Тулӯи ситораҳои нав. Муҳовараи Муовини раиси Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Ҷумъахон Файзализода

Ба эътирофи умум марҳилаи ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба тулӯи ситораҳои нав дар самои маонӣ табдил ёфт. Озмуне, ки бо ибтикори Пешвои фарҳанггуҳари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гашт, бори дигар ҳақиқати таърихиро собит намуд, ки синоними вожаи тоҷик китоб, дониш, илм аст. Яъне, тоҷик миллатест, ки аз ибтидои вуҷуд то кунун ба ин ганҷи тамаддунсоз арҷ мегузорад, онро азиз медорад, мунису ҳамдам ва раҳнамои хеш медонад.

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гаштани даври ҳалкунандаи озмун комилан табиӣ ва, ҳамзамон, рамзист. Зеро маҳз кохи китоб, ки ганҷи тамаддуни миллати тоҷику соири халқҳоро гирд оварда, муҳити нотакроре дорад, парвозгоҳи истеъдодҳои нодир бошад. Фароҳам овардани беҳтарин шароит ба иштирокдорон имкон дод, ки ҳунару маҳораташонро ба сад ранг ҷило диҳанд.

Дар пайванд ба ин ҳама, миёни директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, муовини раиси комиссияи озмун Ҷумъахон Файзализода ва хабарнигори «Ҷумҳурият» суҳбати ҷолибе сурат гирифт, ки онро манзуратон месозем.

БА ВАҶД НАОМАДА НАМЕШУД

- Ду сол боз ин озмуне, ки дар миёни аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ ғулғула андохт, дар Китобхонаи миллӣ мегузарад. Ва аз баҳое, ки ҳам аз иштирокдорон ва ҳам доварон на як бор шунидам, барои дар сатҳи баланд гузаштани ин муҳимтарин ва густурдатарин ҳамоиши адабӣ шароити созгор фароҳам оварда шудааст.  Бешак, пазироии шоистаи беш аз 300 нафар иштирокдору ҳакамон, ҳамчунин, теъдоди зиёди волидону устодон кори саҳлу сода нест...

- Макони баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузида шудани Китобхонаи миллӣ тасмими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ва маҳз дар асоси супоришу маслиҳатҳояшон мо имконияти мавҷудаамонро таҳлил карда, тадбирҳои иловагӣ низ андешидем, то барои ҳама аҳли озмун шароити мусоиду баробар фароҳам орем. Ба ин хотир, бо назардошти пандемияи коронавирус ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ панҷ толори барҳаворо бо имконияти муосири техникӣ барои ширкатдорону доварони сабқат, ҳамчунин, як толори алоҳидаро барои волидону омӯзгорон ва устодони онҳо вогузоштем. Дар толори шашум монитор ҳам насб карда шуд, то мухлисону ҳаводорон дар ҷараёни озмун бошанд.

Дар назди Китобхонаи миллӣ ситоди махсуси комиссияи озмун созмон ёфт, ки он бояд бо ҳалли оҷили мушкилоти бамиёномада машғул мешуд. Хушбахтона, дар рафти озмун ягон мушкил сар назад.

- Қариб ду ҳафта Китобхонаи миллӣ ба арсаи рақобати шадиди довталабон табдил гашт, ки дар панҷ номинаи он, ба қавле, аз 7 то 70-сола иштирок дошт. Шахсан ба Шумо кадом ҷиҳатҳои озмун бештар писанд омад?

- Ба ҳар ду саволатон соатҳо ҷавоб додан мумкин аст, зеро ҳар рӯзи он басо хотирмон буд. Ба он сабаб, ки кулли иштирокдорон бо тайёрии ба таври ҳайратовар пухта омаданд. Банда ҳар вақте бо лаҳни басо ширин шеъре қироат ё афсонае нақл кардани кӯдаки хурдсол ё ғазал ва достоне басо шево аз омӯзгори солоре мешунидам, ба ваҷд меомадам. Ё худ, вақте хонандаи мактаб ё донишҷӯ бо забони англисӣ ё олмонӣ ва ё русӣ аз адабиёти ҷаҳонӣ порчае ҳикоят мекард, аз фалсафа ё услуби ягон адиби машҳури Ғарб баҳс меорост, на танҳо шод мегаштам, балки ифтихор мекардам.

Чанд соли охир Ҷаноби Олӣ дар мулоқот бо ҷавонону омӯзгорон пайваста зарурати омӯхтани забонҳои хориҷиро таъкид месозанд, то ки насли имрӯзу фардо на танҳо мутахассиси хуб, балки забондон ҳам шавад. Ва дар озмун мо шоҳиди нахустин натиҷаҳои ба ин насиҳату панди падаронаашон гӯш фаро додани наврасону ҷавононамон шудем.

Гуворотарин кашфиёт барои банда ҳозирҷавобии иштирокдорони хурдсол буд, ки ҳатто аз саволҳои паёпайи ҳакамон худро гум намекарданд. Ҳамчунин, як падидаи бисёр муҳимро махсус зикр кардан мехоҳам. Аз қироату ривояти дуруст, ҷавобҳои пухта яқин ба чашм мезад, ки довталабон ҳар чи хондаанду гуфтанд, қориазёд нест, яъне мазмуну муҳтавои асари хондаро дарку ҳазм намудаанд.

КИТОБ БА МАСНАДИ АРЗАНДА МЕНИШИНАД

- Комилан бо Шумо мувофиқам, чунки зимни мушоҳидаи сабқат дар чанд номина ҳамин ҷиҳати умда ба ман низ ифшо шуд. Чанд соли охир аҳли ҷомеа изҳори нигаронӣ менамуданд, ки ҷавонони мо побанди телефонҳои мобилию шабакаҳои иҷтимоӣ шуда, аз китобу китобхонӣ дур мешаванд, дар мактаб хонишашон суст мегардад. Назари Шумо ба ин масъала чӣ гуна аст?

- Супориши махсуси чанд сол пеш додаи Сарвари давлатро ёд доред дар бораи дар ҳама шаҳру навоҳӣ кушодани мағозаҳои китоб? Вазъият дар кишвар ба дараҷае расида буд, ки дар бисёр маҳалҳо мағозаҳои китобро барҳам зада, ба ҷояшон мағозаҳои колофурӯшӣ карданд. Ҳол он ки бе китобу донишандӯзӣ ягон миллат бақо надорад. Ва бузургию дурбинии Пешвои миллатамон бори дигар дар он зуҳур кард, ки ҳамин лаҳзаи ҳассосро сари вақт пай бурданд. Дар натиҷа, аз сари нав мағозаҳои китоб пайдо шуданд. Онҳо чӣ хел китобҳо доранд, ин масъалаи дигар аст. Ғайр аз ин, масъалаи дастгирии китобхонаҳои шаҳру навоҳӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ, ғанисозии фонди онҳо ҷиддитар шуд, ки дар ин бобат Китобхонаи миллии Тоҷикистон саҳмгир аст.

Идомаи мантиқии ин масъаларо дар озмуне, ки мову шумо сари он суҳбат дорем, метавон дид. Дар он аз деҳа сар карда, дар маҷмӯъ, даҳҳо ҳазор нафар хурду калон иштирок доштанд. Аз ҷумла, беш аз 300 нафар ба даври ниҳоӣ расид. Ин бисёр хуб аст. Ба он хотир, ки озмун як падидаи ҳаётан муҳимро рӯнамо кард: наврасону ҷавонони мо дубора рӯ ба китоб оварда истодаанд. Ин аст бурди озмун, барҷастатарин натиҷаи он. Зеро ин 300 нафарро соли дигар се ҳазор пайравӣ мекунад, панҷ сол пас 50 ҳазор. Чунки ибрати хуб «сирояткунанда» аст. Он, ҳамчунин, волидонро ба ҷунбиш меорад, зеро дар онҳо хоҳиши табии дар қатори ана ҳамин беҳтаринҳо дидани фарзандонашон пайдо мешавад.

- Паҳлуи дигари масъала низ ҳаст. Ғолибони озмун ғайр аз маъруфият дар ҷомеа мукофоти пулӣ ҳам гирифтанд. Магар боиси фахри падару модар нест, ки фарзанди ҳанӯз мактабхон ё донишҷӯяш ба хона бо меҳнати ҳалол даҳ ё бист ҳазор сомонӣ орад? Ин аст қадри дониш.

- Бешубҳа. Ин ҷо мехоҳам як нуктаи муҳимро таъкид созам. Агар ёд дошта бошед, соли нахустини баргузории озмун ҷоизаи пулӣ барои ғолибон аз 5 ҳазор то 15 ҳазор буд. Шоҳҷоиза бошад, 30 ҳазор сомонӣ. Чун илму маърифат зербинои ҷомеаи пешрав аст, Сарвари дурандешу хирадпарварамон барои ҳарчи бештар ҳавасманд намудан ба илму донишандӯзӣ маблағи ҷоизаҳоро ду баробар зиёд карданд. Ҳар номина ба се гурӯҳ ҷудо шуда, теъдоди ҷоизаҳои якуму дуюму сеюм дутоӣ зиёд гардид. Дар маҷмӯъ, маблағи ҷудошуда қариб яку ним миллион сомониро ташкил дод. Воқеан ҳам, беҳтарин сармоягузорӣ ба илму маърифат аст.

Зимнан, кори бисёр наку шуд, ки дар баробари ғолибон 100 иштирокчии фаъол «Ифтихорнома» - и Вазорати маориф ва илм ва 1000 сомонӣ туҳфа гирифт. Инчунин, бо пешниҳоди вазири маориф ва илм шаш иштирокчӣ, ки имсол хатмкунанда аст, соҳиби Квотаи президентӣ гардид. Се шоири тозагӯ ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешбарӣ шуд.

