Ободонии охири моҳи апрел
Нашр шуд 2017-04-30 15:11
Аз субҳи имрӯз корҳои ободонӣ дар Китобхонаи миллӣ ба шеваи рӯзҳои қабл аз боришоти ахир идома доштанд. Зарфи се рӯзи охир, ки ҳавои боронӣ ин корҳоро мутаваққиф карда буд, имрӯз он идома кард.
Аз сари субҳ кормандони Китобхона бори дигар ба коргоҳашон ҳозир шуданд ва даст ба поккориҳову нармкунии заминҳо заданд.
Атрофи Китобхона ба шарофати ҳамин талошҳо торафт сабзтару назарработар ва поктару сарсабзтар мешавад.
Имрӯз моҳи дуюм дар тақвими баҳор ба поён мерасад. Дар ин муддат метавон бо як гаштугузор дид, ки атрофи Китобхона то куҷо обод шудааст.
Вале ин рӯзи охири ободонӣ набуд, ин амали хайр ҳоло идома хоҳад ёфт.