Ба истиқболи Рӯзи Ғалаба. Ҳикояте аз рӯзгори Партов Буйдоқов
Толибилмон мегуфтанд , ки Партов Ҷалилович падари маънавии мо ҷавонони аз қишлоқ омада буд. Ў мураббии собиқадор, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон дода, чандин бор ҷароҳат бардоштааст. Ба омўзишгоҳ бошад, баъди ҷанг омад. Тўли солҳои зиёд дар ин ҷо садҳо ҷавонони болаёқатро ба воя расонида, ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ гуселонид. Сари даҳҳо ятимонро падарвор бо даст сила карда, шебу фарозашонро бо эшон якҷоя дидааст…Ман инро акнун фаҳмидам. Фаҳмидам вақте ки саҳифаҳои чанд рўзномаро варақгардон кардаву ба чанд бойгоние сар халондам. Фаҳмидам вақте, ки бо шогирдони ў ҳамсўҳбат шудам. Фаҳмидам, вақте расми ниҳоят зебои ўро дар даромадгоҳи колеҷ дидам. Дидам, бо куртаи сафеди тозаву озода. Ҳамчунон табассум ба лаб дошт ва меистод рў ба рўям. Дидам, айнан ҳамон касеро, ки ҳанўз аз кўдакиям мешинохтамаш. Нодида.
Чанд саҳифаи дигар варақ задам. Тааҷҷубам боло гирифт. Охирҳои солҳои донишҷўии падарам (1954 – 1957) Партов Ҷалилович ҳамагӣ 30 – 35 сол дошт. Пас чӣ гуна як ҷавон тавонистааст, ки меҳрашро дар дили шогирдон бо ин андоза, ҷовидона ҷо намояд?
Ба ин савол баъди боз чанд варақи дигар ҷавоб ёфтам. Аҷаб рўзгоре доштааст устод. Бас ҷолибу ибратомўз. Баландиҳои рўзгораш маро боз чанд қадами дигар бо ў наздик ва меҳрашро дар дилам сахт такон дод. Ва хондам саргузашташро то ба охир.
Устод Партов Бўйдоқов соли 1923 дар деҳаи Хиҷбораки ноҳияи Ғарм дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Ӯ дар соли 1949 ҳамин ҳунаристони ноҳияи Ленин – ро, ки ба номи Омўзишгоҳи китобдории ҷумҳуриявӣ машҳур буд, бо дипломи аъло хатм намуда, бо роҳхат барои таҳсил ба шаҳри Москва меравад. Ва соли 1953 бо маълумоти олии китобдорӣ ба омўзишгоҳи мазкур бармегардад. Аҳли коллектив лаёқати омўзгории ўро дида баъди 2 сол ба мудирии қисми таълимӣ тавсиааш мекунанд. Дар ин вазифа ҳамагӣ чор сол мемонад ва соли 1952 дар асоси фармони Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон ҳамчун директори Омўзишгоҳи фарҳангии ҷумҳуӣ (ҳоло Коллеҷӣ фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба кор шурўъ менамояд. Ва то соли 1985, яъне 26 сол Партов Бўйдоқов ҳамин вазифаи пурмасъулиятро ба дўш доштааст. Дар давоми ин солҳо устод дар ҳақиқат ғамхори ҳама, хоса ҷавонон будааст. Ў худро ҳеҷ гоҳ аз дигарон боло нагрифтааст. Шояд дар симои ҷавонон, ки байни эшон ятимон кам набуданд, бачагии худро медид. Бачагии пур аз ғаму дард, бачагии ятимӣ. Оре, устод ҳанўз дар хурдсолӣ аз падару модар, аз ғамгусору ғамхор ва соябони сараш ҷудо мешавад. Ду бародари меҳтараш, ки рўзи ўро пеш мебурданд, низ дар ҷанги зидди фашизм қаҳрамонона қурбон мешаванд. Ва ў танҳову ҳайрон мемонад. Бачаи дар ҷавонӣ пиргашта баъди хатми мактаб 7 – сола рў ба кор меорад. То даъват шуданаш ба сафи артиш дар колхоз кор карда, бо меҳнати ҳалол дарёфти ризқу рўзӣ мекард.
Соли 1943 ў ба сафи Артиши Шўравӣ даъват мешавад. Давоми хизмат дар ҷабҳаи 2 – дуюми Белорус чанд борҳо ҷароҳат мебардорад. Танҳо захми охирин, ки ниҳоят вазнин буд, ба он сабаб мегардад, ки П. Бўйдоқов ҳамчун маъюби гурўҳи 2 ба Ватан баргардад. Ватан хизматҳои шоёни фарзандони содиқашро ҳамеша арзанда қадр мекунад. Ин аст, ки имрўз мо устод Партов Бўйдоқовро ҳамчун «Ходими хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон», дорандаи ордени « Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дараҷаи 1, медалҳои «Барои меҳнати пуршараф» «20 – солагии Ғалаба» 50 ва 60 солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР медонем.
Албатта, ман ўро ҳанўз нашинохтаам. Аз чанд саҳифаи хондаам, ки нисбати рўзгори устод қатрае аз баҳр ҳам нест, танҳо як нозукиеро дарк кардам. Дар омўзишгоҳ қонуни нонавиштае низ будааст, ки онро танҳо омўзгорон медонистанд. «Ятимон бояд аз ҳама имтиҳонҳо баҳо гиранд, то аз идрор маҳрум нагарданд». Ин қонун то замоне, ки устод роҳбар буд, иҷро мешуд ва касе зидди он баромада наметавонист.
