Ошноӣ бо таърихи умумии дипломатия

Китоби “Таърихи умумии дипломатия”, ки ба хонандагон пешниҳод карда шудааст, асосан дар бораи «таърихи умумии фаъолияти сиёсати байналхалқии давлатҳо» маълумот медиҳад. Ин китоб дар натиҷаи заҳмати  бисёрсолаи як гурӯҳ муаллифон ба табъ расидааст. Мақсади асосии онҳо тавассути ин китоб ба ҷаҳониён нишон додани таҳаввулу ташаккули робитаҳои байналхалқии давраҳои гуногуни таърихӣ аз нуқтаи назари таҳлилӣ-муқоисавӣ  мебошад. Дар ин китоб оварда шудааст, ки таърих хақ  надорад бе исботи амиқи ҷангҳои хунину вайроншавӣ ва аз байн рафтани давлату халқиятҳо ба замони гузаштаи башарият нуқта гузорад.
«Ҷанг агар таҷрибаи ҳазорсоларо доро бошад, ҳамон қадар давлат дар самти сиёсати муносибати байналхалқӣ таҷрибаи хуберо соҳиб аст» - гуфтааст   Ж. Лабрюйер. Шояд ин яке аз кўшиши расидан ба манфиат, кушодани масъалаҳои ҳалнашаванда, баромадан аз мухолифат, исбот кардани воқеаҳои баҳснопазир, қабул кардани пешниҳод ва муҳофизат кардани сулҳ аз ҷангу вайронкориҳо мебошад.
Китоби “Таърихи умумии дипломатия” аз панҷ қисм иборат мебошад.
Қисми якум давраи дунёи қадимро дар бар гирифта, доир ба таъсис ва паҳн намудани ташкили ҳуҷҷатҳои робитаҳои байналхалқии давлатҳои қадим маълумот медиҳад. Ҳамчунин, дар баробари мутолиаи ин китоб хонандагон дар бораи фаолияти давлатдории Юнони қадим ва Рими қадим маълумот пайдо менамоянд. Масалан,  Октивиан Август дар бораи ҳифзи давлату ба миён омадани ҷидол гуфтааст: «Агар боварӣ ба ғолибият надошта бошӣ набояд ҷангид, зеро ғалабаи худро нисбат  ба мағлуб шуданат ҳарчи бештар аз даст хоҳӣ дод».
Қисми дуюми асари мазкур доир ба фаолияти давлат дар асрҳои миёна, равшан кардани давраи таърихии «Шоҳигарии барбариҳо» ва ба вуҷуд омадани давлати феодалӣ дар Аврупо мебошад.
Дар қисми сеюм хонандагон дар бораи асрҳои XVI – XVIII метавонанд ошноӣ пайдо намоянд. Инчунин, дар ин қисм сухан дар бораи фаъолияти давлат, таърихи пайдоиши илм, ҳуқуқи байналхалқӣ, таърихи васеъкунии фазои олам ва кушодашавии ҳаёти нав, фаъолияти давлат дар соҳаи сиёсати байналхалқии давраи Иван Грозный, О. Велгалм, Оливер Кромвел, Пётри I ва Екатеринаи II меравад.
Қисми чорум бахшида ба ҳолати давлатдорӣ ва руйдодҳои солҳои 1789 – 1871 буда, таърихи муборизаи мустамликадории амрикоиҳоро барои мустақил буданашон шарҳ медиҳад. Ҳамчунин, дар ин қисм хонандагон дар бораи инқилоби бузурги Фаронса, худкомагии рӯҳоният, ҷанги Наполион ва ҷанги Қрим огаҳӣ пайдо карда метавонанд.
«Вой бар ҳоли ҳамон ходими давлат, ки ҷангро хомӯш карда наметавонад ва пас аз ҷанг мавқеъи худро аз даст хоҳад дод» - гуфта аст О. Бисмарк ва маънои ақоиди худро дар он вақт исбот карда аст.
Қисми панҷуми китоб, ки «Фаъолияти давлат дар замони ҳозираи солҳои 1872 – 1919» унвон дорад дар он рўйдодҳои то давраи ҷанги ҷаҳонӣ ба вуқӯъ омада, оварда шуда аст. Дар ин қисм чӣ гуна даст кашидан аз созишномаҳо ва ба сўи низоъҳои умумиҷаҳонӣ рўй овардан инъикос ёфтааст. Таърих исбот менамояд, ки раванди таърихӣ наметавонад бо як маром ва ба як хати рост ҷараён гирад ва наметавонад аз фавқуллода будани худ низ даъво кунад. Китоби «Таърихи умумии дипломатия» бо забони русӣ, содаву фаҳмо навишта шуда, ба хонандаи имрӯза ёрӣ мерасонад, ки доир ба асрҳои гузашта таассурот пайдо намояд.
Ба таваҷҷӯҳи хонандагон расонида мешавад, ки тариқи шуъбаи феҳристнигорӣ инчунин китобхои шавқовари “Дипломатияи Тоҷикистон - дирӯзу имрӯз” ва “Ҳуқуқи дипломатӣ ва консулӣ” ва инчунин дигар китобҳои пурмазмунро дастрас карда метавонанд.
Китоби “Таърихи умумии дипломатия” дар ду нусха, дар фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон, аз ҷумла як нусхааш зери рақами инвентарии 2011/ 933  дар Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ маҳфуз аст. Хонандагон (тадқиқотчиён, донишҷўёни соҳаҳои таърих, сиёсат ва фалсафа, унвонҷўён, аспирантон, докторантон) метавонанд ҳамчун сарчашма дар корҳои илмии худ аз ин китоби пурмазмун истифода баранд.      

Шарофат  Пардаева,
мутахассиси пешбари
Шуъбаи феҳристнигори КМТ

Барчаспҳо: