Бани одам аъзои якдигаранд...
Кормандони муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтанд ба зарардидагони обхезиҳои Бадахшон маоши якрӯзаи кории худро гузаронанд.
Ин тасмим рӯи панҷшанбе дар як ҷаласаи Иттифоқи касабаи Китобхонаи миллӣ гирифта шуд. Касоне, ки суханронӣ мекарданд, аз ҳамбастагӣ бо офатзадагони селобҳои хунин ҳарф мезаданд ва билохира ба қароре омаданд, ки ихтиёрӣ музди якрӯзаи кории худро ба суратҳисоби кӯмак ба зарардидагон гузаронанд.
Обхезиҳои Бадахашону Рашт, ки дар пайи гармии бесобиқаи ҳаво ва об шудани пиряхҳо сурат гирифт, кулли мадуми кишварро нигарон кард. Аз нахустин рӯзи расонаӣ шудани фоҷеаи мудҳиш аз харобии деҳот ва ҳалокати одамону бесарпаноҳ мондани садҳо тан аз сокинони Бадахшону Рашт шаҳрвандон бо ибтикори худ кумаку хайрияҳо ҷамъоварӣ намуданд ва ба роҳҳое ба минтақаи офатзада ирсол карданд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 22-юми июл дар ҷаласаи истирории Ҳукумат барои рафъи оқибати офатҳои табиӣ дар кишвар дастурҳои мушаххас дод ва талаб кард, ки то моҳи ноябри соли равон сокинони ҳамаи рустоҳои харобшуда ва касони бе манзили зистмонда бо хона таъмин шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин супориш дод, ки аз ҳисоби президент ба оилаҳое, ки хонаҳояшон пурра хароб шудаанд, 10 ҳазор сомонӣ ва ба оилаҳое, ки хонаҳояшон қисман вайрон шудаанд, 6 ҳазор сомонӣ кӯмакпулии яквақта дода шавад.
Ҳамчунин Сардори давлат дастур дод, ки тамоми масолеҳи сохтмонӣ ба зарардидагони офатҳои табиӣ аз ҳисоби давлат ройгон таъмин карда шавад.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо пахши як муроҷиатномаи расмӣ аз намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ даъват намуд, ки барои барқарорсозӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба мақомоти тоҷик кӯмак кунанд.
Вазорати умури хориҷии мамлакат хисорати ворида аз офатҳои табии Бадахшону Раштро таҳлил кард ва гуфт, кишвар барои барқарорсозии харобаҳо ва ҷуброни зарари аҳолӣ ба 100 миллион доллари ИМА кӯмаки башарӣ ниёз дорад.
Маврид ба ёдоварист, ки дар пайи обхезиҳои пайваста аз аз 20-уми июл шуруъ шуданд, 8 тан аз сокинон ҷони худро аз даст доданд, деҳаҳо дар Бадахшону Рашт хароб шуданд, садҳо хонавода бе макони зист монданд, пулҳо вайрон ва роҳҳои иртиботӣ миёни ноҳияҳо ва маркази вилоят гусаста шуданд.
Вазорати молия ва “Амонатбонк” бо дастури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои кӯмак ба осебдидагони офатҳои табиӣ дар кишвар суратҳисоби махсус кушодаанд.
Сардори Давлат изҳор дошт, ки шахсони саховатпеша метавонанд тариқи ин суратҳисоб ба зарардидагон кӯмак кунанд.
Инак, он суратҳисоб:
Суратҳисоб бо сомонӣ:
26202972500142101000
МФО 350101626
Суратҳисоби мукотибавӣ 20402972316264
РМА 010002120
Реквизитҳо барои гузаронидани маблағҳо бо доллари ИМА
--------------------------------------------------------------------------------
INTERMEDIARY BANK:
SWIFT:IRVTUS3N
BANK OF NEW YORK
NEW YORK,NY US
--------------------------------------------------------------------------------
CORRESPONDENT BANK:
SBERBANK
(HEAD OFFICE - ALL BRANCHES AND OFFICES IN RUSSIA)
MOSCOW RU
ACCOUNT:890-0057-610
SWIFT:SABRRUMM
--------------------------------------------------------------------------------
BENEFICIARY BANK:
STATE SAVINGS BANK OF TAJIKISTAN “AMONATBONK”
DUSHANBE, TAJIKISTAN
ACCOUNT:30111840000000000076
SWIFT:ASSETJ22
---------------------------------------------------------------------------------
REMITTANCE INFORMATION: TO CREDIT ACCOUNT 26204840200035101000
BENEFICIARY____________________
Реквизитҳо барои гузаронидани маблағҳо бо ЕВРО:
--------------------------------------------------------------------------------
INTERMEDIARY BANK:
SWIFT:DEUTDEFF
DEUTSCHE BANK AG
FRANKFURT AM MAIN DE
--------------------------------------------------------------------------------
CORRESPONDENT BANK:
SBERBANK
(HEAD OFFICE - ALL BRANCHES AND OFFICES IN RUSSIA)
MOSCOW RU
ACCOUNT:9498726/10
SWIFT:SABRRUMM
--------------------------------------------------------------------------------
BANK BENEFICIARY:
STATE SAVINGS BANK OF TAJIKISTAN “AMONATBONK”
DUSHANBE, TAJIKISTAN
ACCOUNT:30111978600000000076
SWIFT:ASSETJ22
---------------------------------------------------------------------------------
REMITTANCE INFORMATION: TO CREDIT ACCOUNT 26204978200033101000
BENEFICIARY____________________
Реквизитҳо барои гузаронидани маблағҳо бо рубли Русия:
БАНККОРРЕСПОНДЕНТ
(CORRESPONDENT BANK) СБЕРБАНК РОССИИ (ОАО)
117997, ВАВИЛОВА УЛ., Д.19
г. МОСКВА, РФ
ИНН 7707083893
БИК 044525225
К/С 30101810400000000225
БАНК ПОЛУЧАТЕЛЯ
(BENEFICIARY BANK) ГОСУДАРСТВЕННЫЙ СБЕРЕГАТЕЛЬНЫЙ БАНК РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «АМОНАТБОНК»
УЛ.ЛОХУТИ, Д.24, г. ДУШАНБЕ, ТАДЖИКИСТАН,
СЧЕТ: 30111810700000000076
SWIFT:ASSETJ22
ПОЛУЧАТЕЛЬ/СЧЕТ
(BENEFICIARY/ACCOUNT) 26204810000032101000
НАЗНАЧЕНИЕПЛАТЕЖА
DETAILS OF PAYMENT
Барои тафсилоти бештар метавонед бо шумораҳои телефони зерин занг занед: 227 33 11
221 70 81