Саду бист китобе, ки бояд хонд
Дурӣ аз китоб фоҷеъаи инсон аст. Бидуни шак инсоне, ки бо китоб иртибот дорад, на танҳо донишманду пурдон, балки аз ҳар фишори зиндагӣ хам намехӯрад, чун пеши назар меорад, ки дар ин гуна мусибатҳо ё ҳолатҳо адибе чӣ гуфта ва ё қаҳрамони фалон румон чи гуна бо мушкилот бархӯрд мекард. Яъне, китобхон ҳамеша бо қаҳрамонҳоест, ки мешиносад.
Мо дар як замоне ба сар мебарем, ки бояд китобхонӣ ба маротиб аз қабл осонтар шуда бошад, чун васоити коммуникатсионӣ рушд кардаанд ва пайдо намудану хондани китоб ба маротиб осон шудааст.
Аммо чӣ китоберо бояд хонд? Посухи ин суол ҳам хеле муҳим аст, чун рафҳои дуконҳои китоб пуранд аз китобҳое, ки шояд бархе ба дард нахӯранд ва бархеи дигарро метавон баъдтар хонд. Аммо раҳнамоие лозим аст то китобхони муосир донад, ки кадом китобҳо дар адабиёти олам бештар маъруфият пайдо кардаанд ва шуруъ аз онҳо ба мутолиа пардозад.
Албатта, дар адабиёти олам ва адабиёти форсу тоҷик китобҳои зиёде ҳастанд, ки бояд мутолиа намуд. Вале умри инсон ва вақт кофӣ нест, то ҳамаро яксара хонад. Ин аст, ки мо низ бо назардошти ҳамин нукта талош кардем садубист китоберо аз ганҷинаи боғановати адабиёти олам интихоб кунем ва тавсия диҳем. Ва боз агар хонандагон ин рӯйхатро ноқис донанд, метавонем пешниҳодашонро ба назар гирем ва онро комил созем.
Он 120 китоб:
АДАБИЁТИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК
1. Ашъори Рӯдакӣ.
2. Фирдавсӣ. “Шоҳнома”
3. Носири Хусрав. “Қасоид”, “Рӯшноинома”, “Саодатнома”, “Сафарнома”.
4. Умари Хайём. Рубоиёт.
5. Бобо Тоҳири Урён. Дубайтиҳо
6. Фахруддин Гургонӣ. “Вис ва Ромин”.
7. Низомии Ганҷавӣ. Хамса
8. “Калила ва Димна”.
9. Унсурулмаолии Кайковус. “Қобуснома”.
10. Заҳирии Самарқандӣ. “Синбоднома”.
11. Низомулмулк. “Сиёсатнома”.
12. Саноӣ. Девон.
13. Аттор. Девони ашъор. “Мантиқ-ут-тайр” ва “Тазкират-ул-авлиё”
14. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. Куллиёти девони Шамс. «Маснавии Маънавӣ”.
15. Саъдӣ. Девон. “Бӯстон”, “Гулистон”.
16. Убайди Зоконӣ. “Рисолаи дилкушо”. “Муш ва гурба”.
17. Ҳофиз. Девон.
18. Камоли Хуҷандӣ. Девон.
19. Ҷомӣ. Девон. “Баҳористон”
20. Восифӣ. “Бадоеъу-л-вақоеъ”.
21. Соиб. Девон.
22. Сайидо. Девони ашъор.
23. “Самаки айёр”.
24. “Ҳотами Той”Ҳазору як шаб”
25. “Чор дарвеш”.
26. Мирзо Бедил. Девони ашъор. “Чор унсур”.
27. Аҳмади Дониш. “Наводир-ул-вақоеъ”.
28. Мирзо Ҳакими Сироҷ. “Туҳафи аҳли Бухоро”.
29. “Шоҳин. “Лайлӣ ва Маҷнун”.
30. Ҳилолӣ. Девон.
АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК
31. С. Айнӣ. “Ёддоштҳо”. “Марги судхур” ва умуман силсилаи осори адабӣ ва публитсистию илмӣ-оммавӣ
32. Лоҳутӣ. Ашъор.
33. Иқболи Лоҳурӣ. “Куллиёт”
34. Аҷзӣ. Мунтахаб.
35. Садри Зиё. Мунтахаб.
36. Туғрал. Девон.
37. Бобоҷон Ғафуров: “Тоҷикон”.
38. Мирзо Турсунзода. Ашъор. “Ҳасани аробакаш”. “Ҷони ширин”.
39. Сотим Улуғзода. “Субҳи ҷавонии мо”, “Восеъ”. “Ривояти суғдӣ”.
40. Ҷалол Икромӣ. “Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро” (сегона). “Ман гунаҳкорам”.
41. Пӯлод Толис. “Тобистон”.
42. Фазлиддин Муҳаммадиев. “Палатаи кунҷакӣ”.
43. Муъмин Қаноат. Маҷмӯаи “Тоҷикистон исми ман” (соли 2014).
44. Лоиқ. Куллиёти ашъор. “Фарёди бефарёдрас”.
45. Бозор Собир. Ашъори то замони истиқлол.
46. Абдулҳамиди Самад. “Гардиши девбод”.
47. Кӯҳзод. “Як рӯзи дароз, рӯзи бисёр дароз”.
