Тавсифи мухтасари қисме аз дастхатҳои китобхонаи миллии Тоҷикистон. Ҷомӣ, Навоӣ, Аттор, Улуғбек.
Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ (соли таваллудаш 1414, вафоташ 1492) мутаффакир, шоир ва донишманди бузурги садаи ХV ба ҳисоб меравад. Бештари асарҳои ў оид ба аҳлоқ, фалсафа, тасаввуф, тасфир, фиқҳ, сарфу наҳви забони арабӣ, арузу қофия, мусиқӣ, тарҷумаи ҳол ва ғайра навишта шудаанд. Асарҳои адабиаш аз назму наср иборат буда, ба шакли жанрҳои гуногунанд. Аз Абдурраҳмони Ҷомӣ ба замони мо девонҳои «Фотиҳат-уш-шубоб» (1479), «Воситат-ул-иқд» (1480), «Хотимат-ул-ҳаёт» (1492), асари насрии «Баҳористон» (1487), маснавиҳои ҳафтгонаи «Ҳафт авранг» ва дигар асарҳояш расидаанд.
Соли 1970 шўъбаи дастхатҳои китобхонаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишери Навоӣ дастхати Абдурраҳмони Ҷомӣ «Муаммои кабир»-ро пайдо карда буд. Ин дастхат 200 сол дар хонадони Бибисорои Самарқандӣ нигаҳдорӣ шудааст. Соли 1914 Бибисорои 95 сола ба наберааш Абдурасул гуфтааст, ки «Ман акнун пир шудам, ба ту китобе, ки аз бобокалонат мерос мондааст, медиҳам. Онро эҳтиёт кун. Ин китоби устоди шоирон аст». Абдурраҳмони Ҷомӣ «Муаммои кабир»-ро дар синни 33 солагиаш, яъне соли 1452 таълиф кардааст.
*** *** ***
Амир Низомиддин Алишери Навоӣ (соли таваллудаш 1441, вафоташ 1501), мутафаккир ва шоири барҷаста, шогирд ва дўсти наздики Абдурраҳмони Ҷомӣ буд. Алишер Навоӣ «Чаҳор девон», «Майдони балоғат», «Хамса», маснавии «Лисон-ут-тайр», Панднома», «Чиҳил ҳадис», «Девони фонӣ», «Маҷолис - ул нафоис», «Муншоот», «Муҳокимат-ул-луғатайн», «Мабуб-ул-кулуб» ва асарҳои дигар эҷод кардааст.
Ҳоло дар китобхонаи Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ӯзбекистон ба номи Абурайҳони Берунӣ яке аз девонҳои шоир таҳти рақами 2223 нигоҳ дошта мешавад. Ин достони бе мислу монанди хазина мебошад. Нақшу нигори зарҳалин, ҳусни хатти ҷамил, санъати наққошию саҳҳофии вай ҳамто надорад. Маълумотҳои анҷомии дастхат шаҳодат медиҳад, ки девонро давраи дар ҳаёт будани Алишери Навоӣ ҳаттоти бузург Султон Алии Машҳадӣ солҳои 1492-1493 бо хатти настаълиқ нусхабардорӣ кардааст.
Девони дигари Алишери Навоӣ бо ҳусни хатти ҳамин хаттот соли 1465 дар варақҳои щоҳӣ, бо ислимкориҳои беназир анҷом ёфтааст ва ҳоло он дар қитобхонаи давлатии ба номи Салтиков-Щедрин (ҳоло Китобхонаи миллии ФР)-и шаҳри Санкт Петербург мебошад.
*** *** ***
Муаллифи дастхати «Тазкират-ул-авлиё» Шайх Фаридаддин Муҳҳамад Аттор (соли вафоташ тахминан 1230-1234) мегўянд,ки ў гуё 121 сол умр дидааст ва мероси адабиаш аз 114 то 190 номгўй мебошад.
Аз Аттор маснавиҳои «Асрорнома», «Илҳомнома», «Панднома»,»Хусравнома», «Мантиқ-ут-тайр», «Девони қасоид», ғазалиёт ва чанде аз асарҳои дигари ў ба мо расидааст.
