Китоби нав: «Таъмини амнияти иттилоотӣ”
Нашр шуд 2020-10-29 13:30
Ин дастури таълимӣ аз фанни таълимии «Таъмини амнияти иттилоотӣ» дар шакли тестӣ пешбинӣ шуда, барои курсантон, шунавандагон, муаллимон ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба пешбурди фаъолияти мазкур судманд хоҳад буд. Муаллиф Сафархон Вализода, ки муаллими калони кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии Академияи ВК ҶТ мебошад, дар сарсухани китоб менависад:
Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақили ҷавон дар раванди ҷаҳонишавӣ бо вуҷуди дастовардҳои зиёди моддӣ ва маънавиаш, аз назари рушди технологияи иттилоотӣ ҳанӯз нақши таъсирпазирро дорад. Муқобилат ва истодагарии кишвар дар раванди қабули арзишҳои башарӣ ба омилҳои манфии ҷаҳонишавӣ мушкилиҳои муайянро рӯйи кор овардааст.
Дар шароити ҷомеаи шаҳрвандӣ, тантанаи озодиҳои сиёсӣ, вусъат ёфтани унсурҳои низоми идораи демократӣ, ки дар ҳамбастагӣ бо рушди илму техника ва афзоиши тарақии технологияи иттилоотӣ сурат мегирад, таъмини ҳифзи амнияти иттилоотӣ мураккаб мегардад. Ин мураккабӣ дар пайваст бо ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва зуҳури манфиатҳои сиёсӣ ва вазъи иқтисодии кишварҳои олам ба минтақа, дар раванди ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва тинҷию оромии кишвар муҳимияти бештарро касб менамояд.
Зери мафҳуми амнияти иттилоотӣ, технологияи иттилоотӣ ва амнияти копютерӣ- ҳифз намудан ва нигоҳдорандаи инфрасохтори иттилоот аз ҳама гуна амалиёти зараррасони ногаҳонӣ ва сӯйиқасд ба таҷҳизоти копютерӣ фаҳмида мешавад, ки натиҷаи он метавонад расонандаи зарар худи иттилоот, дорандаи он ё нигоҳдорандаи инфрасохтор бошад. Амнияти иттилоотии таҷҳизоти копютерӣ - ҳолати ҳимояи муҳити иттилооти копютерӣ, ташаккулёбӣ, истифодабарӣ ва рушди онро таъмин менамояд.
Дар ҷомеаи имрӯза фазои иттилоотии ҷаҳонӣ дорои ду ҷузъ аст: иттилоотӣ-техникӣ (олами техника, технология ва ғайра, ки инсон ба таври сунъӣ офаридааст) ва иттилоотӣ-равоншиносӣ (олами воқеии табиати зинда, ки худи инсонро дарбар мегирад). Бар ин асос, ба таври куллӣ амнияти иттилооти ҷомеа (давлат)-ро метавон ба ду қисми таркибӣ нишон дод: амнияти иттилоотӣ-техникӣ ва амнияти иттилоотӣ- равоншиносӣ (психофизикӣ).
Ҳамин тариқ, дар шароити муосир мавҷудияти системаи амнияти иттилоотии таҳияшуда яке аз шароити муҳими рақобатпазирӣ ва ҳатто қобили эътимод будани ягон ширкат мегардад.
Аз ин рӯ, мураттиб тасмим гирифтааст, ки аз фанни таълимии «Таъмини амнияти иттилоотӣ», барои курсантону шунавандагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли тестӣ саволу ҷавоб омода намуда, пешниҳод намояд.
Таҳияи Малика Абдуллоева, шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.