Шабҳои нур дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2018-11-23 17:21
Дар мавсими зимистон Китобхонаи миллӣ то соати 20:00 кор мекунад. Ин низоми аз қабл таъиншудаест. Баҳору тобистону тирамоҳ соати корӣ аз 8:00 то 22:00, аммо чун зимистон шабҳои сард дорад ва равуои хонанда ҳам аз мушкили нақлиёти шабона мушкил аст, реҷаи корӣ то ҳашти бегоҳ таъин шудааст.
Шаби гузашта ҳамкорамон Хусрави Милод аз берун бинои Китобхонаро аккосӣ кардааст. Ва мо ин чанд акси ӯро, ки ҳоло мебинед, “Шабҳои нур дар Китобхонаи миллӣ” номидем.
Ва басо нуронист бинои китобхона дар шабонгаҳон аз берун. Ин нурест аз нури шаб ва ин нур бояд хонандаро ҳам ба ин бино кашад. Чун ин бино аз дохилу берун, дар шаб ва рӯз нуронист. Ҳазорон ҳазор китобҳои нуроние дар он маҳфузанд, ки роҳи зиндагиро барои хонандагонашон нуронӣ мекунанд.
Пас ташриф оред ба ин кони нури маърифат чӣ шаб ва чӣ рӯз...