«Тазкират-ул-авлиё» ягона китоби насриест ки аз Аттор ёдгор монда. Ин асар соли 1220 дар ду қисм навишта шуда, аз намунаҳои хуби насри форсу тоҷик ба шумор меравад. «Тазкират-ул-авлиё» маноқиби суфия ва мақоми ахлоқи 75 нафар аз машоиҳи тариқатро ба сирати онҳо (яъне, аз шарҳи ҳоли Ҷаъфар бинни Муҳаммад Содиқ то Имом Муҳаммад Боқир) инъикос намудааст. Китоби мазкурро соли 1418 Ҳофизи Алоф дар Шероз ба номи Султон Иброҳими Мирзо (писари Шоҳрух Курагон) ба назм кашида, номи онро «Валинома» ниҳодааст.
Нусхаҳои «Тазкират -ул-авлиё», ки охирҳои садаи ХV111 ва ибтидои асри Х1Х нусхабардорӣ шуданд, дар шўъбаи дастхатҳо ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфузанд.
Нусхаи кадимтарини «Тазкират-ул-авлиё (соли нусхабардориаш 1286) дар Китобхонаи донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишери Навоӣ ва нусҳаҳои дигари вай дар китобхонаҳои шаҳрҳои
Тошканд ва Берлин нигоҳ дошта мешавад.
Яке аз асарҳои машҳури Аттор «Мантиқ-ул-тайр» (соли нусхабардориаш 1483-1487) дар Осорхонаи санъати метрополитени Амрико маскан ёфтааст.
*** *** ***
Мирзо Улуғбек (соли таваллудаш 1394, вафоташ1449) аз овони ҷавонӣ бо китобҳо камол меёфт. Ӯ ҳамроҳи бобояш Амир Темур дар юришҳои ҳарбӣ аз китобхонаи «юришӣ» мунтазам истифода мебурд. осори бузургон ба ҷаҳонбинӣ ва эҷоди асарҳои минбаъдаи ў кумак мерасонданд. «Xадвали ситорашиносӣ»- и Мирзо Улуғбек беҳтарин асаре буд аз кашфи кайҳонӣ, ки олимони дунёро ба ваҷд меовард.
Мирзо Улуғбек дар ин ҷадвал нуқтаҳои 1018 ситораро нишон дода, дар илми ситорашиносӣ муваффақиятҳои барҷаста ба даст овардааст. «Ҷадвали ситорашиносӣ»-и Мирзо Улуғбек рўзҳои мо ҳам моҳияти худро гум накардааст. Нусхаи нахустини вай соли 1456 ба Ҳирот гузашт. Онро бо амри Алишери Навоӣ нусхабардорӣ карданд. Ҳоло нусхаҳои форсию арабии ин асар дар китобхонаҳои калонтарини собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва китобхонаҳои Берлин, Порис, Оксфорд, Кембирҷ, Ватикон, Қоҳира мавҷуданд.
*** *** ***
Аҷаб осори парокандае. Оиди дастхатҳои ғарбиву пароканда номзади илми филологӣ Э. Шодиев навиштааст, ки «Авазмуҳаммад Нозили Хуҷандӣ (1790-1878) зиёда аз ҷиҳил сол дар Қуқанд зиндагӣ кардааст. Ба рўзҳои мо чаҳор нусха девони ў расидааст. Яке дар дасти сокини шаҳри Душанбе Саидмурод Султонов, дуввумин дар дасти сокини шаҳри Қуқанд Аскархон Акбаров, саввумин дар дасти аъзои колхози ба номи В.И Ленини ноҳияи Ӯзбекистони вилояти Фарғона Абуғаффор-ота ва чаҳорумин дар китобхонаи шахсии яке аз сокинони шаҳри Самарқанд мебошанд. Девони Нозили Хуҷандӣ даҳ ҳазор мисраъ ғазал, мухаммас, қасида, мувашшаҳ, маснавӣ, рубоӣ ва марсияро дар бар мегирад».
Бознашр аз китоби Б.Аҳмадов ва Ҷ.Раҷабов “Мақоми китоб дар фаҳанги мардуми тоҷик”, Душанбе, 2016.
Таҳияи Шарофат Мирзоева, сармутахассиси шуъбаи
илмӣ ва тадқиқотӣ.