Таъкиди Директори Китобхонаи миллӣ ва Сафири Фаронса ба таҳкими ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар
Нашр шуд 2020-04-03 09:36
Санаи 2-уми апрели соли равон соати 10:00 Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Ҷумахон Файзализода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедарро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот мавзӯъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб барои таҳким ва густариши робитаҳои мутақобилан судманд баррасӣ шуданд. Ҳар ду ҷониб бори дигар ҳавасмандии худро барои рушди ҳамкории судбахш таъкид доштанд.
Дар мулоқот ҳамчунин муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Фаронса дар соҳаҳои китобу китобдорӣ, табодули таҷрибаи кормандони китобхонаҳои ду кишвар, фаро гирифтани кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба курсҳои такмили ихтисос ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ шуд. Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои соҳавӣ ҷонибҳо ба тасвиб расонидани санади ҳамкорӣ байни китобхонаҳои миллии ду кишварро иқдоми хубе арзёбӣ карданд.
Дар фарҷоми мулоқот Сафири Фаронса Хонум Ясмин Гуедар аз “Гӯшаи китоби Фаронса”, ки дар толори шуъбаи адабиёти хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардидааст, дидан намуд ва ҷиҳати ғанитар кардани фонди фаронсавизабони шуъба ва боз ҳам такмил додани Гўшаи китоби Фаронса дар шуъбаи адабиёти хориҷии Китобхона 150 нусха китобҳои фарогири соҳаҳои мухталифи илм ва чанд китоби Франсис Ришар “Дастнависҳо сарчашмаи таҳқиқоти таърихӣ ва фарҳангӣ”-ро ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳадя намуд.
Бояд тазаккур дод, ки байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи Донишгоҳи забонҳо ва тамаддунҳо ба номи Булак дар Порис Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ амал мекунад. Дар асоси муқаррароти Ёддошти тафоҳуми мазкур ҳамкориҳои соҳавии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо шуъбаи Институти фаронсавии таҳқиқоти Осиёи Марказӣ, ки дар Институти таърих, археология ва этнографияи ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкориҳо дар соҳаи китобу китобдорӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар ин замина солҳои 2014 ва 2018 кормандони Китобхона дар курсҳои омўзишии хаттотӣ ва дастхатшиносии институти мазкур таҳсил карданд.
Ҳамчунин дар доираи ҳамкориҳо алалхусус бо дастгирии бевоситаи директори илмии Китобхонаи Донишгоҳи забонҳо ва тамаддунҳо ва узви ифтихории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Франсис Ришар 99 адад нусхаҳои электронии дастхатҳои нодири Шарқ марбут ба асрҳои XII-XV ва ду ҷилд феҳристи нусхаҳои хаттии форсии Китобхонаи миллии Фаронса ба фонди шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон ворид гардидааст. Дар заминаи ин ҳамкориҳо ҳамчунин шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон тавассути сомонаи интернетии Китобхонаи миллии Фаронса ба дигар нусхаҳои хаттии дастхатҳои Шарқ ва дастхатҳои форсизабони ин Китобхонаи бузург дастрасӣ пайдо карданд.