ЗАҲМАТИ ОМӮЗГОРРО НОДИДА НАГИРЕМ

- Озмун ҷамъбасту ғолибон муайян ва қадр шуданд. Ин чорабинии муҳташами фарҳангӣ то дер дар хотирҳо нақш хоҳад баст. Эҳтимол, вақтҳои наздик ба озмуни нав омодагӣ шурӯъ шавад. Дар ин иртибот шояд як масъалаи дигарро ба эътибор гирифтан аз манфиат орӣ набошад. Мо барҳақ беҳтарин хонандаю донишҷӯёнро тантана кардем. Шояд дар озмунҳои минбаъда дар қатори ғолибон ҳеҷ набошад омӯзгоронашонро ҳам ном гирем? Зеро дар таҳкурсии ғолибияти онҳо ранҷи омӯзгорони забон ва адабиёт кам нест. Лекин онҳо аз мадди назар дур афтодаанд. Чуноне мегӯянд: «Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан...».

- Пешниҳоди сара ва бамавқеъ. Дар ҳақиқат, ба ҳар поя аз заҳмату ранҷи устодон мерасем ва ба онҳо арҷ гузоштан фарз аст. Ин барои халқи мо анъанаи қадимист. Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» озмуни навест, ки қадамҳои нахустин мегузорад ва мутасаддиёнаш якбора тамоми паҳлуҳои онро дидаву фаро гирифта наметавонанд. Он сол ба сол такмил ёфта, фарогиртар мешавад. Бовар дорам, ки дар озмунҳои минбаъда онҳое ҳам, ки дар таълиму тарбияи чунин хонандагони парчамбардор саҳм доранд, мақоми арзанда хоҳанд гирифт.            

- Шумо ба масъалаи мағозаҳои китобфурӯшӣ ва китобхонаҳо ишора кардед. Ҳангоми аз ҷониби довталабон ном гирифтани асарҳои хондаашон номи асарҳое ҳам садо доданд, ки баъзеҳо ҳатто нашунидаанд. Умуман, дастрасӣ ба китобҳое, ки онҳо бояд ҳатман хонда бошанд, махсусан асарҳои адибони хориҷӣ, мушкил нест?

- Аслан, вобаста ба ҳар номина миқдори асарҳо муқаррар карда намешавад, лекин асарҳои шоирону адибони машҳурро бояд донисту хонд. Албатта, дар масъалаи дастрасӣ ба адабиёти гуногун шароити деҳот аз шаҳр фарқ мекунад. Мо дар Китобхонаи миллӣ шуъбаи махсус созмон додем, то ки ҳар хоҳишманд китоби доираи озмунро пайдо карда тавонад. Бешубҳа, на ҳар нафар имкони омаду рафт ба пойтахтро дорад. Мо, ҳамчунин, мефаҳмем, ки дар китобхонаҳои шаҳру навоҳӣ на ҳама китобҳои зарурӣ мавҷуданд. Аз ин хотир, бо вазорату муассисаҳои дахлдор ва мақомоти маҳаллӣ аз пайи тадбир ҳастем, ки дастрасӣ ба адабиёт дар маҳалҳо беҳтар шавад. Ғайр аз ин, хеле хуб аст, ки наврасону ҷавонон бештар тавассути сомонаҳо китобҳоро пайдо карда мехонанд. Дар ин сомонаҳо зиёд кардани варианти электронии асарҳои тоҷикӣ аз муҳимтарин масъалаҳост.

- Дар ҷамъбаст оё аз ҷониби ҳакамон низ пешниҳодҳои судманд шуданд?

- Бале, чун ҳакамон давоми қариб ду ҳафта бо иштирокдорон бевосита сару кор доштанд, ҳусну қубҳ барояшон рӯшантар буд. Аз ин рӯ, пешниҳоди онҳо дар ҳақиқат ба манфиати кор аст. Аз ҷумла, ба озмун ворид кардани номинаи «носирӣ». Воқеан ҳам, насри муосири тоҷик ба насли ҷавону тозаҷӯ ниёзи шадид дорад. Пешниҳоди дигар, ба ду гурӯҳ ҷудо кардани шоирон аст. Дар рафти озмун дидем, ки навқалами мактабхон бо шоири таҷрибадору огоҳ баробар шуда наметавонад. Чанд дархости дигари ҳакамон мавриди баррасӣ қарор дорад.

- Шумо ояндаи озмунро чӣ гуна мебинед?

- Пас аз анҷоми озмун Сарвари давлат барои беҳтару густурдатар роҳандозӣ кардани он маслиҳатҳои судманд доданд ва дар ин асос тамоми тадбирҳо андешида мешаванд, ки «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» фурӯғи нави маърифат дар ҳар хонадони тоҷик гардад.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”

Бознашр аз рӯзномаи “Ҷумҳурият”. Матни пурра ин ҷост: Тулӯи ситораҳои нав 

Барчаспҳо: