«Ёдгори дил» маҷмўаи тозаи ашъори Ҳоҷиб аст иборат аз ғазал, мухаммас, маснавӣ ва ғайра. Чунон ки аз жанри шеърҳои маҷмўа бармеояд, муаллифи он дар ҳавои сухани чакомасароёни гузашта ва шеъру адаби форсии тоҷикӣ хома меронад ва чакидаҳои онро ҳамчун таровишҳои андешаю эҳсоси хеш ба мардум пешкаш мегардонад.
Оҳангу ҳавои сухани шоир майл ба сухани пирони маърифат, соликони роҳи ҳақиқат дорад. Дар шеъри ў нақшу таъсири шоирони суфӣ ва орифони раҳсипори мулоқоти Худоро ба хубӣ эҳсос намудан мумкин аст. Махсусан дар ғазалҳои Ҳоҷиб маънию мазмунҳои орифона хеле зиёданд. Шоир завқу салиқаи хешро дар атрофи ашъори оламгири форсӣ обутоб додааст. Равонию суфтагии калом, афкори ирфонӣ дар навиштаҳои шоир далели равшании ин гуфтаҳост.
Гар равам рўзе ман аз ин дарди пинҳонам ба хок,
Мебарам ҳамроҳи худ ин шўру исёнам ба хок.
Чашм пўшам бо умеде, ки бубинам рўи ту,
Ҷўяд аз ҳар зарра меҳрат чашми гирёнам ба хок.
Чунон ки зикр шуд, Ҳоҷиб дар қолабҳои суннатҳои классикии форсӣ-тоҷикӣ шеър мегўяд ва аз имкониятҳои дохилию зохирии онҳо хуб истифода менамояд. Сухани равон, каломи нарму гўшнавозонаи шоиронаи ў далели аз назокати шеъри классикӣ ба хубӣ баҳрабар будани шоир аст.
Ашъори Ҳоҷиб аз нигоҳи муҳтаво ва дарку тасвири зиндагӣ, мушоҳидаҳо ва бардоштҳои шоирона низ хеле рангин мебошад. Муаммои ишқу муҳаббат дар шеъри ў серпаҳлу ва сермаъност. Шоир дар атрофи падидаи ишқ ҳамчун омили абадияти зиндагӣ, ҳаракати рўҳонию ҳисси инсон ва роҳу василаи ба камоли одамият расидан дар ғазалҳояш андешаҳои ҷолибро ба миён мегузорад. Ў кўшиш ба харҷ медиҳад, ки ин мавзўи суннатии шеъри ҳазорсолаи форсиро аз нигоҳи имрўз дарку тасвир намояд, қазовати онро, ки шоир ба ин ҳадаф чӣ андоза расидааст, ба хонандаи соҳибзавқ ҳавола менамоем ва ин ҷо як чизро таъкид карданием, ки шоир дар ҳар ғазал барои гуфтани сухани тоза ва тасвири ҷолиб кўшиш мекунад.
Худи Ҳоҷиб марди рўзгодида ва аз таҷрибаи зиндагӣ баҳрабардошта аст. Аз ин рў дар ашъораш ҷо-ҷо ангезаи панду андарзгўиҳои хубе ба назар мерасад. Ин ба синну сол ва таҷрибаи зиндагии муаллиф созгору муносиб аст. Барои ифодаи ин гуна мазмуну маъниҳо вай қолабҳои маъмули шеъри тоҷикӣ жанри ғазалро писандидааст ва ғолибан дар ин жанр шеър мегўяд. Ғазалҳои Ҳоҷиб дар баробари маънию мазмунҳои нафису нозуки лирикӣ, дорои ҷолибиятҳои зиёди лаҳнию лафзӣ ҳам мебошанд. Онҳо ба забои шево ва лаҳну оҳанги дилнишин гуфта шудаанд. Ғайр аз ин дар китоби мазкур як чанд маснавӣ мухаммас ҳам ҷой дода шудаанд. Махсусан гуфтани мухаммас ё тазмин ба шоири дигар аз муаллиф масъулияти махсус ва истеъдоди баландро талаб мекунад. Ҳоҷиб ҷуръат карда ба ашъори Бедилу Камоли Хуҷандӣ барин сухансароёни бузург мухаммас бастааст. «Дурдонаҳои маърифат», «Чароғи дил» маснавиҳои пурмазмун буда, бо мазмуну маъниҳои ирфонӣ ба қалам дода шудаанд. Ҳадафи шоир ситоиши Худо, орзуи расидан ба дидори Ҳақ мебошад.
Хулоса китоби мазкур дастагуле аз ҷаҳони афкору андеша ва розу ниёзҳои рўҳонию маънавии як нафар инсони соҳибдил, соҳибзавқ ва солиқи роҳи маърифату ҳақиқат аст. Шоир хонандаи соҳибзавқро ба ин дунёи рангини хеш даъват менамояд ва мехоҳад, ки ҷонҳои ташнаро ба кломи зебою волояш шодбош гардонад.
Китоби “Ёдгори дил” соли 2019 чоп шудааст ва шумо онро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Шаҳло Раҳимова