Саёҳат Назарова: Аз адабиёти тоҷик бештар ва адибони олам беш аз 200 асар хондаам ва зиёда аз 4000 мисраъ шеър медонам
Нашр шуд 2020-12-10 13:23
Сайёҳат Назарова, хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти умумии рақами 1-и ноҳияи Восеъ, гирандаи спидендияи президентӣ ва аъзои фаъоли бахши ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дирўз дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони ҷаҳон» ширкат намуд. Саёҳат ҳамроҳ бо муаллимааш ба озмун омадааст ва мегӯяд аъзои Китобхонаи Миллии Тоҷикистон, китобхонаи мактаб ва китобхонаи ноҳиявист. Бори аввал ба озмун омадааст, зеро соли гузашта дар олимпиадаҳо иштирок дошт. Ҳарчанд падари Сайёҳат дар муҳоҷирати меҳнатист, вале ҳамеша бо духтараш дар мавриди омӯзиши илм дар тамос аст.
Маҳз ӯст, ки ба духтараш тавсия медиҳад боз кадом китобҳоро бихонад. Падар ҳамеша аз Русия занг мезанад ва ҳатман дар мавриди китобҳои хондааш бо духтараш суҳбат мекунад. Қаҳрамонони асар, муаллиф, мўҳтаво ва нашрашро, ҳамчунин мўҳлати хондани онро мепурсад. Падараш худ китобдӯсту китобхон аст ва ҳамаи он чиро, ки худ хондаву ғизои маънавӣ гирифтааст, ба духтараш тавсия медиҳад. Ў хатмкардаи риштаи филологияи забон ва адабиёти рус аст.
Сўҳбати мо бо Сайёҳат атрофи китобу китобхонӣ ва бардошташ аз чорабинӣ сурат гирифт:
- Бо тавсияи кӣ дар «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ширкат кардӣ?
- Тасмими худам буд. Соли гузашта дар озмунҳои гуногун машғул будам. Аз ин рў дар «Фурўғ» иштирок накардам. Як рўз тариқи шабакаҳо аз баргузории озмуни мазкур хабар ёфтам ва мақсад гузоштам довталаб шавам. Мақсадам аз ширкат дар ин чорабинии бонуфуз сайқали донишу малака ва ба зинаҳои баланд расидан аст. Ман, ки ҳуқуқшинос шуданиям, худамро ба илм бахшидам. Орзу дорам донишҷўи факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардам. Аммо китобхонӣ бояд як шуғли ҳамешагии ман гардад.
- Дар даври вилоятӣ соҳиби чанд хол гардидӣ?
- Дар даври ноҳиявӣ бо гирифтани 95 хол сазовори ҷои аввал ва вилоятӣ ҷои 2-юм шудам. Худамро дар номинатсияи «Хондану аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон» санҷидам. Бароям ҷолиб буд, ки тафовути байни адибонамон ва адибони ҷаҳонро бифаҳмам. Пас аз мутолиаи зиёд ба ин ҳақиқат расидам, ки нависандагону шоирони Ғарб, бахусус Ҳёте, Виктор Ҳугу аз Саъдиву Ҳофизу Бедил илҳом гирифтанд.
- Аз мутолеоте, ки доштӣ, кадом асар ё адибро бештар писандидӣ?
- «Тим Талер ё Хандаи фурӯхташуда» -и Ҷеймс Крус ва романи «Ҷейн Эйр» аз Шарлота Бронтеро. Аз адибони тоҷик Садриддин Айниро дўст медорам. Чингиз Айтматовро низ бисёр мехонам, зеро аз ҷиҳати обуранги бадеӣ ба осори устод Айнӣ монандӣ дорад.
- Аз хонаводаатон каси дигаре ҳам дар ин озмун ширкат мекунад?
- Бале. Ду хоҳарам Назарова Насиба хонандаи синфи 5 ва Назарова Фароғат хонандаи синфи 9 дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти бачагона» дар даври ноҳиявӣ буданд. Онҳо 220-250 китоб мутолиа кардаанд. Азбаски бори аввал дар чунин озмунҳо ширкат мекарданд, ҳаяҷонзада шуданд. Аз ин рў ба даври ниҳоӣ роҳ наёфтанд. Бо ин вуҷуд руҳафтода нашуданд, талош доранд соли дигар довталаб шаванд.
- Шумораи китобҳои хондаат ба чанд расидааст?
- Аз адабиёти тоҷик бештар ва адибони олам беш аз 200 асар хондаам ва зиёда аз 4000 мисраъ шеър медонам. Зеро дар олимпиадаҳои зиёд иштирок мекунам, иншо менависам, шеърҳоро таҳлил мекунам. Бояд бисёр хонам. Донандаи забони англисиву русиям.
Суҳбати Раҳима Аъзам,
шўъбаи тарғиб ва чорабиниҳои фарҳангӣ.