Маҳфили “Адибони ваҳдатсаро” дар Китобхонаи миллӣ

Ваҳдати миллӣ ва адиб. Адибони кишвар ҳамеша ҳамқадам бо ваҳдати миллӣ буданд ва имрӯз метавон аз сурудаҳои онҳо даҳҳо ҷилд китоби шеъри ваҳдат тартиб дод. Мардуми шеърдӯсту шоирпарвари мо ба ҳарфи адиб беш аз ҳарфи дигарон гӯш медиҳад ва он чӣ адибон мегӯянд барояшон хушоянд аст.

Адибон ҳам аз аввалин рӯзҳои истиқлолият дар мавзуъи Ваҳдати миллӣ беҳтарин мисраҳои худро суруданд ва имрӯз ҳам ин таронаҳо суруда мешаванд.

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо ширкати Шоирони халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ва Камол Насрулло  маҳфили «Адибони ваҳдатсаро» доир гардид.

Маҳфилро Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати  миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ оғоз намуда, ҳозиринро бо фарорасии 21- умин солгарди Ваҳдати миллӣ шодбош гуфт ва барояшон пеш аз ҳама осудагию хонаободиро дар ҳар як хонадони мардуми тоҷик таманно намуд.
Дар маҳфил ҳамчунин Назри Яздон, Сафармуҳаммад Аюбӣ,   Рудоба ширкат ва дар васфи Ваҳдати миллӣ шеърҳои худро қироат карданд.    

Дар маҳфил ҳамчунин гуфта шуд, ки адибон аз рӯзҳои аввали расидан ба Ваҳдати миллӣ дар паҳлӯи Пешвои миллат ва аз тараннумгарони ин арзиши воло буданд. Сарвари давлат низ нақши онҳоро басо муҳим арзёбӣ карда, пайваста бо онҳо дидору мулоқот анҷом медиҳанд ва бо андешаву ақидаҳои онҳо ошно мегарданд.

Дар охир, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати  миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон наздик ба 100 нусха китобҳое, ки дар васфи Ваҳдат навишта шудаанд, ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим карда шуд.