48. Сорбон. “Ҷӯгӣ”. “Буд набуд”.
49. Гулрухсор. Ашъор. Сакарот (роман). “Занони Сабзбаҳор”.
50. Меҳмон Бахтӣ. Мунтахаби назму наср ва драмаҳо.
51. Саттор Турсун. “Зиндагӣ дар домани талҳои сурх”.
52. Гулназар. Ашъор.
53. Ҷумъа Одина “Гузашти айём».
54. Муҳаммадзамони Солеҳ. “Ишқи актёри пир”.
55. Сайф Раҳимзоди Афардӣ. “Қисса ва ҳикоёт”.
56. Баҳманёр. “Сармаддеҳ”. “Шоҳаншоҳ” (роман).
57. Фарзона. Ашъор.
58. Сиёвуш. Ашъор.
АДАБИЁТИ ҶАҲОН
59. Софокл. Намоишномаҳо.
60. Афлотун. “Ҷумҳур”.
61. Ҳомер. “Илиада ва Одисей”.
62. Апулей. “Хари тиллоӣ”.
63. Шекспир. “Шоҳ Лир”, “Оттело”, “Ҳамлет”.
64. Гӯте. “Фауст”. Девони шарқию ғарбӣ.
65. Сервантес. “Дони Кихот”.
66. Данте. “Мазҳакаи илоҳӣ”.
67. Балзак. “Гобсек”. “Падар Горио”.
68. Виктор Ҳуго. “Марде, ки механдид”.
69. Мопассан. “Дӯсти азиз”. “Зиндагӣ”.
70. Александ Дюма. “Граф Монте-Кристо”.
71. Н. В. Гогол. “Ҷонҳои мурда”.“Муфаттиш”.
72. А. Пушкин. Ашъор. “Духтари капитан”.
73. Ю. Лермонтов. Ашъор..
74. Л.Н. Толстой. “Ҷанг ва сулҳ”. “Анна Каренина”. “Эҳё”, “Ҳоҷӣ Мурод”.
75. Ф. М. Достоевский. “Ҷиноят ва ҷазо”. “Бародарон Карамазовҳо”. “Девона”. “Шаётин”.
76. А. П. Чехов. Ҳикояҳо ва намоишномаҳо.
77. Чарлз Дикенс: “Умедҳои бузург”.
78. Фурӯғи Фаррухзод. Шеърҳо.
79. Нодири Нодирпур. Шеърҳо.
80. Ҷонатан Свифт. “Саёҳати Гулливер”.
81. Теодор Драйзер. “Фоҷеаи Амрико”.
82. Войнич. Занбӯр (Ғурмагас).
83. Тургенев. Қайдҳои сайёд. Муму.
84. Уильям Теккерей: «Намоишгоҳи ғурур”.
85. М. Булгаков. “Устод ва Маргарита”.
86. М. Шолохов. “Дони ором”.
87. Валентин Распутин: “Дарсҳои фаронсавӣ”.
88. Рашод Нурӣ. “Чаманоро”.
89. Густав Флобер. “Хонум Бовари”.
90. Ҷек Лондон. “Мартин Иден”, “Дар талоши ҳаёт”.
91. Томас Манн. “Доктор Фаустус”.
92. Герман Гессе. Гурги даштӣ.
93. У. Фолкнер. “Деҳа”. “Шаҳр”. “Қаср” (романҳои сегона)
94. Э. Хеменгуэй. “Пирамард ва баҳр”.
95. У. Стейбнек. “Хӯшаҳои хашм”.
96. Ҷеймс Ҷойс. “Улисс”
97. Марсел Пруст. “Дар ҷустуҷӯйи замони гумшуда”.
98. Франсуа Мориак. “Маймунча”.
99. Франтс Кафка. “Қаср”. “Муҳокима”
100. Ивлин Во: «Бозгашт ба Брайдсхед».
101. Албер Камю. “Тоун”.
102. Габриэл Гарсиа Маркес. “Сад соли танҳоӣ”. “Хазони умри Одамхудо”.
103. Марио Вагос Лиоса. “Ҷанги охирзамон”.
104. Фрэнсис Скотт Фитсджералд: «Гэтсбии бузург”.
105. Умберто Эко. “Номи садбарг”.
106. Чингиз Айтматов: “Дуроҳаи буронӣ”, “Алвидоъ Гулсарӣ”, “Киштии сафед”, “Растохез” (Плаха).
107. Майн Рид. “Савораи бесар”.
108. Уилям Голдинг. “Ҳокими магасҳо”.
109. Владимир Набоков. “Лолита”.
110. Антуан де Сент-Экзюпери. “Шоҳзодаи кӯчак”.
111. Маргарет Митчелл: “Барбодрафта”.
112. Дино Бутсати. “Кавири тотор”.
113. Кормак Маккарти. “Роҳ”.
114. Робендранат Такур. “Гора”, “Завол”, “Регреза”, “Нукот”.
115. Уолт Уитмен. “Баргҳои алаф”.
116. Акутагава. Ҳикояҳо.
117. Дэвид Митчелл. “Атласи абрҳо”.
118. Нодар Думбадзе. “Кукарача”.
119. Ясунари Кавабата. “Нолаи куҳ” (роман).
120. Чин: Лу Син. “Зиндагиномаи воқеии А-Кю”.