Мулоқоти хотирмони маъюбон бо Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким. Ӯ гуфт: Барои миллат менависам!
Нашр шуд 2021-01-18 16:24
Охири ҳафтаи гузашта дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон маҳфили адабии «Ганҷи сухан» бо иштироки Шоири Халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким доир гардид.
Ӯ дар оғози сӯҳбаташ аз афзудани шавқу завқи китобхонии мардум пас аз эълон шудани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ибрози назар намуда, афзуд, ки дар озмун хонандагон на танҳо бо забонони тоҷикӣ, балки бо инглисиву русӣ китобҳои хондаашонро қисса мекарданд. Ин барои мо ифтихори бузург буд. Фикр мекунам, ки даъвати ман ҳам давоми озмуни «Фуруғ…» аст, зеро аз ҷониби шумо хоҳиш шудани вохӯрӣ бо нависандаи китоб аз он шаҳодат медиҳад, ки ба китоб арҷ мегузоред.
Сипас аз қисмати нависанда ва адиби Фаронса Виктор Ҳуго қиссаи ҷолибе кард:
-«Виктор Ҳуго, яке аз асосгузорони адабиёти навини Фаронса ба ҳисоб меравад. Асаре менависад бо номи «Радди маъракашудагон». Ва ин радди маъракашудагон синфи коргар дар Фаронса аст. Асар аз рӯзгори коргарони Фаронсаи асри 19 нақл мекунад. Вақте китоб нашр шуд, ҳукумати вақти Фаронса мегӯяд халқи мову синфи коргари мо ба ин дараҷа қашшоқона зиндагӣ намекунанд. Ҳукм мекунад, ки ӯро дастгир карда, маҳбус намоянд. Виктор Ҳуго мегурезад, ба кишварҳои ҳамсоя меравад. Як ду -сол умраш дар гурезогурез мегузарад. Як рӯз Порис ба дидани дӯсташ меояд ва борониву айнаки сиёҳ ва кулоҳи калон мепӯшад, ки нашиносандаш. Ҳукумати Фаронса барои ҳар касе, ки дар куҷо будани Ҳугоро хабар диҳад 50 ҳазор франк ҳадя ваъда карда буд. 50 000 франки асри 19 шояд чандсад ҳазор доллари имрӯз арзиш дошт. Як фойтунро киро мекунад, ки ба хонаи дӯсташ равад, вақти фаромадан ба фойтунчӣ 5 франк ҳаққи роҳкироро медиҳад. Ин чанд баробар бештар аз арзиши вақеии роҳкиро буд. Фойтунчӣ мегӯяд:
-Ҷаноб ин 5 франкро барои худ нигоҳ доред, касе, ки аз баҳри 50 000 франк гузаштааст, бе ин 5 франк ҳам метавонад зиндагӣ кунад.
Ҳуго фаҳмид, ки фойтунчӣ ӯро шинохтааст. Аз ин ҳол дар ҳайрат шуда, мегӯяд:
- Миллате, ки ҳамин гуна як намоянда дошта бошад, ҳаргиз аз байн намеравад.
Аз хондани ин қисса сахт мутаасир шудам ва фикр кардам, ки оё миллати ман чунин намоянда дорад? Ва оё як нафар хидмати шоир ва нависандаро ҳамин гуна қадр мекунад, мо барои мардум асар нависем ё нанвисем?
Дар ин фикр будам, ки «Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам» -и Садриддин Айнӣ ба дастам расид. Аввали асри 20, яъне соли 1917 дар Самарқанду Бухоро як идда равшанфикрон бо номи ҷадидон, яъне навгароҳо ҷамъ омаданд, ки аз дӯстони Садриддин Айнӣ буданд. Ба арки Бухоро рафтанд. Намоиши Шукрона ташкил карданд, ки ба амир барои раҳбарияш ташаккур гӯянду хоҳиш кунанд тарзи давлатдориро дигар кунад ва бештар ба илму маданият таваҷҷӯҳ кунад. Айнӣ медонист, ки чунин вохӯриҳо ба хубӣ намеанҷомад. Ба дӯстонашон гуфт ба Арки Бухоро наравед, амир шуморо саркӯб мекунад. Онҳо бовар накарданд. Ва рафтанд ба намоиш. Устод Садриддин Айнӣ дар хонааш нишаста буд. Воқеан амири Бухоро супориш дод, ки намоишгаронро тирборон кунед. Ҳамаро зада, парешон карданд. Устод Айниро заданду куфтанд. Ва ба назди қушбегӣ бурданд. Ба ӯ гуфтанд, ки ту низ дар намоиши Шукрона иштирок кардаӣ. Барои он, ки шахсияти устодро муайян кунанд, бояд се кас шоҳидӣ диҳанд. Қушбегӣ пурсид, ки ин Айнӣ аст? Ҳама ба як овоз гуфтанд бале, ин Айнӣ аст. Ба 75 дурра задан маҳкум мекунанд. Маъмулан баъд аз 75 дурра задан касе зинда намемонад.
Айнӣ дар хотироташ менависад, ки аз байни садоҳо овозеро шунидам, ки мегуфт ин Айнӣ нест. Садоҳои дигар садои ӯро пахш карданд. Ба ӯ нигаристам ӯ як дуторнавозе аз гуруҳи машшоқони амир буд, ки маро нағз мешинохт. Устод Айнӣ менависад, ки хушбахтона овози ӯ дар байни овозҳои дигар пахш шуда буд. Вагарна қушбегӣ уро ба 75 дурра хукм мекард ва ӯ мемурд.
Вақте ин нақлро хондам, гуфтам миллати ман низ чунин намоянда дорад. Пас барои ин миллат бояд навишт. Мехонанд ё не, хоҳам навишт,-гуфт Аскар Ҳаким.
Аскар Ҳаким аз ҷумлаи шоирон ва пажӯҳишгарони маъруфи кишвар аст, ки хизматҳояш дар рушди адабиёт аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба як қатор ҷоизаву нишонҳо қадрдонӣ шудааст. Ӯ Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ ва Корманди шоистаи Тоҷикистон аст.
Баргузидаи ашъори Аскар Ҳаким бо унвони «Баргпайванд» соли 1993 дар Амрико рӯи нашр омад. Ӯ дар баробари офаридани шеър фаъолияти мунаққидӣ, тарҷумонӣ, журналистӣ ва адабиётшиносӣ низ доштааст. Асарҳои бархе аз адибони баном, аз ҷумла: В. Биков «Сотников» (1979), М. Ю. Лермонтов «Хазинадорзани тамбовӣ» (1981), А. Данте «Мазҳакаи илоҳӣ» (бахши «Дузах», 1987)-ро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Мулоқот бо Аскар Ҳаким хеле шавқовар буд ва дергоҳ дар хотири ширкаткунандагон хоҳад монд.
Рахима Аъзам,
шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.