Инак саҳифаи охиринро варақ мезанам. Баромади устод дар ҷашни 20 – солагии омўзишгоҳ ( соли 1965, 25 – уми декабр), «…бо вуҷуди ҳамаи муваффақиятҳо дар омўзишгоҳ ҳоло ҳам камбудиҳо бисёранд. Ҳанўз ба курсҳои якуми театрӣ муаллимони дорои маълумоти мутахассисӣ намерасанд. Ин буд, ки устод се муаллими ҷавонро Бурҳонидин Зеров, Баҳрулло Каримов ва Шароповро ба донишгоҳи ВГИК ва донишгоҳи театрии ш.Тошканд равон мекунанд. Дар назди омўзишгоҳ базаҳои таҷрибаомўзӣ мавҷуд нестанд. Бино кўҳна буда, ба талаботи имрўза ҷавоб дода наметавонад.
Мо умедворем, ки дар бартарф намудани камбудиҳо ба мо Вазорати маданияти ҷумҳурӣ, албатта дасти ёрӣ дароз мекунад. Маъмурият ва коллективи омўзгорон ҳамаи ҷидду ҷаҳд ва ғайрати худро ба он равона мекунанд, ки насли наврасро дар рўҳияи ватандўстӣ тарбия намоянд…»
Магар ин далел нест? Магар ин аз он шаҳодат намедиҳад, ки устод донишманди ростқавл ва серталабу дилсўзанд? Вагарна кадом роҳбар дар рўзи ҷашн қуфли камбудиву норасоиҳояшро бо калиди хеш мекушояд.?
Гузашта аз ин падарам на ҳамаи он корҳоеро медонад, ки устоди бузургвораш Партов Ҷалилович баҳри ободии ин ҳунаристон, шўҳратёбии он, баҳри бедории маданияти ҷавонони тоҷик, баҳри ояндаи дурахшон ба сомон расондааст. Танҳо ҳаминро медонад, профессор Раҳимҷон Шарофзода, дотсент Ислом Ҷураев, Абдураҳим Раҳимов профессори академияи фарҳанги шаҳри Челябинск Сафаралиев Бозорбой, Ҷурабой Раҷабов, муовини сардори Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон Юлчибой Мўсоев, Маҳмаднабӣ Хоркашов, ки ҳар касе, ки ин даргоҳро дар замони роҳбарии ў хатм кардааст, аз ин макони илму ҳунар ифтихор менамояд ва ҳам шунидааст, ки бисёре аз шахсони бузурги илму маърифату ҳунар ин даргоҳро академияи санъат ном мебаранд.
Падарам ҳатто шеъреро, ки зиёда аз 40 сол пеш Ато Ҳамдам дар васфи омўзишгоҳ навишта буд, азёд медонад ва гоҳе бо шўру шавқ замзама мекунад:
Донишгоҳи азизам, бодо муборак идат,
Суруди тоза хонам, дар ин рӯзи саидат.
Дар бист соли пуршараф тай кардӣ роҳи калон,
Тарбия карда чу ман, бисёр навҷавонон.
Ҳам шоиру ҳам олим, китобдору муаллим,
Дар оғўши ту онҳо бигирифтанд таълим.
Кардӣ аз илму ирфон, мактаб, маро баҳравар,
Орзу дорам, ки гардам, одами соҳибҳунар.
Имрўз низ садҳо ҷавонписарону ҷавондухтарон чун падари ман дар ин даргоҳи муқаддас илмомўзӣ доранд. Онҳо низ насл ба насл тавассути роҳбари коллеч Абдулваҳҳоб Оқилов аз рўзгори ибратбахши устод Партов Бўйдоқов сабақ мегиранд, ўро аз наздик мешиносанд. Ўро мешиносанд нодида. Набудани он кас дар ҳунаристон лаҳзае эҳсос мешавад. Расми зебои устод ҳар пагоҳӣ аз ҳама пеш толибилмонро дар даромадгоҳи коллеҷ бо табассуми ба худ хос пешвоз мегирад. Бо дастгирии сарвари имрўза ҳар сол бузургдошти зодрўзи устод дар доираи муаллимону шогирдон ва наздикони марҳум бошукўҳ ҷашн гирифта мешавад. Шогирдон сари оромгоҳи устоди устодон дуову фотеҳа мехонанд. Рўҳашонро шод мегардонанд. Аз соли 1987-ум Омўзишгоҳи маданӣ-маърифатии ҷумҳуриявӣ номи Омузишгоҳи фарҳангии ҷумҳурявии ба номи Бўйдоқов Партов Ҷалиловичро гирифт.
6-уми августи соли 2001-юм дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№365 он ба Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявии ба номи П. Бўйдоқов табдил дода шуд.
- Албатта, - гуфта буд маҳрум Абдуваҳҳоб Оқилов, - ин даргоҳ коллективу роҳбарони зиёдеро дидааст, вале роҳбарии ин марди комил, инсони мушфиқу ғамхор, шахси боиродаву тавоно бештару беҳтар ва писандидатар аст. Мо ҳама дар мактаби бузурги Партов Ҷалилович тарбия гирифтем, мегуфт ӯ. Ман ўро падари маънавиии худ мешуморам. Ва ҳеҷ гоҳ намегўяму намепиндорам, ки ў дар миёни мо нест, ў ҳамеша ба мо ва маслиҳатгари мост...