пуштибонии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста заҳмат мекашанду корҳои илмиву таҳқиқотиро пеш мебаранд. Дар ин зимн месазад зикр намоем, ки мо соли равон зиёда аз 150 номгӯйи китоб чоп намудем. Боварӣ дорам, ки ин теъдод солҳои оянда боз афзун мегардад”.
Фарҳод Раҳимӣ дар идомаи суханронии худ аз чопи пурра куллиёти шоири тавоно Абулқосим Лоҳутӣ иттило дод ва гуфт: “Яке аз дастоварҳои дигари мо муаррифӣ, баргардонӣ ва чопи асарҳои бузургони илму адаби фарҳангии тоҷик маҳсуб меёбанд. Масалан, “Куллиёт”-и Абулқосим Лоҳутӣ, ки солҳои зиёд омода гардида буд, имсол ба пуррагӣ дар шакли 7 - ҷилд чоп гардид”.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ миёни ширкаткунандагон ва меҳмонон табодули афкор сурат гирифт ва пажӯҳишгарони ҷавони тоҷик ба суолҳои худ аз олимони Академияи улум посухҳо дарёфт намуданд.
Дар поёни мулоқот аз Академияи илмҳои Тоҷикистон зиёда аз 134 номгӯй китобҳои тозанашр дар шакли 3 нусхаи ҳатмӣ, дар маҷмӯъ 402 адад, ки дар мавзуъоти гуногуни пажӯҳишӣ навишта шуда буданд, ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд.
Фарзонаи МИРЗО
Суратгир: Хусрави Милод