Ман намегуям, ки ў аз дори дунё рафтааст.
Моҳи сентябри соли ҷорӣ ба зодрӯзи устод Муҳаммад Осимӣ 100-сол пур мешавад. Ў нобиғаи нотакрор, олим ва донишманди бофарҳанги тоҷик буд. Мо ўро месазад дар радифи Айнӣ, Турсунзода ва тарихшиноси машҳури тоҷик Бобоҷон Ғафуров ном барем. Муҳаммад Осимӣ солҳои тӯлонӣ аз соли 1965 то соли 1988 яъне тӯли 23 сол Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Чи тавре, ки аз таърих медонем, Садриддин Айнӣ аввалин Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Пас аз устод С. Айнӣ ин рисолатро Муҳаммад Осимӣ ба души худ гирифта, он андешаҳои устод Айниро барои рушду нумуи илми тоҷик роҳандозӣ намуд.
Имрўзҳо Муҳаммад Осимӣ дар байни мо набошанд ҳам, вале бо он корҳои дар соҳаи илму маърифат кардаашон рўҳан бо мо ҳастанд. Муҳаммад Осимӣ ҳамчун ходими сиёсию фарҳангӣ, на танҳо дар қаламравӣ собиқ Итиҳоди Шуравӣ ва берун аз он дар Афғонистон, Покистон, Эрон, Ҳиндустон ва дигар мамолики дунё маълуму машҳур буд.
Муҳаммад Осимӣ соли 1920 дар шаҳри қадимаи Хуҷанд чашм ба олам кушода, таҳсилоти миёнаашро дар зодгоҳаш гирифтааст. Баъдан таҳсилоташро дар шаҳри Самарқанд идома дода, соли 1941 факултаи физикаю матиматкаи Донишгоҳи шаҳри Самарқандро бо баҳои хубу аъло хатм кардааст. Ў баъд аз ғалабаи ҶБВ ба зодгоҳаш шаҳри Хуҷанд баргашта, фаъолияташро дар Донишкадаи омўзгории шаҳри Хуҷанд ба ҳайси омўзгор идома додааст.
Муҳаммад Осимӣ аз соли 1952-1956 аспиранти академияи илмҳои ҷамъиятшиносӣ буд. Дар зери ҳимояи роҳбари илмияш олими намоёни Шуравӣ Кедром Б.М. рисолаи илмияшро дифо намуд. Аз соли 1956-1962 ў нахустректори Донишкадаи Политехникии Тоҷикистон буд. Дар солҳои фаъолияти кориаш дар ташаккули илмҳои техникӣ ва кадрҳои соҳибихтисос заминаи таърихӣ гузошт. Ин талошу заҳматҳои онро ба назар гирифта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи Политехникии Тоҷикистонро ба номи Муҳаммад Осимӣ гузошт.
Аз соли 1965 Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин шуда, то соли 1988 кору фаъолият намудааст. Дар ин муддат бо кӯшиши Президенти Академии илмҳо муассисаҳои нави тадқиқотӣ пажӯҳишгоҳҳои биологии Помир (1969), шарқшиносӣ 1970, математика ва маркази ҳисоббарорӣ (1973), шуъбаҳои генетикӣ ва мухофизатӣ, муҳити зист ташкил шуданд ва дар соҳаҳои илмҳои номбаршуда ҳиссагузорӣ кард. «Материя ва тасвири физикии олам» ва асари дигараш «Пайдоиш ва ташаккули тафаккури фалсафӣ» асарҳое мебошанд, ки мавсуфро дар олам муаррифӣ намуданд.
Китоби дигари устод «Материализми диалектикӣ» (1971 бо М. Болтаев) мебошад, ки ҳамчун китоби дарсӣ барои донишҷуён тавсия шудааст.
Дар 4-5 соли охир дар марказхои илмӣ ва донишгоҳҳои кишварҳои гуногун роҷеъ ба таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар мавзӯи «Тоҷикон дар масири таърих» дар донишгоҳҳои Ҷавоҳируллаъл Неҳру, Алигарх, Исломобод, Пешовар, Панҷоб, академияи Муҳаммад Иқбол ва ҳамчунин, дар донишгоҳҳои Вашингтон, Сиэттл, Колумбия, Ню-йорки Америка, Сорбоии Фаронса ба забонҳои точикӣ, русӣ ва англисӣ лексияҳо додааст. Устод дар Кунгураҳои байналмилалӣ роҷеъ ба таърих ва методологияи илмӣ дар шаҳрҳои Токио, Деҳлӣ, Мумбай, Порис ва Бухарест, маърӯзаҳо кардааст .Бо ташаббуси устод Муҳаммад Осимӣ соли 1969 Сарредаксияи илмии энсиклопедияи Советии тоҷик таъсис ёфтааст, худи ӯро сармуҳаррир таъин карданд. Бо роҳбарии Осимӣ сарредаксия ба муносибати 50-солагии Тоҷикистон ҷилди махсусро ба табъ расонид, ки он воқеаи муҳимме дар ҳаёти мадании ҷумхурӣ гардид. Бо роҳбарии Муҳаммад Осимӣ ЭСТ энсиклопедияи 8-ҷилдаи тоҷикро соли 1988 ба итмом расонида чоп намуд. Ва ба ин муносибат бори аввал истилоҳоти соҳаҳои гуногуни илм ба низоми муайян дароварда шуд. Устод Муҳаммад Осимӣ дар солҳои президенти Академияи илмҳо буданаш, роҳбарии муассисахои илмии академия вазифаҳои муҳимми илмиро берун аз ҳудуди он низ бар ӯҳда дошт. Вай солҳои тӯлонӣ раиси Кумитаи омӯзиши тамаддуни Осиён Марказӣ комиссия ЮНЕСКО-и ИҶШС, Президенти ассотсиатсияи байналхалқии омӯзиши тамаддун Осиёӣ Марказӣ (аз соли 1977), сарвари Қумитаи илмии шашҷилдаи «Таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ» буд.
Муҳаммад Осимӣ дар баробари донишманди соҳаи риёзӣ буданаш ба адабиёту таърихи миллат дилбастагии калон дошт. Бо ташаббуси бевосиати ў 550 ва 575-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, 650-солагии Ҳофизи Шерозӣ, 700-солагии Амир Хусрави Деҳлавӣ, 150-солагии Аҳмади Дониш, 100-солагии Муҳаммад Иқбол, 1200-солагии Муҳаммад Хоразмӣ 1000-солагии Ибни Сино ва Берунӣ, 100-солагии С. Айнӣ, 100-солагии Лоҳутӣ, 75-солагии Мирзо Турсунзода ва 1400-солагии Борбади Марвазӣ гузаронида шуд.
Дар рӯзҳои аввалини ташкил шудани ташкилоти Пайванд устод Муҳаммад Осимӣ раиси он интихоб гардиданд. Барои ваҳдати миллати тоҷик ва форсизабонони ҷаҳон корҳои таърихиро анҷом дода, барои рушди адабиёти тоҷик саҳми арзанда гузоштааст.
Шиори Муҳаммад Осимӣ дар зиндагӣ «Гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек» буд, ки дар раҳрави мактаб ҷойе, ки хуни устод рехтааст, болои сараш чунин ҳикмати тарихӣ сабт шуда буд: «Гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек», ки сирату симои ҳаёти устодро таҷассум карда буд.
Ба маврид аст чанд андешаи бузургонро дар бораи ин олими шинохта баён намоям, ки асолати ин олимро баён сохтаанд.
Хуршеда Отахонова узви вобастаи АИҶТ чунин баён доштааст:
«Устод Осимӣ аз рӯйи ихтисос физик буду дар доираи фалсафа рисолаи докторӣ дифоъ кард ва асарҳои зиёд навишт, вале ба адабиёт шавқи беандоза дошт, шеърро дӯст медошт, бо адибон ҳамнишаст ва хамсуҳбат буд».Ў ёдовар шудаст, ки Муҳаммад Осимӣ аз мактаби Садриддин Айнӣ дарси садоқату маҳорат омӯхта, дар хотираҳояш дар бораи устод С. Айнӣ чунин навиштааст: «Корвони ҳаётро ҳадафҳо пеш мебаранд. Аммо хадафҳо аз хадафҳо фарқ доранд. Ашхосе соҳиби симу зар ва давлату сарват шудан ё расидан ба ҷоҳу мансабро ҳадафи асосии ҳаёт мешуморанд ва бар он ба ин ҳадаф аз ҳеҷ чиз парҳез намекунанд. Фарзандони асили миллат аз пайи ин гуна ҳадафҳо намераванд. Инҳо ҳамеша шарики шодию ғами халқи худ
ҳастанд, баҳри беҳбудии он заҳмат мекашанд, дар ин роҳ ҷони
худро дареғ намедоранд. Айнӣ аз қабили чунин шахсони бузург буданд”.
Сад афсус, ки бузургони мо дар лаҳзаҳои парвози камолот дунёро падруд мегӯянд. Абдумалик Баҳорӣ андешаҳояшро дар мақолаи худ “Шаҳиди роҳи адолат” ин тавр баён доштааст
«Дар сафари Хуҷанд будаму соатҳои чори бегоҳ ба шуъбаи
Иттифоқи нависандагон омадам. Дидам, ки он чо Абдуҷаббор
Каҳҳорӣ, Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва Маъруф Бобоён хомӯшу маҳзун нишастаанд. Дарҳол ҳис кардам, ки ягон нохушие рӯй додааст. Оре, сонӣ фаҳмидам, ки чанде қабл радиои чумҳурӣ аз ҳалокати академик Муҳаммад Осимӣ хабар пахш кардааст...
Рӯзи дигар дар шаҳри Қайроқум ҷамъбасти семинари
драманависон ба митинги мотам табдил ёфт. Вазири фарҳанг
Бобохон Маҳмадов аз одамгарӣ ва хизматҳои барҷастаи М.
Осимӣ ёдовар шуд ва ба қотилони номард лаънат хонд. Мо байни худ мегуфтем, ки ин амалиёти душман на танҳо нописандӣ
нисбат ба Ҳукумати ҷумхурӣ, балки таҳқири ошкорои тамоми
миллати тоҷик аст. Доғи куштори ваҳшиёнаи ректори донишгоҳи тиб Юсуфхон Исҳоқӣ ҳанӯз аз дили мо нарафта буду он рӯз
боз шоҳиди фоҷиаи нави мудҳиш шудем.
Дар ҳақиқат марги шоири тавоно, олими тавоно ва ҳофизи тавоно марги миллат аст. Агар Шумо аз банда пурсед куҷост Муҳаммад Осимӣ Шуморо ман бо мисраҳои устод Бозор Собир ҷавоб мегӯям.
Эй, ки мепурсӣ маро ин олими мумтоз кў.
То ҷавобатро бигардонам маро овоз кў
Ман намегӯям, ки ў аз дори дунё рафтааст.
Ҷойи ў дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст.
Ҷалолиддин Нуров,
Муовини директори
Китобхонаи миллии
Тоҷикистон.