Дар муддати як соли сипаришуда шумори хонандагони Китобхонаи миллӣ 24 ҳазору 865 нафар афзудааст. Аксари хонандагони нав аъзошуда донишҷӯёни мактабҳои оливу миёнаи пойтахти кишвар ва навоҳии атрофи онанд. Бино ба омори дастрасшуда 1351 нафари онҳо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд. 1300 нафар аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, 1283 аз Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, 732 нафар аз Донишгоҳи техники Тоҷикистон ва ғайра мебошанд.
Моҳҳои ноябр ва декабри соли гузашта пурхонандатарин моҳҳои сол буд, ки баъзан хонандагон ҷойи нишаст намеёфтанд.
Шароити мусоид, толорҳои хониши гарм, хизматрасонии хубу саривақтӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки хонандагон беш аз ҳар вақти дигар ба Китобхонаи миллӣ ҷалб мешаванд.
Боиси хушист, ки назар ба солҳои пеш сафи хонандагон аз ҳисоби хонандагони мактабҳои миёна меафзояд. Танҳои соли гузашта 6177 нафар аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 1468 нафар аз литсей ва гимназияҳо, 160 нафар аз коллеҷҳо ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд.
Дар ин муддат 59 нафар шаҳрвандони хориҷӣ низ узви Китобхона шудаанд. Шумори маъюбон дар миёни аъзои Китобхона дар як соли гузашта 88 нафар афзудааст.
Малика Абдуллоева,
Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.