Саду сивучор номгӯ китоби китобхонаи «Ганҷбахш»-и Покистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим шуд
Нашр шуд 2017-01-28 17:35
Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо 134 номгӯ китобе, ки аз китобхонаи “Ганҷбахш”-и Покистон ворид шуд, хазинаи худро ғанӣ кард.
Дар байни китобои ҳадяшуда аз ҷумла китоби арзишманди «Феҳристи муштараки нусхаҳои хаттии форсии Покистон» дар ҳашт (8) ҷилд, якчанд шумораи маҷаллаи адабии «Дониш», тазкираи «Махзан-ул- ғароиб» мавҷуд аст, ки барои пажўҳишгарони тоҷик ва толибилмон туҳфаи беҳамтост.
Гуфтанист, ки ин китобҳо бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ва шахсан сафир Шералӣ Ҷононов ба Тоҷикистон оварда шуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки ин аввалин бор нест, ки тавассути Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон чунин ҳадяҳои арзишманд мерасанд. Соли гузашта низ нусхаҳои нодири хаттӣ дар шакли электронӣ ба шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ туҳфа шуда буд.
Ҳоло Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо 27 китобхонаҳои 27 давлатҳои олам робита ва додугирифти китоб дорад.
Китобхонаи миллии Тоҷикист он бо 9 китобхонаи олам Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо кардааст.