Аввалин оҳангсози тоҷик, ки опера офарид
Нашр шуд 2021-03-05 13:35
Шарофиддин Сайфиддинов оҳангсоз, Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон (1974), Артисти халқии Тоҷикистон (1989) ба таърихи санъати мусиқии тоҷик бо асарҳои мавзўяшон муҳимми иҷтимоӣ, сиёсӣ ва лирикаи гражданӣ дохил гардид.
Омўзишгоҳҳои мусиқии Ленинободу Душанбе, соли 1952 шуъбаи миллии Консерваторияи давлатии Москваро (синфи композитсия), дертар факултаи (назарияи оҳангсозӣ) ва соли 1962 Консерваторияи Тошканд ( синфи композитсия)-ро хатм намудааст. Фаъолияти худро дар санъати мусиқӣ ҳамчун скрипканавоз оғоз намудааст. Ҳанўз дар давраи донишҷўяш асари калонҳаҷми вокалӣ-симфонӣ кантатаи «Шукуфон бош, Тоҷикистон»-ро иншо намуда буд.Солҳои тўлонӣ Раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистонро ба ўҳда дошт. (1962-86).
Аввалин оҳангсози тоҷик, ки опера офарид. Ҳар се операаш: «Пўлод ва Гулрў» (1957), «Рўдакӣ (1976) ва «Айнӣ» (1978) дар Театри академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ таҳия шудаанд.
Мусиқишиноси шинохта Е.Андреева ба операи «Пўлод ва Гулрў” баҳои баланд дода, дар маҷаллаи «Советская музыка» чунин навиштааст: «Опера аз ҳаводиси пуршиддати драммавӣ ва мазмуни таъсирбахшу дилчаспи мусиқӣ саршор аст. Мусиқии опера аз нигоҳи тарҳу хусусият хеле халқӣ мебошад».
Операҳои устод Шарофиддин Сайфиддинов якчанд хорҳо, дуэтҳо, ансамблҳо ва арияҳо доранд, ки кайҳо боз дар дили шунаванда нақши худро гузоштаанд. Барои мисол, хори «Ба Бухоро» аз операи «Рўдакӣ» чунон мусиқии нишонрас дорад, ки мардумро ба бедорӣ, ғурури миллӣ даъват менамояд. Кас аз шунидани хори «Сарбозон», аз операи “Пўлод ва Гулрў», арияи Айнӣ аз намоиши якуми операи «Айнӣ», чандин пораҳои мусиқии ин операҳо ба ваҷд меояд.
Суруди «Республикаи ман»-ро қариб тамоми солистони Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ - шодравон Аҳмад Бобоқулов, Адҳам Холиқов, Акбар Мирраҷабов, Рустам Дулоев ва дигарон дар фонди тиллоии телевизион ва радио сабт намудаанд. Ба ин суруд мардуми мо чунон дилбастагӣ доранд, ки марду зан ва пиру барно аз ёд медонанд ва чун суруди миллӣ месароянд. Маҳз барои эҷоди ҳамин суруд Шарофиддин Сайфиддинов барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рўдакӣ гардид.
Шарофиддин Сайфиддинов ҳамчун оҳангсоз ба кинематография низ руй овардааст. Мусиқии офаридаи ў ба кинофилмҳои «Зумрад» (1962), «Хокистари сўзон» (1967), «Чор нафар аз Чорсанг» (1972) ва ғайра бо зебогӣ ва дилфиребӣ тамошобинро мафтун месозад, зеро эҷодиёташ бо анъанаҳои мусиқии халқии тоҷик сахт алоқаманд аст.
Барои хизматҳои шоён ва саҳми бузургаш дар ривоҷ ва равнақ ёфтани санъати касбии мусиқии тоҷик соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдулоҳи Рўдакӣ (1970), бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», медали «Барои меҳнати шоён» мукофотонида шудааст.
Дар шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар хонандагон метавонанд бо осори мусиқии Шарофиддин Сайфиддинов шинос шаванд.
Адабиётҳои истифода шуда:
1.Кохи созу сўзу овоз. – Душанбе, 2010, саҳ.43.
2.Композиторы и музыковеды Таджикистана: Справочник.Душанбе:
2010. –312 с.
Нигина Маҳмудова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.