Боздиди Сафири давлати Қатар аз Китобхонаи миллӣ

Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Қатар Алӣ бин Муборак Алмуӣаннадӣ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф овард. Дар ҷараёни боздид вай аз осорхонаи шуъбаи дастхатҳои шарқ ва китобҳои нодир, толори намоишгоҳи китобҳои тозанашр ва дигар толорҳои Китобхона дидан кард. Дар мулоқот бо роҳбарони Китобхона масоили рушди ҳамкории Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо китобхонаҳои Давлати Қатар баррасӣ шуд. Зимни суҳбат ҳамчунин доир ба масъалаҳои гуногун, аз қабили боздид аз китобхонаҳои миллии давлатҳои якдигар, бозомўзии мутахассисони соҳаи китобдорӣ, табодули нусхаҳои дастхатҳои хаттӣ, китобхои нодир, таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо табодули афкор сурат гирифт.