СОЛИ НАВ МУБОРАК БОД!

Ҳамдиёрони азиз,
Дўстдорони китоб,
Муштариёни ҳамешагии Китобхонаи миллӣ!

Фарорасии Соли нави 2019-ро аз номи роҳбарият ва ҳайати кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон баҳри шумоён ва тамоми тоҷикони ҷаҳон табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, бахту иқболи баланд, фатҳи қуллаҳои баланди илму маърифат ва соли саршор аз дастовардҳои беназир таманно менамоям!

Боиси хушҳоливу сарфарозист, ки Тоҷикистони азиз бо татбиқи сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2018 ба дастовардҳои бузурги таърихӣ, монанди дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои кишвар аз ҷониби СММ ҷиҳати ҳалли масоили марбут ба об, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи аввали иншооти бузурги аср, ормони деринтизори миллат – НБО «Роѓун» ва беҳбуди назарраси муносибатҳо бо кишвари дўсту ҳамсоя – Ҷумҳурии Ўзбекистон, ноил гардид.

Хушбахтона, баъди ба Истиқлоли давлатӣ расидани миллати фарҳангдўсту соҳибтамаддуни тоҷик Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ ба рушду нумўи соҳаи китобдорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Маърифати китобхонӣ ҳамчун анъанаи неки ниёгон дар партави сиёсати фарҳангии Пешвои миллат ривоҷу равнақи тоза касб карда, як зумра корҳои намоён анҷом пазируфтааст. Китобхона дар фарҳанги давлатдории мо ҷойгоҳи хос дошта, имрўзҳо дар даврони Истиқлол ҳамчун маркази муҳимми илмӣ-тадқиқотӣ ва фарҳангии кишвар дар рушди илму маориф, густариши анъанаҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисоси миллӣ саҳмгузор аст.

Соли 2018 барои муассисаи бонуфузи фарҳангии кишвар – Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ саршор аз муваффақияту пешравиҳо буд, ки мунтазам тавассути сомонаи Китобхона ва васоити ахбори омма муаррифӣ гардидаанд. Соли равон мо 85-солагии таъсисёбии Китобхонаро бо баргузории Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Роҳҳои татбиқи инноватсия дар фаъолияти китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта, маводи конфронсро дар шакли маҷмўа рўйи чоп овардем. Бинобар афзоиши теъдоди рўзафзуни хонандагон, моро зарур омад, ки ҷиҳати таъмини шароити мусоид баҳри мутолиаи муштариён боз 3 толори иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем.

 Умедворем, дар соли нави мелодӣ мардуми шарафманди тоҷик бо пайгирӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат ба музаффариятҳои нав ба нав ноил гашта, дар соҳаҳои маориф ва илму фарҳанги мамлакат ҷаҳиши азиме ба вуқўъ мепайвандад ва ҷиҳати амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар қадамҳои устувор гузошта мешавад. Бигзор, меҳнати содиқонаву якдилонаи аҳли кишвар боиси шукуфоии бештари Ватани маҳбубамон Тоҷикистон ва сарафрозии миллати тоҷик дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва наслҳои оянда гардад.

Соли нав фархунда бод!

Ҳамеша саломату сарафроз ва дўстдори китоб бошед!

Абдусалом Мирализода,
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон,
доктори илмҳои педагогӣ, профессор.

Барчаспҳо: