Афсарону сарбозон дар Китобхонаи миллӣ

2 - юми декабри соли равон ҳайати сарбозону афсарони  қисми ҳарбии 0121-и қушунҳои сарҳадии  Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оваранд.  Сараввал, сарбозону афсарон аз мусаввараи таърихӣ, ки дар ошёнаи сеюми Китобхона ҷойгир аст, дидан намуданд. Мусаввара маҳсули дасти наққоши шинохтаи кишвар Сабзалӣ Шариф аст, ки таърихи панҷ ҳазорсолаи мардуми тоҷикро фаро мегирад. Мусаввир ин мусаввараро муддати 20 соли фаъолияташ ба риштаи тасвир кашида, ба Китобхонаи миллӣ тақдим намудааст ва имрӯз он як рамзи ифтихории Китобхона маҳсуб меёбад.

Сипас сарбозону афсарон аз осорхонаи китоб, ки дастхатҳо ва китобҳои чопи сангӣ нигаҳдорӣ мешавад, дидан намуданд.

Гуфтанист, ки дар осорхонаи китоб зиёда аз 100 нусха дастхатҳои нодир, ки  қадимтарини онҳо ба асрҳои 13 -14 маҳсуб меёбад, нигаҳдорӣ мешаванд. Ин дастхатҳои нодир “Таърихи табарӣ”-и Абуҷафъар Муҳаммад ат –Табарӣ, “Дувалронӣ ва Хизрхон”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ, “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, “Девон”-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, “Гулистон”-у “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ ва ғайра мебошанд.    

Баъдан, сарбозону афсарон аз толори китобҳои тозанашри даврони истиқлолият дидан намуданд. Дар толори китобҳои тозанашр зиёда аз 800 нусха адабиёти нав ба намоиш гузошта шудааст.

Ҳамчунин  сарбозону афсарон аз толори хониш ва толори хониши электронии Китобхона дидан намуда, ба шароиту имконоти хониш ва омаду рафти хонанда дар Китобхона баҳои баланд доданд.

Ба меҳмонон шиносоӣ бо Китобхонаи миллӣ таассуроти нек  гузошт.

Фаридун Азизов 
Аксҳои Хусрави Милод
Шуъбаи тарғиб ва
баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