чорабинихои фарханги

Мулоқоти хотирмони маъюбон бо Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким. Ӯ гуфт: Барои миллат менависам!

Охири ҳафтаи гузашта дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон маҳфили адабии «Ганҷи сухан» бо иштироки Шоири Халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким доир гардид.

Ӯ дар оғози сӯҳбаташ аз афзудани шавқу завқи китобхонии мардум пас аз эълон шудани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ибрози назар намуда, афзуд, ки дар озмун хонандагон на танҳо бо забонони тоҷикӣ, балки бо инглисиву русӣ китобҳои хондаашонро қисса мекарданд. Ин барои мо ифтихори бузург буд. Фикр мекунам, ки даъвати ман ҳам давоми озмуни «Фуруғ…» аст, зеро аз ҷониби шумо хоҳиш шудани вохӯрӣ бо нависандаи китоб аз он