Шумораи хонандагони Китобхонаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз 156 ҳазор боло рафтааст
Нашр шуд 2020-07-10 11:37
Дар шашмоҳи соли ҷорӣ аз веб-сомонаи Китобхонаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон (www.nlt.tj) 156 500 (яксаду панҷоҳу шаш ҳазору панҷсад) нафар истифода бурдааст, ки 40% онҳо ба моҳҳои май - июн рост меояд. Тавре Ёқуб Бобохонов масъули шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотии Китобхонаи миллӣ ба мо иттилоъ дод, дар ин давра истифодабарандагони сомона 658 900 нусхаи электронии китобҳоро дастрас ва 27 230 китобро тариқи онлайн мутолиа намудаанд.
Ёдрас мешавем, ки бо сабаби ба қайд гирифта шудани бемории ҳамагири коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи май ва қисман аввалҳои июн ҳузури хонандагон ба Китобхона коҳиш ёфт. Вобаста ба вазъияти ба амал омада ва хонанишинии шаҳрвандон масъулони Китобхонаи миллӣ сомонаи махсуси Китобхонаи электронии муассисаро бештар аз ҳар вақти дигар фаъол намуданд. Ҳоло ин китобхона дорои бештар аз 325 ҳазор адабиёт бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошад ва ҳар касе ба шабакаи ҷаҳонии интернет дастрасӣ дорад, метавонад китобҳоро дастрас намояд.
Ёқуб Бобохонов масъули шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ мегӯяд, китобҳо дар шакли PDF ҷойгир карда шуда, ҳамзамон метавон дар дохили сомона, тариқи телефони мобилӣ, ки ба интернет пайваст мебошад, онҳоро мутолиа намоянд.
Ба гуфтаи ин масъули шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотии Китобхонаи миллӣ, кормандони шуъба талош доранд то ҳарчи зуддат китобҳои муҳиму зарурие, ки аз ҷониби хонандагон бештар дархост мешавад, коркард ва ба баъзаи маълумотию махзани китобхонаи электронӣ ворид намоянд. Бояд гуфт то кунун он китобҳое, ки барои мутолиа дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тавсия шудаанд, дар китобхонаи электронӣ ҷой дошта, хонандагон имкон доранд аз ҳар гӯшаи дунё онҳоро мутолиа созанд.
Ёдовар мешавем, ки бо инобати паҳншавии бемории корнавируси Сovid19 барои хонандагону донишҷӯён то нимаи моҳи августи соли 2020 таътили тобистона эълон гардидааст. Масъулони Вазорати маориф ва илм мегӯяд агарчӣ хонадагон дар давраи таътил аз дарсҳо дур бошанд ҳам, омӯзгорон ба онҳо китобҳои бадеӣ тавсия намудаанд, то ба мутолиаи пайваста машғул шаванд. Тавре маълум аст, бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии мамлакат, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир мегардад.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР
Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