Оила ва тарбияи ҳувияти миллӣ

Оила дар дар ташаккули ҳувияти миллӣ чӣ нақше метавонад бозад? Чаро ин масъала беш аз ҳар вақти дигар имрӯз муҳим шудааст? Оё метавон ифтихороти миллиро бидуни тарбияи солим дар хонавода таъмин кард?
Инҳо аз ҷумлаи чанд масоиле буданд, ки дар рӯзи 15-уми майи соли равон мизи мудаввари «Нақши арзишҳои хонаводагӣ дар таҳкими ҳуввияти миллӣ» мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд. 
Ҳуриниссо Ализода, Ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ дар сухани ифтитоҳии худ аз ибтикори Сарвари давлат дар мавриди соли оила эълон кардани соли 2015 ситоиш кард ва гуфт имрӯз гиромӣ доштани оила, тарбияи фарзандон ва покии хонавода беш аз ҳар вақти дигар муҳим аст. Зеро шахс аввал дар муҳити оила камол меёбад ва баъд дар мактаб ва муҳити дигар. 
Дар ин нишаст  Марям Давлатова, номзади илмҳои филологӣ ва коршиноси масоили гендерӣ  дар мавзўи «Нақши муҳити оила дар тарбияи ҳуввияти миллӣ»  маърўза намуд ва  дар масъалаҳои мушкилоти оилаи муосири тоҷик ва роҳҳои бартараф намудани онҳо андешаҳои судманд баён кард. 
Дар атрофи масъалаҳои баррасишуда миёни ҳозирин баҳси доманадоре ҷараён гирифт.